Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Ман аз роҳ баргашта, ба хонаи арбоби деҳа шитофтам.
– Ба андешаи шумо, дар қаламрави деҳаатон чанд адад дарахтони хушкшуда мавҷуд ҳаст? – пурсидам аз арбоби деҳа. – Оё шумо ба мо имкон медиҳед, ки онҳоро бе пул гирифта барем? – Агар шумо онҳоро ба қалъа худатон биёред, ман барои ҳар як дарахти хушкшуда якчанд ниҳоли сабзи ҷавон медиҳам.
Мӯйсафеди зирак баъди дар зеҳнаш ҳисоб кардани он ки ин одами ношинос ба аҳли деҳа чӣ манфиате оварда метавонад, табассум намуд. Ӯ ба онҳо дар бораи пешниҳоди ман нақл кард ва деҳқонон бо ҷону дил ҳезумҳоро рост ба қалъа меоварданд. Дере нагузашта княз Нобунага маро ба назди худ даъват кард.
– То ҷое, ки мефаҳмам, ту тарзи нави захира кардани ҳезумро фикр карда баровардӣ, – пурсид вай.
– Бале, ҷанобам, – ҷавоб додам ман. – Таҳвили мустақими ҳезум ба қалъаи Киёсу бароямон ягон арзише нахоҳад дошт. Вале барои ниҳолҳои ҷавон пул додан зарур мешавад.
Аз рӯйи ифодаи ҷеҳраи княз Нобунагӣ ман метавонистам гӯям, ки вай дар бораи чӣ фикр мекунад: “Ин одам аз дигар хизматгорони ман фарқ мекунад”.
Агар шумо саъю кӯшиш доред, сарвар шавед, “асрори тафовут”:–ро аз худ кунед, хоҳиши фарқ кардан дар дил мепарваред, маҳорати табииатонро истифода баред.
Манфиатҳои худро ба манфиатҳои сарвар тобеъ намоед Аз ҳама нобакори ашадӣ дар таърихи қабилаи Ода яке аз тавонотарин ҷанговар Митсухидэ1 буд. Як замоне мо бо ӯ бародари ҳамяроқ будем, ҳозир ман ҳатто ба номи вай лаънат мехонам.
Митсухидэ, ба мисли ман, вассали княз Нобунага буд ва бо ҳамин монандии мо анҷом меёфт. Митсухидэ маълумоти хеле хуб гирифта буд ва аз донишмандии худ ифтихор дошт. Вай иштибоҳотро намебахшид ва хеле кам зарофатгӯйи худро намоиш медод. Коршиноси соҳаи санъати ҷангӣ Митсухидэ доимо барои такмил додани маҳорати худаш ғамхорӣ мекард ва мувофиқи мақсад барои ба даст овардани он кӯшишу ғайрат мекард.
Дар муқоиса бо ӯ ман дағал, одами камсаводи ҷоҳил ба назар мерасидам. Ман бо омодагии яксон бо шухиҳои худ асилзодаҳо ва намояндагони табақаҳои поёнии ҷамъиятро хурсанд мекардам. Ҳамчун аскар ман боиси ханда ва истеҳзои дигарон будам. Аммо ба ҷойи он ки бо роҳи худтакмилдиҳӣ шӯҳратро ба даст оварам, ҳаёти худро ба хидмати сарвари худ бахшидам.
1. Дар ин ҷо нуқтаи назари Хидэйошӣ пешниҳод карда мешавад. Бархе муаррихон рафтори Мисухидеро якранг баҳо намедиҳанд.
Барои мисол, ҳамин ки ман хизматгори княз Нобунага шудам, дафъатан омӯзиши кордиҳандаи нави худро оғоз кардам. Ҳар як амали вай барои ман намунаи ибрат буд ва кӯшиш мекардам аз онҳо барои худ дарси судманд бигирам. Бо он ҷидду ҷаҳди аз ҳад зиёд, ки ман кӯшиш мекардам ҷанобро дарк намоям, бароям имкон дод, ки ба таври пурра хулқу атвор, ҳусни таваҷҷӯҳ ва ҳисси нафрати ӯро омӯзам. Ва ҳар қадар, ки ман ӯро бештар мешинохтам, вафодории ман нисбат ба вай ҳамоно зиёдтар мегашт.
“Ҳамлаи обӣ”-и машҳури қалъаи Такаматсу дар соли 1582 амиқии вафодории маро нишон дод. Дар ҷараёни муҳосира ба сарам фикри ҷудо кардани ҳимоятгарони қалъа аз таъминкунандагони озуқаворӣ ва мадади ҳарбии иттифоқчиён омад. Дар натиҷа ҷараёни оби дарёи наздиктарин дигар карда шуда, калъа ва заминҳои гирду атрофро зери об кард. Ин санъати ҷанг мағлубшавии Такаматсуро таъмин кард, вале ба ҷойи он ки шахсан қалъаро ғасб намоям, ба княз Нобунага пайғом фиристода, пешниҳод кардам, ки ба ҷойи муҳориба ҳозир шуда, роҳбарии артишро ба ӯҳда бигирад ва ғолибиятро ба номи худ сабт намояд. Ман усули аз ҳама боэътимоди муваффақ шудан ба пешравиро аз худ кардам. Яке аз роҳҳояш ин аст: ончунон ғамхорӣ бояд кард, ки ҷанобат дар ҳама ҳолат хуб ба назар расад.
Ҳамзамон, Митсухидэ манфиатҳои сарвари худро қурбонии ғурури хеш кард. Вақте ман муҳосираи Такаматсуро идома медодам, княз Нобунага ба Митсухидэ ва сездаҳ генерали худ фармони ҳамла ба дигар қалъаҳоро равон кард. Тибқи анъана, номи Митсухидэ ба ҳайси номдору ашрофзода дар ҳуҷҷат дар ҷойи аввал меистод, аммо бо кадом сабабе дар мобайни рӯйхат ҷойгир карда шудааст.
Аз ин пештар ҳам аллакай дар байни вай ва княз Нобунага чунин ихтилофоти тезутунд ба миён омада буданд, аммо акнун ин ҳодисаи тасодуфиро таҳқири шахсӣ шуморида, онро қатраи охир дар паймонаи пур аз об ҳисоб кард. Ӯ мухолифи фармон амал карда, ба сӯйи Киото равон шуд ва дар он ҷо хиёнаткорона ҷаноби моро ба ҳалокат расонид ва баъд аз ин кӯшиш кард худро сёгун эълон намояд.
Ин хиёнати маккорона мамлакатро ба ларзиш овард ва боиси бесарусомониҳо дар хонаи Ода гардид, вале ман ҳушёрию солимии ақлро нигоҳ доштам ва қасам ёд кардам, ки қасос мегирам. Ман фавран бо душманон сулҳи муваққатӣ бастам ва баъд аз ин бо юриши босуръат қушунҳои худро ба ҷанги зидди Митсухудэ бурдам ва қувваҳои вайро торумор кардам. Дар охири муҳориба Митсухудэ аз майдони ҷанг фирор кард ва аз ҷониби гурӯҳи деҳқонон бо шамшер пора–пора карда шуд.
Баъдтар ман шуморо ба таври муфассал бо “юриши ҷаҳиши бузургтарин”, ки бо мақсади қасос гирифтан барои куштори княз Нобунага ва ҳамчунин бо он ки чӣ гуна ҳодисаҳои минбаъда маро ҳокими олии кишвар карданд, шинос менамоям. Ҳоли ҳозир бошад, “асрори хизмат кардан”: манфиатҳои худро ба манфиатҳои сарвар тобеъ намоедро дар хотир нигоҳ доред.
Биниш ва интихоб Вақте ман ҷавон ва соддалавҳ будам, фикр мекардам, ки сарварон – ин одамоне ҳастанд, ки доимо қарорҳои дуруст қабул мекунанд. Вале тавре таҷрибаи зиндагӣ нишон дод, ҳатто сарварони бузург низ дар ин ҷода ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Ин лаҳза ман ҳақиқатро дарёфтам: сарварони бузург метавонанд ба иштибоҳ роҳ диҳанд, вале онҳо ба дурустии мақсади ниҳоӣ шубҳа надоранд. Диди возеҳ ва дурусти оянда, ки метавонад ба қалби пайравон умедворӣ ва боварӣ ҷойгир намояд, хислати фарқкунандаи сарварони асил ба шумор меравад. Эътимоди княз Нобунага ба зарурияти мутаҳид сохтани Ҷопон, ба табдил ёфтани вай аз феодали оддӣ ба сюзерени олӣ, аз мудири даҳҳо нафар ба фармонравоӣ миллионҳо нафар мусоидат намуд.
Возеҳӣ ва кувваи ин биниш барои ноил шудан ба қуллаҳои ҳокимият ба ман кумак карданд.
Дар хотир дошта бошед: одамоне, ки шумо барои пуштибонӣ интихоб мекунед, ба маҳруки ҳаётатон назар ба коре, ки қарор додаед ҳастии худро бахшед, таъсире бештар мерасонанд. Моил будан ба аз ҳад зиёд нишон додани моҳияти кор ва камарзиш шумурдани аҳамияти одамон хоси ҷавонон аст. Бароятон маслиҳат медиҳам, ки ба чӣ кор машғул буданатон кам аҳамият диҳед ва бештар ба он диққати худро ҷалб намоед, ки ба кӣ хизмат мекунед.
Ман сарвари Ода Нобунагаро интихоб кардам. Шумо киро интихоб мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё