Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН КОРИ ИМКОННОПАЗИРРО ИҶРО КАРД

Ман ба мавҷуд будани амали “ғайриимкон” бовар надорам. Дар тӯли ҳаёти худ маҷбур шудам бисёр, аз назари аввал, корҳои ғайримумкинро анҷом диҳам. Акнун ман метавонам бигӯям, ки вазифаи асосии ҳар як сарвар, – ин амали ғайримумкинро имконпазир кардан аст. Вале чӣ тавр?

Барои иҷрои ҳар як супориш бо устувории қатъӣ муносибат намоед Ман маҳз барои он тавонистам ба бисёр чиз ё дастовард ноил шавам, зеро аз қабул ва амалӣ сохтани қарорҳои худ наметарсидам. Ман ҳамеша ҳамин гуна амал мекардам, гӯё аз иҷрои бомуваффақияти супориши ҷорӣ тамоми ҳаёти ман вобаста бошад, – ва гоҳо чунин рӯй медод!

Барои он ки ба чизе ё дастоварде ноил шавӣ, боварии қатъӣ зарур аст. Одамон ба зудӣ сабабҳоеро, ки душвориро ба монеаи бартарафнашаванда мубаддал мегардонад, пайдо мекунанд. Онҳо худро бо он бовар мекунонанд, ки масоили дар назди онҳо истода, ниҳоят мушкил мебошад ва комёбӣ номумкин аст. Охир, чӣ зарурате аст, ки дар оғози кор мавқеи маъюсиро ишғол намоӣ? Беҳтар он нест, ки ба ҷойи ин дар бораи чӣ гуна ба мақсад расидан, андеша кунӣ?

Устувории қатъӣ иродаро обутоб дода, онро ба дос, ки метавонад ҳама гуна монеаҳои сари роҳро даравида партояд, мубаддал мегардонад. Сарварони бузург бовар доранд, ки ҳама корро анҷом дода метавонанд. Ин аст “асрори далерӣ“: барои иҷрои ҳар як супориш бо устувории қатъӣ муносибат намоед.

Кӯшиш кунед сарвар бошед, на сардор Одаме, ки аз шумо тарсу ҳарос дорад, фармонҳоро иҷро мекунад, вале ҳеҷ гоҳ вафодор намешавад. Инро дар хотир дошта бошед: агар шумо худро аз кормандонатон баландтар мегузоред, ҳамин ки тақдир аз шумо рӯй гардонад, онҳо низ айнан ҳамин амалро анҷом медиҳанд.

Одамоне, ки ман аз паси худ бурдам, агар хоҳиш мекардам, ҳатто розӣ буданд, аз дарвозаи дузах гузашта раванд.

Аммо агар ман бо онҳо бо нафрат муносибат мекардам, дар аввалин имконият аз ман фирор менамуданд ва дуруст ҳам мекарданд.

Агар шумо бо пайравонатон ҳамчун узви дастаи баробар муносибат намоеду онҳоро идора кунед ва бо кувваи биниши худ рӯҳбаланд созед, аз ӯҳдаи ҳама гуна монеаи ба назари аввал рафънашаванда, мебароед. Ман инро вақте фаҳмидам, ки княз Нобунага фармони барқарор кардани девори қалъаи Киёсуро бароям дода буд.

Вақте ба қаламрави заминҳои княз Нобунага қувваҳои пуриқтидори Ёсимото, раҳнамои қабилаи Имагава ва ҳокими вилоятҳои соҳилҳои шарқӣ ҳуҷум кард, ман бисту як сол доштам. Ҳамон сол тӯфонҳои шадид як қисми девори сесадметраи сангин ва заминҳоеро, ки қалъаи Киёсу дар иҳотаи он қарор дошт ва қароргоҳи мо дар дохили он ҷойгир буд, вайрон кард. Агар қушунҳои Ёсимото то анҷом ёфтани таъмири девор ба қалъа наздик мешуданд, метавонистанд ҳамаи моро мисли рамаи гӯсфандон сар зананд.

Княз Нобунага барои ҳарчӣ зудтар анҷом додани барқароркунии девор панҷсад нафар ҷудо намуд. Бо вуҷуди ин, вақт гузашта истода буд, вале кор пеш намерафт. Ба андешаи вассалҳои калонсол, ҷосуси фиристодаи Ёсимота барои он ки корҳои барқароркунии девор тӯл кашанд, як қисми коргаронро бо додани пора ба тарафи худ моил кардааст. Княз Нобунагаи бағазабомада сардори сохтмонро ба наздаш даъват намуда, аз вай сабабҳои таъхирёбии корҳоро талаб намуд, вале ӯ ба таври нафаҳмо худро сафед карда, тамоми гуноҳро ба зердастони худ бор кард.

Баъди бозгашт ба коргоҳи сохмонӣ, сардор кормандонро ба беақлӣ ва танбалӣ гунаҳгор кард. Онҳо баъди шунидани сели маломат суръати корро аз пештара дида, сусттар карданд. Сардор чӯберо ба даст гирифта, бо доду фарёд, адабатро медиҳам гуфта, аз қафои корманди дар наздашбуда медавад, вале он коргар, ки ниҳоят чусту чолок буд, тез ғайб мезанад сардори бечора бошад, аз хастагӣ ба зудӣ нафастанг мегардад.

То ин вақт ман ҳатто унвони аскари пиёдаро соҳиб нашуда будам. Сарфи назар ба дастовардҳои муайян дар самти кам кардани харҷи сӯзишворӣ, ман расман ҳанӯз хизматгори оддӣ ба ҳисоб мерафтам. Бинобар ин, бароям иҷозат дода намешуд, ки дар ҳалли проблемаҳои идоракунӣ иштирок намоям, дар бораи ибрози андеша оид ба масъалаҳои стратегӣ, ҳоҷати гап ҳам нест.

Бо вуҷуди ин, ман ғайрирасмӣ нақша доштам тамоми корҳои аз ман вобастабударо анҷом диҳам, то ки ба княз Нобунага дар муттаҳид сохтани Ҷопон ва хотима бахшидан ба асри ҷангҳо кумак расонам.

Таҳти садоҳои тақ-тақи болғаҳо, ки дар гирду атроф паҳн шуда буданд, княз Нобунага савори аспи худ қад-қади девори қалъа гаштугузор дошт ва рафти корҳои сохтмониро назорат мекард. Ба зӯр роҳ рафтани коргаронро дар дохили ҷангал дида, хашму ғазабаш авҷ гирифт.

– Сабил монад! Онҳо ҳатто аз чор як қисми корро иҷро накардаанд!

– Тарс аз он дорам, ки ин кор аз биниамон набарояд, махсусан дар чунин замони ноором, – ғур-ғур кардам ман.

– Бо чунин деворе, ки мо дорем, Ёсимото метавонад ҳатто пагоҳ қалъаро забт намояд.

– Маймун, каме пештар ту чӣ ғулдур– ғулдур карда гуфтӣ? – мароқ зоҳир кард княз Нобунага.

Ман ҷаҳида пеш гузашта, таъзими паст кардам ва интизори шаллоқи сахт шудам. Дар он замон аксар вақт ман забону даҳони худро хомӯшу пӯшида нигоҳ дошта наметавонистам.

– Канӣ такрор кун! – фармон дод княз Нобунага.

Барои густохии худ узр хоста, суханони пештар гуфтаамро такрор намудам ва баъд аз ин мулоҳизаҳои хешро оид ба чӣ гуна беҳтар кардани барқарорсозии девор баён кардам.

– Корҳои бузург, – гуфтам ман, – ҳеҷ гоҳ бе рӯҳбаландии маънавӣ амалӣ намешаванд; ба ҷойи одамонро бо додани ҷазо таҳдид кардан, шояд беҳтар аст, ки ба коргарон вақти истироҳат дода, бо обу ғизои хуб таъмин намуда, илова ба музди рӯзбайъ барои пеш аз муҳлат анҷом додани корҳо мукофот ваъда карда шавад?

– Яъне, ту фикр мекунӣ, ки метавонӣ корро беҳтар ба роҳ монӣ, – ғур-ғур кард княз Нобунага. – Аҷиб, чӣ гуна ту ин корро анҷом медиҳӣ. Хайр, майлаш, дар ҳама ҳолат, бадтар наҳоҳад буд! Мо нуқтаи назари туро дар давоми се рӯз санҷида мебинем ва агар ба чизе ноил нашавӣ, калтаки усто бароят ҷазои аз ҳама сабук хоҳад буд.

Ӯ бо ишора фаҳмонид, ки сӯҳбат анҷом ёфт ва аспро маҳмез зада, қалъаро тарк кард.

Баданамро арақи сард фаро гирифт. Вақте ки густохона ба кордиҳандаи худ чӣ гуна ҳарчӣ тезтар анҷом додани корро тавсия додам, тақдири худро ба гарав мондам. Ноомади кор ба ман ҳадди аққал ҷазо бо калтак ва ё аз он бадтарро таҳдид мекард. Дар гузашта истифодаи амалҳои қатъӣ бароям фоида овардаанд. Оё он бори дигар такрор хоҳад шуд?

Баъди баргаштан ба манзили худ, ман тамоми шаб дар бораи супориши додашуда, фикр кардам. Дар ниҳояти кор бо қаламу коғаз мусаллаҳ шуда, нақшаи муфассали таҷдиди деворро тартиб додам ва чӣ гуна рӯҳбаланд кардани коргарони беташаббусро фикр карда баромадам.

Рӯзи дигар ҳамаи панҷсад коргарон дар назди девор ҷамъ шуданд. Одамоне, ки ба меҳнати сангин одат кардаанд, онҳо дар зиндагӣ мушкилоти зиёдеро дидаанд ва бо тарзи гуфтору рафтори назокатона фарқ намекарданд. Аз рӯйи қиёфаи тираи онҳо равшан буд, ки коргарон сарзаниши навбатиро барои таъхир андохтани корҳо интизор буданд. Аз вазифа озод кардани сардори сохтмон ва ба ҷойи вай таъин намудани ин хизматгори лоғар, Хидэёсӣ, ноумедии онҳоро дучанд кард.

– Барои чӣ ин тоифаро ба мо сардор таъин кардаанд?

– коргарон дар байни худ сӯҳбат мекарданду норозигии ошкори худро баён менамуданд.

Княз Нобунага барои анҷоми кор ба ман ҳамагӣ се рӯз муҳлат дод, вале тамоми рӯзи якумро ман танҳо ба ду чиз бахшидам: шинос кардани одамон бо нақшаи корҳои дарпешистода ва ташкили зиёфат барои тамоми дастаи корӣ. Дар ҷараёни пешниҳоди дастур диққати асосиро ман ба сабабҳои шитобкорӣ дар барқароркунии девор равона сохтам.

– Тавре шумо медонед, дар кадом замони хатарнок мо зиндагӣ мекунем, – ба болои саҳни тахтагини омодакарда баромада, фарёд кардам. Ба қади паст нигоҳ накарда, ман медонам чӣ кор кунам, ки маро шунаванд.

– Хабар дар бораи он ки як девори қалъаи мо ва як қисми садди қалъа фурӯ рафтааст, бешубҳа, ба гӯшҳои душманон расидааст. Агар имрӯз ба хоки мо ҳамла мекарданд, мо наметавонистем қалъаро ҳимоя намоем, тамоми онҳое, ки дар Киёсу қарор доранд, аз ҷумла шумо ва оилаҳои шумо ба марги ногузир маҳкум мешуданд. Ана барои ҳамин мо бояд ҳарчӣ зудтар ин корҳоро анҷом диҳем!

Ман нақшаи қалъаро ба ду симчуб овезон карда, чӣ гуна анҷом додани корҳоро муфассал фаҳмонидам. Барои анҷом додани ҷараёни корҳо, ман панҷсад коргаронро ба даҳ бригада, ки бояд бо ҳамдигар мусобиқа намоянд, тақсим кардам.

– Ба ҳар узви бригада, ки аз ҳама дида, тезтар кор мекунад, княз Нобунага илова ба музди рӯзбайъ – мукофот ба андозаи панҷсад тангаи мисин муқаррар кардааст, – эълон намудам ман. Ба ғайр аз суръати иҷрои корҳо ҳамчунин ба сифати онҳо баҳо дода мешавад. Кори бепарвоёна ба амали ҷосуси душман баробар карда шуда, ҷазои сахт дода мешавад.

Бо ишораи ман гурӯҳи аскарони пиёда сандуқи вазнинро, ки бо тангаҳои мисин пур карда шуда буд, бароварда, ба зӯр ба болои чалаки чӯбин гузоштанд.

– Дар бораи ин чӣ андеша доред? – садоямро баланд карда гуфтам ва дастонамро ба даруни сандуқ дароварда, имкон додам, ки тангаҳо ҳангоми аз байни панҷаҳо шориданашон, садо бароранд. – Кӣ мехоҳад сазовори мукофот шавад?

Дар издиҳоми коргарон ҳайҳуйи баланд барангехта шуд.

– Ман медонам, ки шумо чӣ гуна бо ҷидду ҷаҳд кор кардед, бинобар ин, вақти боқимондаи рӯз метавонед истироҳат кунед, – идома додам ман. – Княз Нобунага барои шумо ғизо ва нӯшокии зиёд ҷудо кард, бинобар ин, метавонед меъдаҳои худро пур намоед!

Ин суханон бо нидоҳои таҳсин пешвоз гирифта шуданд ва чунин қабули хуш имкон дод, ки дастуру маслиҳат дар фазои рӯҳбаландии умумӣ анҷом ёбад. Бо вуҷуди он ки вақт аз нисфирӯзӣ гузашта бошад, ҳам фармудам тантанаро оғоз намоянд ва худам дар байни коргарон, ки аз рӯйи қад базӯр то китфи аксари онҳо баробар мешудам, гаштугузор намуда, даъват карда, гуфтам, ки ҳар қадар дилашон мехоҳад аз ғизою нӯшокиҳо истеъмол намоянд.

Аз ҳамин лаҳза онҳо маро бо диди дигар қабул карданд. То ин субҳ коргарон маро фақат хушомадгӯй княз Нобунага ҳисоб мекарданд. Вале акнун онҳо дар симои ман сарварро диданд, ки худро бо онҳо баробар медонист ва кӯшиш ҳам намекард, ки бартарияти худро нишон диҳад.

Сардори пешинаашон бошад, фақат дашном мекард, дастур медод ва таҳдиди ҷазо менамуд; бо тафовут аз вай ман барои ба таври осонфаҳм шарҳ додани мақсади кор ва муфассал баён намудани нақшаи амал вақтро дареғ намедоштам. Ман бо ин одамон ҳамчун шахсони ҳамвазн муроҷиат мекардам ва фикр мекардам, ки онҳо сазовори шарҳу эзоҳ ва ҳамчунин мукофоти иловагӣ барои анҷом додани кори хуб мебошанд. Агар сарвар мехоҳад, ки барои ба даст овардани мақсад одамонро рӯҳбаланд намояд, ӯ бояд ба онҳо манзараи диди худро тасвир намояд.

Дар қисмати боқимондаи рӯз ба ҷуз нӯшидан, хандидан ва суруд хондан дигар коре накардем. Ман бо коргарон чақ-чақ карда, ба онҳо сакэ мерехтам, барояшон ғизо пешниҳод мекардам ва аз ҳамаашон даъват ба амал овардам, ки тамоми қувваро барои кори пагоҳ равона созанд. Баъди пур кардани қадаҳҳои онҳо, чанд маротиба дар мавзӯи хиёнаткорӣ сӯҳбат намудам, кӯшиш кардам баланд ҳарф занам, то ки ҳама шунаванд.

– Княз Нобунага хуб медонад, ки ба қалъаи Киёсу ҷосусҳо ворид шудаанд. Агар шумо хуб кор кунед, вай гуноҳҳоятон мебахшад. Вале онҳое, ки коргурезӣ мекунанд, ҳамчун душманони қабилаи Ода сари худро аз даст медиҳанд.

Сарфи назар аз он ки коргарон баъди нӯшидани сакэ ширакайф шуда, ақлашон тира гашта буд, маънои гуфтаҳои болоро хуб дарк карданд.

Ман аз маҳорати роҳбарӣ кардани бригадаҳои коргарон ифтихор мекунам. Бисёре аз сардорон бидуни дарк кардани амали хеш, ба зердастони худ аз боло ба поён нигоҳ карда, доимо бартарияти худро ба онҳо хотиррасон менамоянд. Чунин муносибат ҳисси озурдагиро зинда карда, аксуламали манфиро ба вуҷуд меорад. Ман барои коргарони худ роҳбари сахтгир будам, вале ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекардам, худро аз онҳо баландтар гузорам. Ба ҷойи ин, ман бо онҳо ҳамчун дустони ҷонӣ зиндагӣ мекардам.

Вақте рӯзи дигар коргарон дар майдони сохтмон пайдо шуданд, ман аллакай дар паҳлӯи сандуқи чӯбини пур аз тангаҳо истода будам.

– Мукофот ғолибонро интизор аст. Ҳама аз пайи кор!

– бо овози баланд даъват кардам ман.

Он чизе, ки баъд аз ин ба амал омад, ҳатто маро ҳам ҳайрон кард. Одамон ягон дақиқаро аз даст надода, бо рӯҳбаландии бузург аҳлона ба кор часпиданд. Кор ҷӯшида рафт. Майдони сохтмон аз ҷойи кори вазнини якранг дида, бештар ба майдони варзиш монанд шуда буд. Ҳар як одам тамоми диққатро ба иҷрои ӯҳдадориҳояш равона карда буд.

Либоси оддии коргариро ба бар карда, аз як бригада ба бригадаи дигар мегузаштам ва коргаронро ба сарфи кӯшишу ғайрати бештар даъват мекардам. Ба туфайли кӯшишҳои фидокоронаи онҳо, мо тавонистем барқарорсозии истеҳкомро ҳамагӣ дар муддати се рӯз, бо назардошти рӯзе, ки ба таҷлили ид сарф шуда буд, ба анҷом расонем!

Баъд аз он, ки таъмири девор бомуваффақият анҷом ёфт, ба аъзои бригадаи ғолиб мукофотро супоридам ва шахсан ба ҳар яки онҳо миннатдорӣ баён намудам.

Баъди баргаштан ба қалъа ва дидани он ки корҳои барқарорсозӣ анҷом ёфтаанд, княз Нобунага ба чашмони худ бовар накард. Ӯ нигоҳашро ба ҷониби ман нигаронид ва табассуми камнамо чеҳрааш пурнур кард.

– Корро хуб анҷом додӣ, Маймун.

Аз таърифи сарвар хушҳол гашта, таъзим намудам.

Бароям маълум буд, ки ӯ ба таври арзанда истеъдодҳои маро баҳо дод ва чунин андеша кард: “Хидэёсӣ одамест, ки қодир аст ҳама корро иҷро намояд.“ Барои корнамоӣ дар мансаби сардори сохтмон, ман дар ниҳояти кор вазифаам ба дараҷаи аскари пиёдагард баланд бардошта шуд. Ба ман муяссар гашт, ки аввалин қадамро дар ҷодаи расидан ба қуллаҳои сарварӣ гузорам.

Оё Шумо фаҳмидед, ки “асрори ба даст овардани пайравони вафодор дар чист”: кӯшиш кунед сарвар бошед, на сардор.

Шабакаи шиносоии шахсиро васеъ намоед Дар қитъаи замине, ки чизе корида нашудааст, ягон чиз намерӯяд. Пурқувваттарин дарахти булут ба чангу ғубор мубаддал мегардад, агар замин бо шираи худ онро ғизо надиҳад. Онҳое, ки дар ҷодаи баромадан ба қуллаҳои сарварӣ маҷбуред бо эшон сару кор дошта бошед, аз охирин аскари пиёда сар карда, то амалдори пуриқтидор – ин заминаест, ки дар он маснади шумо мисли гул мешукуфад (ё хушк гашта, нобуд мешавад). Муносибати худро бо одамоне, ки дар роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ вомехӯред ва ба шумо кумак мекунанд, беҳтар намоед.

Моҳияти робитаҳои шахсиро ман дар ҷараёни сохтмони қалъачаи Суномата дарк кардам. Бори дигар ман натавонистам забони тези худро нигоҳ дорам, аммо ин дафъа дар сурати нокомӣ дар кор ҳам забон ҳам сари худро аз даст медодам.

Соли 1566 княз Нобунага ба вилояти ҳамсоя Мино ҷангро шурӯъ кард, вале бо муқовимати сахти онҳо рӯ ба рӯ шуд. Ӯ қарор дод, ки ягона воситаи ба даст овардани ғалаба – ин бунёди қалъа дар Суномата мебошад.

Деҳаи Суномата дар сарҳади вилоятҳои Оварӣ ва Мино, дар минтақаи ботлоқзор, ки се дарё ба ҳам мерезанд, воқеъ гардидааст. Ин беҳтарин мавзеъ ба шумор мерафт ва аз ин ҷо ба вилояти Мино ҳуҷум оғоз кардан мумкин буд.

Ягона мушкилот дар он буд, ки деҳа дар қаламрави душман қарор дошт.

Княз Нобунага ду маротиба ба генералҳои худ фармон дод, ки қалъа созанд, вале ҳарду дафъа ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар ҷараёни ақиб зада рондани ҳуҷуми душман онҳо он қадар одамонро аз даст доданд, ки замини гирду атрофи майдони сохтмон аз рехтани хуни одамон сурх шуда буд. Княз Нобунага вассалҳои худро ҷамъ карда, эълон кард, ки мехоҳад кӯшиши сеюмро барои сохтмони қалъа оғоз намояд, вале хоҳишмандони амалӣ намудани ин ният пайдо нашуданд. Чунин беҷуръатӣ ба княз маъқул нашуд.

пешина
аз 30
навбатӣ