Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Мошоба Дар дег пиёздоғ карда, мошро дар об мепазанд. Баъд мувофиқи табъ сабзӣ, шалғам, каду меандозанд. Дар баъзе ноҳияҳо угрои майда буридашуда низ ҳамроҳ мекунанд, ки моштӯппа ном дорад. Мошобаро бо гӯшт, ғелак, ӯмоч низ мепазанд.

Диктанти шунавоӣ Тезгӯякҳо Гуллола рӯи санг гирифт, Гелоси саврӣ ранг гирифт.

Зарди баланди заъфарон, Бар саллаҳои қоқувон.

Ранги бунафши дилкушо, Бар савсани гулзори мо.

Лойхӯрак Дарозии тани лойхӯракҳо аз 14 то 62 сантиметр мешавад.

Пойҳояш дароз, ангуштонаш баъзан байни ҳам бо парда пайваста шудаанд. Болҳои дарозу камбар, думи кӯтоҳ, нӯли тези росту каҷ, парҳои зич ва хираранг доранд. Онҳо дар ҷойҳои кушод, соҳили баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дашт зиндагӣ мекунанд.

Хӯрокашон бемӯҳраҳои хурди обӣ ва хушкигард аст.(53 калима) Диктанти таъкидӣ Харгӯши холдор Харгӯши холдори ман, Зираку ҳушёраки ман.

Пӯстини нарм дорӣ ба бар, Телпаки гарм дорӣ ба сар.

Мӯи лабат аҷаб дароз, Чашмаки ту шӯху ба ноз.

Баҳри ту орам ҳар саҳар, Барги карам, сабзии тар.

Биё, барам саҳро туро, Бо бузаконам ба чаро.

Чаро бикун, калон бишав, Ба рӯи сабзаҳо бидав.

Харгӯши холдораки ман, Зираку ҳушёраки ман!

Нӯъмон Розиқ Адади предметҳо Диктанти луғат Якто, панҷто, панҷум, ҳаштум, бисту панҷ, ҳазор.

Диктанти интихобӣ Танбал Танбал ду-се бел зад, Рӯи сабза ғел зад.

Гуфто: чӣ хуб ғелзанӣ, Сонӣ кунам белзанӣ.

Ғелиду зуд хобаш бурд, Ҳай хобаки бобаш бурд.

Бедор шуд, ки шом аст, Як рӯзи ӯ тамом аст.

Маҳбуба Неъматзода Диктанти эҷодӣ 1. Мо … сар гӯсфанд дорем. 2. Дар болои миз … табақча гузоштем. 3. Аз … гул гулдаста сохт. 4…. нафар писарон футболбозӣ карданд. 5. Як ҳафта аз … рӯз иборат аст.

6. Бародарам дар синфи … мехонад. 7. Мактаби мо … ош¸на аст.

Диктанти аз ёд навиштан Чистон Як суфча, панҷ бибича. (Дасту панҷа) Худаш якта, Чашмаш садта. (Ғалбер) Ду ҷонишин агар, Ҳамроҳ кунем бо маром.

Ҳарду мешавад як исм, Мехӯрем як хел таом. (Манту) Тезгӯяк Шариф шасто шамъ афрӯхт, Шашто шамъи Шариф сӯхт.

Ҷонишин 1. Ман бехабар мондам. 2. Ту бачаи чобуку доно ҳастӣ. 3.

Вай зӯру нотарс буд. 4. Мо некии шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. 5 Онҳо бештар асабӣ шуданд. 6. Ӯро дида Самад далер шуд. 7. Сӯҳбати онҳоро Ҳасан вайрон кард.

8. Онҳо чунон баланд-баланд механдиданд, ки ҳатто паррандаю чаррандагони дар атроф буда, паридаю гурехта рафтанд. 9.

Онҳо гӯё гунгу кару лол шуда буданд.

Супориш. Аз таркиби ҷумлаҳо ҷонишинҳоро муайян карда, ба дафтар нависед.

Ёридиҳандаҳо Пешоянди ба Диктанти таъкидӣ ... кӯрпаат нигоҳ карда пой дароз кун.

... таги коса нимкоса.

... ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо пешоянди мувофиқро гузошта, зарбулмасалҳоро хонед.

Диктанти интихобӣ 1. Ду ҷӯра бо димоғи сӯхта ба хона бармегаштанд. 2.

Хониши вай ба дили роҳгузарон ғулғула менадозад. 3. Ба шунидани нолаи ҳазини аз дуродур ояндаи шонсарак Маҳбуба ҳаргиз тоқат надорад. 4. Дугонаҳо ба ҳамдигар хушнудона нигоҳ карданд.

Диктанти санҷишӣ Бародари рассомаш Дасташ ба дасташ нарасида ба кор шурӯъ намуд.

Додарчааш зеҳн монда меистод. Бо нӯги қалами бародараш иморатҳои бисёрошёна сохта мешуданд. Баъд вай ба гулҳои рӯи ҳавлӣ, ниҳолҳо, куртаҳои дар тор овезон, айвон, болохона, ба дудбарои бом, ба ҳaма чизҳои дар атрофаш буда як-як назар афканд. Бо гузаштани андак вақт бародари рассомаш расми ҳамаи ҳамон чизҳоро кашид. (59 калима) Ҳасану Ҳусейн Ҳасан бо ҳайрати тамом ба кор шурӯъ намуд. Ҳусейн аз ҷояш намеҷунбид. Баъд як дам рост истодан ба дилаш зад магар, ки диккак нишаста гирифт. Боди сард ду бари рӯяшро нофармон кард. Сонӣ тамоми вуҷудаш хунук хӯрд. Дастонашро ба кисааш тиққонда, гиребони палтояшро бардошт. Ҳеч гарм намешуд. Гӯё вараҷаи сахте гирифта бошад, дарақ-дарақ меларзид. Ҳасан хурӯс барин суп-сурх шуда ғӯзапоя мекашид.

(67 калима) Пешоянди аз Диктанти биноӣ 1. Аз гирду атроф паррандаю даррандаҳо мегурехтанд. 2.

Аз чор сӯ одамон омадан гирифтанд. 3. Аз буттазор хониши мурғони гуногун шунида мешавад.

Диктанти эҷодӣ ... як даст садо намебарояд.

... гунҷишк дарсӣ арзан макор.

Супориш. Ба ҷoи нуқтаҳо пешоянди аз-ро гузошта, зарбулмасалҳоро хонед.

Диктанти санҷишӣ Нафиса Нафиса пеш аз субҳ бедор шуд. Дилашро ваҳм зер мекард.

Аз тарс укаашро сахт оғӯш мекарду боз ба равшании тиреза менигарист. Намедонист, ки дар берун барф борида истодааст, ё ки абр поин фаромада, рӯи оинаро пӯшонидааст. Ба ҳар ҳол, равшании тиреза ӯро каме ором менамуд. (53 калима) Пешоянди дар 1. Дар ҳавлиҳои қишлоқ чароғҳои электирикӣ фурӯзон шуданд. 2. Дар ин макон адолат ва меҳнат ҳукумрон аст.

3. Баҳор дар боғу майдон, дар кӯчаю роҳҳо, дар ҳар хона, дар дилҳо тантана мекард.

Ибора Диктанти эҷодӣ латтаи ... қуллаи ... омўзгори ...

ҳаммоми ... Саттори ... теппаи ...

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо калимаҳои мувофиқ гузошта ибора созед.

Диктанти луғат Борони баҳор, кулчаи ширин, қуллаҳои бошукӯҳ, абри даргузар, ҳавои форам, оҳуи бодпо, шери бадҳайбат, мурғи посӯхта, рӯбоҳи маккор, ҷоами пистақиранг, абри ғуррон, мурғаки хушхон, зангӯлаи хушнаво.

Диктанти таъкидӣ 1. Рӯи он ҷавон турш шуд. 2. Ба аҳволи кӯдак дилам сӯхт. 3.

Бо дили реш нақлҳои Нӯмонҷонро гӯш мекарданд. 4. Оби зулолу хушгувори чашмаҳои кӯҳӣ чун дили навҷавонони шефта ҷӯш мезад.

5. Руҳи баланд ва чеҳраи орому бовиқори ӯ як умр дар хотирам нақш бастаанд. 6. Оташи баҳс об рехтагӣ барин хомӯш шуд.

Ҷумла Аломатҳои китобатии ҷумла Диктанти таъкидӣ Падарам ба ман китобча харид. Модари ман дар ферма кор мекунад. Мо дар боғ ниҳоли себу гелос шинондем. Деҳқонон ҳосили меваро ҷамъ карданд. Ман эълонро мехонам. Мо ба са¸ҳати фурудгоҳ рафтем.

Диктанти биноӣ Рӯбоҳ ва ангур Рӯбоҳи гурусна дар боғ даромад ангур пухта буд қади рӯбоҳ ба ангур намерасид рӯбоҳ бо ҳасрат гуфт ангур хом будааст онро намехӯрам набошад касал мешавам.

Супориш. Дар охири ҷумлаҳо нуқта гузоред.

Диктанти шунавоӣ Ҳавз Мактаби мо ҳавлии калон дорад. Мо дар ҳавлии мактаб ҳавз сохтем. Оби ҳавз соф аст. Бачаҳо дар ҳавз оббозӣ мекунанд. Ҳабиб хеле оббоз аст. Ӯ нағз шино мекунад.

Моҳидорӣ Салим ва Ҳаким ба лаби дарё рафтанд. Офтоб ба паси кӯҳ фурӯ мерафт. Оби дарё ором буд. Бо шаст моҳӣ доштан хеле шавқовар аст. Салим ва Ҳаким ба шасти худ лойхӯрак монда буданд. Моҳиҳо лойхӯракро дӯст медоранд. Бачаҳо дар як соат хеле моҳӣ доштанд.

Диктанти эҷодӣ Дӯст, бегоҳӣ, дар¸, ҳавлӣ, Ватан, борон, паррандагон, баҳор.

Супориш. Бо ин калимаҳо ҷумла тартиб диҳед.

Диктанти санҷишӣ Пахта Имсол деҳқонон ҳосили фаровон рӯ¸ниданд. Аз пахта газвор мебофанд. Аз пунбадонаи вай равған мегиранд ва собун мепазанд. Аз пӯчоқаш барои ҳайвонҳо хӯрок тай¸р мекунанд. Пояашро барои алав истифода мебаранд. Пахта ифтихори мо аст. (33 калима) НАМУНАҲОИ ДИКТАНТ СИНФИ СЕЮМ Такрори мавзӯъҳои синфи дуюм Диктанти биноӣ Пагоҳӣ Офтоб баромад. Ҳаво гарм шуд. Донишомӯзгон ба мактаб рафтанд. Занг зада шуд. Омўзгор ба синф даромад. Мо ба суханҳои омўзгор гӯш дода, дарсро хуб фаҳмидем. Камола ба дарс фаъол иштирок намуд.

Боғ Бобои Рухшона боғбон аст. Бобо маро бо меваҳо зи¸фат кард. Аз барги дарахтон шакли хонача ва мурғро сохтем. Онро ба гӯшаи табиати синф гузоштем. Сайри боғ ба мо маъқул шуд.

Диктанти хомӯш (бесадо) Тирамоҳ Тирамоҳ фасли пурнеъмат аст. Дар тирамоҳ ҳамаи ғаллаҳо, меваҳо ва сабзавот мепазанд. Аз замини обчакорӣ пиёзу сабзӣ, караму карточкаю помидор, шалғаму шалғамча ва лаблабуро ғундошта мегиранд. Дар боғ гелос, себ, нок, анор, олу, шафтолу барин меваҳо мепазанд. Дар киштзор гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка, мош, пахта мерасад. Дар саҳро пахта мешукуфад, кашоварзон ба чиндан ва ғундоштани ҳосилот машғуланд.

Супориш. Номи мева, сабзавот ва киштҳои зироатиро дар алоҳидагӣ нависед.

Ҳарфи ӣ Диктанти шарҳдиҳӣ 1. Аз кибру ҳавобаландӣ танҳо доғи ногуворе дар дил мемонад. 2. Гуфтори бад ва каҷҳарфӣ зарари калон дорад. 3. Некномии одамӣ аз адаб аст. 4. Як нишонаи беадабӣ ҳурмат накардани дигарон аст. 5. Ягон кӯтоҳӣ ва норасоӣ аз шумо содир гардад, онро инкор накунед. 6. Вай ба сари бистари беморӣ нишаста атола мехӯрд. 7. Аҳволпурсӣ аз бемор қоидае дорад.

Супориш. Калимаҳои дар таркиб ҳарфи ӣ доштаро ёфта нависед.

Диктанти таъкидӣ 1. Дӯсти ҷонӣ дар гармо соябони сар аст. 2. Зиндагӣ бо дӯст гуворост. 3. Дӯсти ҳаҳиқӣ дар мушкилиҳо шинохта мешавад. 4.

Дар назди меҳмон худситоӣ ва худороӣ макун. 5. Дар айёми пирӣ дили одам нозуктар мешавад. 6. Дӯст ва дӯстӣ сарвати бебаҳо аст. 7. Бисёр пирон ба ёрӣ ва дастгирӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

пешина
аз 20
навбатӣ