Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Диктанти санҷишӣ Чойнӯшӣ Чойро сахт ҳӯрд макаш. Ҳангоми ҷойнӯшӣ даст ба рӯю бинӣ мазан. Чой ва ҳар як чизи моеи гармро дар пеши дигарон пуф карда нӯшидан аз рӯи одоб нест. Дар вақти чойнӯшӣ чи пиёла пур аз чой ва чи пиёлаи холиро аз даст ба даст бояд дод.

(47 калима) Ҳарфи й Диктанти луғат Ҷайра, ҳайкал, чой, рӯй, тай¸р, пайғом, най, чойник.

Диктанти биноӣ 1. Дар назди мактаби мо ҷӯй ҳаст. 2. Оби ҷӯй соф аст. 3.

Дар майдони мактаб ҳайкали Навоӣ гузошта шудааст. 4. Зайнаб ва Майсара бо ҳам дарс тай¸р мекунанд.

Ҳамсадоҳои такрор (шадда) Диктанти луғат Барра, табассум, муддат, рассом, парранда, латта,Саттор, омўзгор, лаззат, пашша.

Аъло, шеър, баъд, суръат, даъво, мавзӯъ, Самеъ, манбаъ.

Диктанти шунавоӣ Танӯри тасфон, кулчаи хандон.

Лаълии марҷон, чист ҷӯраҷон. (Офтоб) Диктанти эзоҳӣ 1. Шўҳрат баъди як сол аз ту зӯртар мешавад. 2. Одамони калонсол ҳам гоҳе чун бачагони хурд таънаю таънакашӣ мекунанд. 3.Табъи Асаду Самад монанди осмони фасли тобистон кушоду беғубор буд. 4. Таътили тобистона сар шуд. 5.

Падару модараш онҳоро хоҳишкунон ба хона даъват мекарданд.

6. Истеъмоли неъмати сари дастурхонро ба ихтиёри худи меҳмон гузар.

Диктанти аз ёд навиштан Чистон Аз қассоб ошно дорад, Ба баққол равуо дорад.

Ба тан ҷомаи заррин, Ба сар саллаи симин.

(Ору) Диктанти санҷишӣ Бачаи хиҷолатманд Омўзгор Неъматро ба назди тахтаи синф даъват карду масъалае дод. Ӯ дар ҳалли масъала душворӣ кашид. Бо аъзият базӯр ҳал кард. Ҳангоми ҷавобнависӣ якто нолро нанавишта монд. Баъзеҳо хандида фиристонданд. Неъмат бештар дасту по хӯрд. Пешонаашро арақ пахш кард. Ба вай раҳми Нӯъмон омад.

Ба коғаз халқаи дар барин шакли доираро кашиду зуд ба Неъмат нишон дод. Омўзгор онро дид.

(62 калима) Ҷумла Диктанти эҷодӣ I 1. Кардем, шеърхонӣ, мо.

2. Бисёр, гуфт, шеър, аз, ҳама, Манучеҳр.

3. Фарзона, шуд, сардори, синф.

4. Охир, расид, ба, дарс.

5. Хонаамон, баргаштем, мо, ба.

II 1. Шуд, пахтачинӣ, сар.

2. Мо, ба, пахта, рафтем, ғуничини.

3. Нӯшидам, чой, ман.

4. Кори, расондам, ёрӣ, ба, падару модарам.

5. Иҷро, кардам, хонагиро, вазифаи.

Супориш: Бо ҷо ба ҷо гузоштани калимаҳо ҷумлаҳо тартиб деҳид.

Таркиби калима Калимаҳои ҳамреша Диктанти таъкидӣ Заргар, заргарон, зардӯз, заршинос, мисгар, мисгарон, мисгудоз, кулолгар, кулолгарон, кулолчӣ, карнайчи, карнайсоз, карнайнавоз, доирадаст, доирасоз, доиранавоз, доирафурӯш, соатсоз, соатфурӯш, хушфеъл, хушгуфтор, хушхабар, хушрӯ, гапдон, гаправ, дилҷӯ, дилнишин, сарзамин, сарбаланд, моҳлиқо, моҳпайкар, моҳҷабин.

Супориш. Решаи калимаҳои ҳамрешаро муайян кунед.

Диктанти худамро месанҷам Тест Калимаҳое, ки решаашон як аст, чӣ ном дорад?

а) калимаҳои ҳамреша б) калимаҳои гуногунреша в) калимаҳои ихтисоршуда 1. Модари Нигора … аст. 2. Ман аз дӯкони ... зар харидам.

3. Кӯзаи сохтаи ... хеле зебо будааст. 4. ..., ..., ... ҳунари худро намоиш доданд. 5. ... ба назди ... бурдам. 6. Карнайчӣ ... бо овози баланд менавохт. 7. ... доираро нағз навохт.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо калимаҳои мувофиқ нависед.

Диктанти шарҳдиҳӣ Ҷӯраҳо Тоҳиру Шариф дар синфи дуюм мехонанд. Онҳо ҳамсояи девор дар ми¸н мебошанд. Ҷӯраҳо ҳамроҳ ба мактаб рафта, ҳамроҳ меоянд. Рӯзе ҷӯраҳо Комил амакро дар полизи назди ҳавлиашон дида монданд. Вай кӯчати помидор мешинонд.

Шариф давида белчаашро овард. Ҷӯраҳо ба Комил амак ¸рӣ расониданд.

Супориш: Калимаҳои ҳамсоя, ҳамроҳро нависед, ба зери реша як хат ва ба зери пешванд ду хатча кашед.

Диктанти эҷодӣ Об, гул, даст, чашм, оҳан, хона, боғ, санг, намак.

Супориш. Бо иштироки калимаҳои мазкур калимаҳои ҳамреша нависед.

Гулдаста, гулдон, гулпарвар, гулзор, сухандон, сухангӯ, суханвар, сухансанҷ, хонарӯб, хонасоз, хонанишин, хонача, сангпушт, санглох, сангзор, сангсоз, сангфурӯш.

Супориш. Бо калимаҳои ҳамреша ҷумлаҳо тартиб диҳед.

Диктанти санҷишӣ Оғози соли хониши нав Соли хониши нав оғоз гардид. Саҳни мактаб тоза ва озода.

Донишомӯзони мактаб тантанаи идона доранд. Тантана бо мадҳияи Ӯзбекистон кушода шуд. Бар лаби донишомӯзони мактаб табассум, дар чеҳраашон хурсандӣ намудор буд.

Сарвари мактаб Дилором Зокирова ҳамаи толибилмонро бо ин рӯзи нек табрик гуфта ба хониши донишомӯзон бурдборӣ орзу намуд. (50 калима) Пешвандҳои бе- , бо- , ба- , ҳам- , но- , на- Диктанти таъкидӣ Хона–ҳамхона роз–ҳамроз синф–ҳамсинф кор–ҳамкор сӯҳбат–ҳамсӯҳбат соя–ҳамсоя асрор–ҳамасрор Пасвандҳои -ҳо, -гон, -зор, -истон Диктанти таъкидӣ Лола-лолазор, қадоқ-қадоқчӣ, ашӯла-ашӯлачӣ, қамиш- қамишзор, чойхона-чойхоначӣ, гандум-гандумзор, гул-гулзор, сарҳад-сарҳадчӣ, ток-токзор, анор-анорзор, об-бӣ, равған- равғанӣ.

Диктанти эҷодӣ I Соя, гул, адаб, чашм, одоб.

Супориш. Ба калимаҳо пешванд ва пасвандҳои мувофиқ ҳамроҳ карда нависед ва маънояшро шарҳ диҳед.

II Гандум, лола, анор, алаф, ток, зардолу Супориш. Ба калимаҳо пасванди -зор илова карда нависед.

Ҳиссаҳои нутқ Исм Диктанти интихобӣ I Шер, модагов, барзагов, кафтар, шағол, кабк, асп, бабр, зоғ, гург, бедона, хирс, мурғ, буз, паланг, рӯбоҳ, гӯсфанд, фил, оҳу, калхат, булбул, саг, мурғобӣ, шутур, ғоз, гӯсола, мусича, барра, маймун, оҳу.

Супориш. Исмҳои ифодакунандаи номи ҳайвону паррандагонро муайян карда, дар алоҳидагӣ нависед.

II Шифои нодонӣ пурсиш аст.

Зебогии сухан ба кӯтоҳӣ ва ихтисор аст.

Дидори дӯст ҷилои чашм аст.

III Рӯзе байни мору уқоб ҷанги калон рӯй дод. Мор зӯр баромад.

Ӯ худро даври уқоб печонд. Уқоб беҳол шуд. Шикорчӣ омаду уқобро аз марг наҷот дод. Мор заҳрашро ба шохи гов, ки шикорчӣ об менӯшид, зад. Шикорчӣ шохро аз об пур карда хост бинӯшад. Ҳамин вақт уқоб шохро ҷанг зада ба ҳаво парвоз кард.

Супориш. Ба кадом саволҳо ҷавоб шудани калимаҳои бо ранги сиёҳ навишташударо гӯед.

Диктанти худамро месанҷам ... чашма, ... чашмаҳо, ... дониш, ... донишмандон, ...

панд, ... пандҳо, ... дашт, ... даштҳо, ... хорпушт, ... хорпуштҳо, ... кӯдак, ... кӯдакон, ... ситора, ... ситораҳо, ... ҳамсоя, ... ҳамсояҳо.

пешина
аз 20
навбатӣ