Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Диктанти эҷодӣ 1. Форам, аз, мевазад, бод, кӯҳсорон.

2. Себ, шинондем, гелос, боғ, дар, мо, ниҳол.

3. Рафтанд, боғ, Фирӯз, ба, Сӯҳроб, тамошо, Ҷӯра, ҳайвонот.

Дар оромгоҳ Дар, оромгоҳ, бозӣ, мехезад, нонушта, мекунад, саҳар, мехонад, расм, мекашад, оббозӣ, шахмат, шашка.

Диктанти озод Ҳикояти омўзгор ва шогирд 1. Рӯзе омўзгоре ҳамроҳи шогирдонаш ба саҳро мерафт. Дар роҳ ду сагро диданд, ки бо якдигар ҷанг доштанд. Онҳо чунон якдигарро маҷруҳ кардаанд, ки қуввати роҳравӣ надоштанд.

Омўзгор аз шогирдонаш пурсид, ки ба фикри шумо кадоми ин сагҳо гунаҳкор аст 2. Шогирдон ҷавоб доданд, ки ҳар ду ҳам нодон аст. Агар яке аз инҳо хаёли ҷанг намедошт, аз ҷанги он дигар халос мешуд. Ин қадар маҷруҳ намешуданд.

3. Омўзгор дар ҷавоби шогирдон таҳсин карда, гуфт, ки агар шумо ҳам бо якдигар ҷанг кунед, мардум шумоёнро нодон мегӯянд. Ҳар ду тарафи ҷангро гунаҳкор медонанд ва айб мекунанд.

Тилло ва оҳан 1. Рӯзе омўзгоре ба шогирдони худ тилло ва оҳанро нишон дода пурсид, ки кадом аз ин ду нарм аст?

2. Ҳама гуфтанд:

“Тилло нарм аст ” .

Баъд аз он пурсид, ки кадом аз ин ду қимматтар аст?

Ҳама гуфтанд:

“Тилло” .

3. Баъд аз он фармуд, ки агар шумо ҳам мехоҳед дар назари мардум соҳиби қадру қиммат шавед, мисли тилло нарм шавед, яъне ба мардум сахтмуомилагӣ накунед.

Диктанти санҷишӣ Ҳикояти Тош Рӯзе Тош аз мактаб меомад. Дар роҳ шахсе аз пеши ӯ гузашт. Ин шахс дар вақте ки рӯймолашро аз киса мебаровард, ҳамён ба рӯмол печида баромада афтод, ки худаш нафаҳмид.

Тош ин ҳамёнро гирифта ба хурсандӣ назди волидаи худ омада:

“Акнун аз қашшоқӣ халос шудем, имрӯз тангаву тиллои бисёр ёфтам” , -гуфта сурати воқеаро баён кард.

Волидааш гуфт:

“Агар чи соҳиби ҳамён гирифтани туро надидааст, лекин аз худо натарсидӣ, ки ҳамёнро ба соҳибаш нарасондӣ. Агар ба ин амал одат кунӣ, охир ба зиндон гирифтор мешавӣ” . (86 калима) Феъли замони ҳозира Диктанти луғат 1. Рафта истодааст, мехонед, мехонем, бовар карда истодаанд, гуфта истодааст, меравед, менавозам, хонда истодаӣ, гиря карда истодааст, шӯхӣ мекунад, месарояд, мехонед.

2. Гуфта меравад, ханда мекунад, омада истодааст, меравад, меравӣ, мекорад, мехонам, мегирад, нигоҳ мекунад, дарғазаб мешавад, суруд мехонем, бовар карда истодаам, парида истодааст.

Феъли замони ҳозира-оянда Диктанти луғат 1. Нара мекашад, меравад, мерақсад, мебарад, мехӯрад, мехонад, ҳаловат мебарад, бозӣ мекунад, меравад, фаро мегиранд, ҳаракат мекунанд, қар-қар мекунад, садо медиҳанд.

2. Шиҳа мекашад, меравад, ҳаракат мекунад, чиррос мезанад, мефароранд, гап мезанад, фикр мекунанд, наъра мезанад, ханда мекунад, фишшос мезанад, шинос мекунад, медавад.

Ҷумлаҳо барои таҳлил I 1. Раҳимҷон оҳиста-оҳиста гап мезанад. 2. Гулбибӣ дар синфи чорум мехонад. 3. Дӯкондорон ба ин хандаи бемаҳали мо ҳайрон-ҳайрон ва тааҷҷубкунон нигоҳ мекарданд. 4. Чашмони Пӯлод ҳамешагӣ барин хандида меистод. 6. Комрон ниҳоят хуб мерақсад. 7. Онҳо дуру дароз фикр мекарданд. 8. Ман ин китобро пагоҳ мехонам. 9. Баъд аз чанд вақт барги ин дарахт мерезад.

II 1. Падарам дар завод кор мекунад. 2. Ман бегоҳ ба тамошои футбол меравам. 3. Тобистон аз ҳозира гармтар мешавад. 4. Дар кӯҳҳои баланд ҳаво гарм намешавад. 5. Писта дар моҳи август мепазад. 6. Ба мамлакати мо аз тамоми гӯшаву канорҳои дунё сайёҳони зиёд меоянд. 7. Баъд аз як сол бародарам мактаби миёнаро хатм мекунад. 8. Арча ҳамеша бо ранги сабзи баланд қад мекашад. 9. Деҳқонони вилоятамон ҳар сол ҳосили баланд мегиранд.

Диктанти санҷишӣ Пингвинҳо Пингвинҳо паррандагони аҷибанд. Болҳояшонро бинед, мепиндоред, ки ҳамин ҳоло баланд парвоз мекунанд. Лекин боли пингвинҳо чун бели заврақронӣ ба шино кардани онҳо ёрӣ мерасонад. Бинобар ин ҳам пингвинҳо дар фазо не, дар об “ парвоз” мекунанд. Дар як дақиқа то яксаду бист маротиба бол афшонда, аз моҳӣ ҳам пеш мегузаранд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ то ду метр баландии рӯи ях ҷаҳида мебароянд. Дар рӯи барф ҳам онҳо хеле чобукраванд. Бо шикам рӯи барф хобида, бо ёрии болҳои белмонандашон мелағжанд. (78 калима) Диктанти аз ёд навиштан Меҳмон Ба хона доя омад, Зани ҳамсоя омад.

Як деҳа бохабар шуд, Муборакбодӣ сар шуд.

Хурду калон омаданд, Пеши меҳмон омаданд.

Меҳмон дар гаҳвора буд, Ба гиря овора буд.

Муҳаммад Ғоиб Зарбулмасалҳо 1. Сухани ҳақ талх аст.

2. Шохи дарахти мевадор хам аст.

3. Аз бекор ҳама безор.

4. Намак хӯрдӣ намакдон нашикан.

Сифат Диктанти луғат 1. Фарбеҳ, зебо, баҳорӣ, соф, ширин, хушбӯй, васеъ, латиф, калон, кабуд, форам, равшан, равон, сербар, шинам.

2. Пуч, хурд, маҳин, нафис, чӯбин, шармгин, дилкаш, босафо, дилкушо, сиёҳ, беканор, хушрӯй, пӯлодин, борик, тиллоӣ.

3. Фарбеҳ, камгап, оҳанин, кӯҳӣ, гулгун, деворӣ, тунд, кабуд, дур.

Диктанти таъкидӣ Гулпарӣ Намудем аз ҳар ҷо ғун, Тухмиҳои гуногун:

Гули ошиқи печон, Тоҷи хурӯсу райҳон, Наврӯзию настарин, Хайрии сурху савсан.

Коштем аввали баҳор Дар ҳавлӣ бо Гулбаҳор.

Аз ҷӯй об кушодем, Обу ғизояш додем.

Он дар нашъу намо шуд, Як гулгашти зебо шуд.

Нӯъмон Розиқ Чистон Танӯри тафсон, Кулчаи хандон, Лаълии марҷон!

Чист, ҷӯраҷон?

Барзагов ва паланг Аз даруни найзори канори роҳ як ҷондори ало намудор шуд. Вай паланги ваҳшӣ буд. Барзагов палангро дида наҳаросид. Вай дар ҳолати ҷангии пештарааш меистод.

Ҳар ду ҳайвони паҳлавон саросема намешуданд. Ҳар ду ҳам бо қувваи зиёд ва чусту чолокӣ фахр мекарданд. Онҳо бо чашмони пурғазаб ба ҳамдигар нигоҳ карда, барои ҳамла мавқеи мувофиқ меҷустанд. Паланги ало фурсатро аз даст надода, якбора ба барзагови мо ҳамла кард. Барзагов пойҳои пурзӯрашро мустаҳкамтар дошт. Паланги ваҳшӣ бо тамоми қувва ба ҷониби тахтапушти барзагов ҷаҳид. Вале ба шохҳои тезу дарози барзагов дучор гардида, ба канор афтид.

Диктанти интихобӣ Рӯзҳои тирамоҳ Гиёҳҳои серавҷи худрӯй ҳоло дар назди об, дар лаби ҷӯю атрофи чашмаҳо, дар сари марзаи заминҳои пахтаю палҳои сероби шолии донабаста нашъунамо мекарданд.

Теппаҳо ва нишебиҳои кӯҳу дараро хаспояю хасмайдаи заб- зард, танаву шоху баргҳои сӯхтаву хушкида рехтаи сабзаву гулҳои рангоранг фаро гирифтаанд.

Себҳои калон-калони тирамоҳӣ, ки ранги сабзи ба зард моиле доранд, ба пухтан шурӯъ менамоянд.

Дар заминҳои обчакорӣ, дар паҳлӯи палакҳо тарбузу харбузаҳои хурду калон ғарқи хоби масти ширинанд.

Сарҳои вазнину сердонаи ангур, ангурҳои сиёҳу сурхчатоб, шишарангу зарду гулобӣ дар байни баргҳои паҳни тару тоза ҳанӯз бешуморанд.

Рӯзҳои зебо, рӯзҳои нозанин дорад тирамоҳ!

Диктанти аз ёд навиштан Калонам Ман майда не, калонам, Ман танбал не, чақонам.

Дар кор аз ҳама зӯрам, Мисли марди майдонам.

Бин дасту поямро, Беҷон не, паҳлавонам.

Себак Себаки сурхи сероб Ширин асту хўрданбоб Себак хеле хушрўй аст, Хушмаззаву хушбўй аст.

Чистон Нўлаки сурхаш – зебо, Болу параш – қаҳрабо.

Ҷонвараки безавол, Ҷонвараки хушнамо. (Кабк) Диктанти санҷишӣ Барфи нав Баъд аз фурӯ рафтани офтоб шамоли сард шиддат кард. Аз тарафи ҷануб абрҳои сиёҳи бадвоҳимаро тела дода овард.

Камтар нагузашта аз ҳаво намреза рехтан гирифт. Хунукии ҳаво ҳам афзуд. Ниҳоят дар соати нӯҳи шаб барф борид. Баъд аз сар шудани бориши барф, шамол оҳиста-оҳиста ором гашт.

Парчаҳои калон-калони барф, ки чапу чилеб ба замин меафтиданд, бо гардиши шамол монеъ шуданд. Дар андак муддат бомҳо, шохаҳои дарахтон бо барфи сафед пӯшида шуданд. (73 калима) Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ Диктанти луғат 1. Гули сурх, хонаи калон, забони тоҷикӣ, либоси гарм, хонаи чӯбин, бинои пуршукӯҳ, ҷуроби пахтагӣ, қалами зард, роҳи рост, ҳайвони хонагӣ, меҳнати дастӣ, рӯи зебо, пули чӯбин.

2. Дари чӯбин, борони баҳорӣ, боғи пурмева, оби ширин, себи сурх, меҳри падарона, меҳнати ақлӣ, ҳайвони хонагӣ, себи самарқандӣ, девори ғиштин, хониши ғоибона, дарахти сершох, соябони чӯбин.

Диктанти шарҳдиҳӣ I 1. Мурғони хонагӣ хокбозӣ мекарданд. 2. Садои тирпарронии пулемётҳои дастӣ ва милтиқҳои ҷанговарони мо баланд шуд. 3. Имрӯз офтоби ҷонбахш ба қишлоқ доман-доман нур пошида, гулу сабзаро зеботар, дарахтони нав баргкушодаро барнотар, кӯҳу даштро хуррамтар карда буд. 4. Оби шӯхи дарёчаи деҳа боз ҳам шӯхтар шудагӣ барин ба назар метофт.

II 1. Гӯсолаҳои каҷпо рӯи алафҳои сабз ҷастухез мекарданд.

2. Салим оҳиста дарвозаи чӯбинро пӯшонд ва сӯи хонаи хиштин қадам партофт. 3. Иди дилафрӯзи Наврӯз бо суруду таронаҳои наваш кишвари офтобии моро сар то сар фаро мегирад. 4. Мо аз дарвозаи кӯҳна чашм канда, ба одами либоси пашминпӯш нигоҳ кардем.

Диктанти аз ёд навиштан Чистон Ёри забондонам забон надорад, Ҷаҳонгарду пои равон надорад, Худ ҳамнишину ҳамгап ба аҳли олам, Аммо лабу садову даҳон надорад.

(Китоб) Муборак Муборак бод Китоби гулдор.

Ҳамеша онро Тоза нигаҳ дор.

Ба ту китобат Дониш физояд, Раҳи ҳаётат Равшан намояд.

Диктанти таъкидӣ Одами нек Мо аз саг чашм канда, дар паҳлӯи худ як марди қадбаландеро дидем, ки дар даст таёқи дарози нӯгкаҷе дошт.

Дар сараш телпаки сиёҳи пашмин. Миёни ҷомаи сиёҳи дарозаш бо тасмаи чармин баста шудагӣ. Аз таги ҷома гиребони гимнастёркаи хокирангаш намудор аст. Аз паси китфаш нӯги милтиқи шикорӣ баромада меистод. Рӯяш дар офтоби баҳорӣ сӯхта, сурхча метофт.

Супориш: Сифатҳои аслӣ ва нисбиро ба ду сутун ҷудо карда нависед.

Зулфияи арғуштӣ Ҳабиб Фақир Якчанд сол пеш дар яке аз шумораҳои маҷаллаи дӯстдоштаи бачаҳо “Машъал” ва рӯзномаҳои маҳаллӣ аз хусуси ансамбли рақсии бачагонаи Абдуғафор Муродов навишта буданд. Гурӯҳи ҳунарӣ асосан донишомӯзони синфҳои ибтидоии мактабҳои миёнаи ноҳия буд. Он вақт узви аз ҳама хурдсоли дастаи ҳунарӣ Зулфия ба ҳисоб мерафт. Зулфияи хурдсол он ҳангом дар мактаб таҳсил намекард. Ҳоло бошад вай ба синфи чорум гузаштааст.

Зулфия узви фаъоли даста аст. Ӯ ба хурдсолиаш нигоҳ накарда дар озмуни эҷодиёти халқ иштирок кардааст. Зулфия хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби диплому грамотаи хотиравӣ ва тӯҳфаи пурқимат дутори хушовози тоҷикӣ гардидааст.

Чӯҷаҳо Чӯҷаҳои хурдакак, Хурдакаку тезгардак!

Куртаҳотон сап-сафед, Нӯлчаҳотон зардакак, Почаҳотон топ-тоза, Белою бегардакак.

Дона хӯреду шавед Фарбеҳу бедардакак!

Абдусалом Деҳотӣ Диктанти санҷишӣ Ромит Ромит. Мавзеи дилкушо. Воҳаи дилрабо. Ҳар бор, ки ба ин дараи зебоманзару дилфиреб биёям, гумон мекунам, ки бори аввал омадам. Ҳар бор манзараҳои тоза ба тозаро кашф мекунам.

Бегоҳиҳо садои кабки дарӣ ба гӯш мерасад. Хониши булбулони хушовоз касро лаззат мебахшад.

Ромит одамони нексиришт ва оддие дорад. Онҳо халқи оддии кӯҳистони тоҷиканд. Дар ҷангалзорҳои кӯҳистон ҳайвонҳои гуногун зиндагӣ мекунанд: гурги дарранда, рӯбоҳи маккор, нахчирҳои тезпо, мору ғундаҳои заҳрдор, бабри барфӣ ва ғайраҳо. (73 калима) Шумора Диктанти луғат 1. Ду ҳазору чорсад, сесаду чор, сеюм, даҳ, понздаҳ, шаш, бисту чор, як саду дувоздаҳ, бисту чорум, панҷто, чор-панҷ то, бисту якум, чор ҳазору дусаду як, панҷоҳ.

2. Чоряк, сию панҷ, даҳум, нӯҳ, чил, ҳафтяк, бисту нӯҳум, нӯҳ ҳазору сию ду, ду, ёздаҳ, шонздаҳум, шашсад, як ҳазору нӯҳсаду чордаҳ, миллион, бист.

Диктанти озод 1. Бе бибиҷон хона файзе надошт. Париноз аз зиқӣ то даҳ шумурд. Ногоҳ ба ёдаш омад, ки аз сето вазифаи хонагӣ ягонтоашро ҳам иҷро накардааст, зеро шаби дуюм аст, ки бибиҷонаш нестанд.

2. Париноз аз ҷузвдонаш китоби ҳисобро гирифта, ин масъаларо хонд:

“Духтараке ба нӯҳсад сӯм се халтача намак харид. Канӣ ёбед: як халтачаи он чанд сӯм аст?” 3. Париноз бод барин сӯи ошхона давид, болои курсича баромаду аз рафи ҷевон як халтача намак гирифт ва навиштаҳои рӯи онро ҳиҷҷа карда хонд:

“Намаки навъи якум.

Нархаш дусад сӯм ” . Париноз халтачаро ба ҷояш гузошта, боз ҳам бод барин ҷониби миз давид ва ба дафтараш саросема чунин навишт:

“Як халтача намак – дусад сӯм ” .

пешина
аз 20
навбатӣ