МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.
Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа
Диктанти таъкидӣ Шумор Бо ангуштам бишморам, Осон гардад душворам.
Як, ду, се – бисёр осон, Чору панҷ – аз пушти он.
Баъд ангушти шаш ояд, Ҳафт аз пушти шаш ояд.
Сонӣ ҳашту нӯҳу даҳ, Сонӣ, сонӣ, сонӣ, ваҳ!
Бисёр ангуштам мебуд, Дониш дар муштам мебуд!
Вазни як кит Вазни як кит баробари вазни 25 фил аст. Дарозиаш 33 метр.
Гӯшти як кит ба ҳисоби миёна 70 тонна ва равғанаш 35 тонна меояд. Кити навзод 3 тонна вазн дошта, дар давраи ширхорагиаш дар ҳар шабонарӯз то 100 кг гӯшт мегирад.
Як худи забони кит 3 тонна, дилаш то 700 кг мебарояд. Дар бадани кит то 8 тонна хун буда, дар шуши он 14 кубометр ҳаво ҷо мегирад. Вазни умумии кит ба 150 тонна мерасад.
Супориш: Рақамҳои таркиби матнро бо ҳарфҳо нависед.
Диктанти эҷодӣ I 1. Соботи васеъро … сутуни ғафс бардошта истодааст. 2.
Вай соли … таваллуд шудааст. 3. Парвина имрӯз … килограмм пахта чинд. 4. Аз … …-ро тарҳ кунем, … мемонад. 5. Шаҳри мо таърихи …сола дорад. 6. Ман ба … сӯм китоб, ба … сӯм дафтар ва ручка гирифтам.
Супориш: Ба ҷои нуқтаҳо шумораҳои даркориро ёфта гузоред.
II 1. 2566, 76, 1009, 23, 435, 875, 12, 11, 9, 908, 235, 555, 777, 887, 404, 332, 443, 19, 17.
Супориш: Аз шумораҳои болоӣ шумораҳои тартибӣ созед.
III 1. Бисту як, даҳ, шашум, се, даҳум, ду ҳазору нӯҳсаду чорум, се миллиону дусад ҳазор, шаш, ҳафтод, як саду сеюм, чоряк, сеяк, дувоздаҳум, ҳаштум, панҷсад.
Супориш: Шумораҳои болоиро ба хелҳо ҷудо карда нависед.
Диктанти аз ёд навиштан I Чистонҳо 1. Як суфача, Панҷ бибича.
2. Гарчи дорад чорта пой, Асло наҷунбад аз ҷой.
3. Яктояш гап мезанад, Дутояш мебинад, Дутояш мешунавад.
II Укоча Шашто укоча дорам, Аз ин сабаб пуркорам.
Диҳам ба онҳо ёрӣ, Канӣ вақти сархорӣ?
Ба лӯхтаки Сарвиноз Медӯзам доим либос.
Ба Ҷамшеду ба Дилшод Хонданро медиҳам ёд… Бобо Ҳоҷӣ III Яку дую сею чор, Дилҳои мо беқарор, Ба машқи гимнастика Саф бастаему тайёр… Алӣ Бобоҷон Ҷонишин Диктанти эзоҳӣ Андерсон Ӯро бачагони тамоми дунё мешиносанд, зеро ки афсонаҳояшро бисёр хондаанд. Вай афсонаҳояшро худаш фикр карда мебаровард ва менавишт. Андерсон ба ҳар кор ҳавас дошт: суруд мехонд, шеър менавишт, рақс мекард, артист шуданӣ буд. Мо медонем. ки вай афсонанавис шуданро дар хаёлаш ҳам наоварда буд.
Ба моён афсонаҳои ӯ – “Парии обӣ” , “Нимнахӯдак” , “Сандуқчаи паррон” , “Клауси бой ва Клауси камбағал ” шинос аст. Бачаҳо бисёр афсонаҳои Андерсонро ба забони тоҷикӣ низ мутолаа мекунанд. Онҳо афсонаҳои машҳури адиб – “Тангаи нуқрагӣ” , “Ганси ландаҳур” ва ғайраро ба забони модариашон хонда меоянд.
Диктанти эҷодӣ I 1. Додем, деҳа, мо, нишон, ба, зебо, онҳо.
2. Ман, кардем, гул, яктоӣ, Салим, ба, ҳар, тӯҳфа, кадом, онҳо.
3. Аст, синфамон, вай, аълочӣ.
4. Саҳифа, ман, вай, даҳ, навиштам, чор.
II Вай. Мо. Шумо. Он. Ту. Ман. Онҳо.
Диктанти шарҳдиҳӣ I 1. Ин китоб хеле завқовар буд. 2. Ман аз оқиби онҳо гирякунон тохта рафтам. 3. Ту аз инҳо хафа нашав! 4. Шумо дар ҳамон дара камин гиред. 5. Ӯ аз хурсандӣ мерақсид ва ба онҳо миннатдорӣ баён мекард.
II 1. Ман ин хабарро аз радио шунидам. 2. Мо баъд аз дарс ба Аҳмад ва додари ӯ ёрдам додем. 3. Дина шумо шеър хонда бошед, имрӯз мо мехонем. 4. Вай ба ту чӣ гуфт? 5. Ту қоидаи дӯстиро вайрон накун, онҳо хафа мешаванд.
III 1. Вай ҳам ҳамин қадар дафтар дорад. 2. Онҳо бо тезӣ аз кӯпрук гузашта, ба он шаҳр наздик мешуданд. 3. Вай аз бачагӣ хушзеҳн, ҳозирҷавоб ва нотарсу далер буд. 4. Вай ҳам бо майлу рағбат мехонд, аммо зеҳни писари подабон дар ӯ дида намешуд.
5. Ӯ баъд аз ба охир расидани кор ба хонаи онҳо омад.
Диктанти аз ёд навиштан Ватан Эй Ватан, ба ту мо вафо кунем, Хидмати туро хубтар адо кунем.
Гар талаб кунӣ ҷон, фидо кунем, Аз хатар туро мо раҳо кунем… Мирзо Турсунзода Диктанти санҷишӣ Оилаи мо Мо дар оилаамон нағз ва аҳлона зиндагӣ мекунем. Падару модарам кор мекунанд. Онҳо пули коркардаашонро як ҷо ҷамъ карда мемонанд. Баъд ба рӯзгорамон ҳар чӣ ки зарур шуда монад, онро харҷ мекунанд.
Ман ду бародару як хоҳар дорам. Ҳар сеи онҳо ҳам кор мекунанд. Ҳамин ки пули корашонро гирифтанд, ба кассаи умумии падару модарам мегузоранд. Мо дар оилаамон зиндагии аҳлона ба сар мебарем.
Ин тарзи зиндагӣ, оиладорӣ хеле шодибахш аст.
Ман бисёр оилаҳоро медонам, ки монанди оилаи мо аҳл буда, хушбахтона зиндагӣ мекунанд. (85 калима) Зарф Диктанти луғат 1. Оҳиста-оҳиста, қар-қаркунон, дирӯз, берун, баъд, давон- давон, имрӯз, онҷо, ғуввосзанон, якбора, тез-тез, оромона, ғарч-ғарч, пагоҳ.
2. Инҷо, имсол, дирӯз, фардо, ғур-ғуркунон, тез, ҳалқавор, ҳанӯз, булбулвор, гоҳ-гоҳ, фавран, аввал, навакак, оҳиста- оҳиста. ҳамеша.
3. Гурбавор, андаке, ниҳоят, дарҳол, бегоҳирӯзӣ, боадабона, баъд, фарзандона, пуштнокӣ, пиёда, бисёр тез, рӯйрост, оҳиста, тез-тез, боз.
Диктанти озод Меҳрубонӣ ва мададрасонӣ 1. Дар замонҳои қадим бевазани ниҳоят камбағале зиндагӣ мекард. Вай фарзанди бисёре дошт, вале ҳоло ҳамаашон хурдсол буданд. Бевазан бо машаққати зиёде онҳоро мехӯронд ва мерӯшонд.
2. Рӯзе ӯ дар остонаи кулбаи худ нишаста хиргоикунон куртаҳои бачагонашро як ба як дарбеҳ мекард. Дар ҳамин асно бачаи фароштурук аз лонааш ба пеши пои вай омада сахт ба замин хӯрд. Бевазан тез бачаи фароштурукро ба дасташ гирифта дид, ки пояш шикастааст. Бевазан меҳрубонона пои шикастаи бачаи фароштурукро бо ришта баст ва боз ба лонааш гузошт.
3. Дар яке аз рӯзҳои баҳорон бевазан аз рӯи одаташ дар остонаи кулбааш нишаста, сару либоси бачагонашро тез-тез дарбеҳ мекард. Ногаҳон ба назди вай фароштурук парида омад.
Фароштурук ба рӯи зонуи бевазан як дона тухми каду ниҳоду бо забони худ меҳрубонона ким-чиҳо гуфта парида рафт.
Ҷумлаҳо барои таҳлил 1. Дар поёни ин бозӣ Диловар баногоҳ пурсид. 2. Ниҳоят тоқат карда натавонисту Анбархола аз ҷо бархост. 3. Ӯ гурбавор ба дарахт часпида баромад. 4. Бегоҳӣ падараш китоби дӯстдоштаи ӯро харида овард. 5. Вай хандакунон пеш меомад.
6. Парвина ҳам қадамашро қадре тезтар карда буд. 7. Дар роҳ чанд бор истода дам гирифтанд. 8. Сагҳои ваҳшӣ Мауглиро халқавор печонида гирифтанд. 9. Вай дарҳол ба оқиб нигоҳ кард.
Диктанти аз ёд навиштан Баррачаи ман О, баррачеки масти ман, Биё давон: дукур-дукур.
Ҷаву алаф ба дасти ман, Биёву хӯр, кумур-кумур.
Наоӣ, медиҳам ба гов, Ки мехӯрад: фашар-фушур… Абдусалом Деҳотӣ Пешоянд ва пасояндҳо Диктанти луғат 1. Бо, аз, барои, ба, аз рӯи, бе, дар, дар бораи, баъд аз, то, бар, то ба, пеш аз, ғайр аз.
2. Андар, дар пеши, назар ба, бо, ғайр аз, бе, ба, дар, то, бар.
Диктанти озод Падар ва писаронаш 1. Падар ба писаронаш насиҳат кард, ки бо ҳамдигар иттифоқ шуда, бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ кунанд. Онҳо ба суханҳои падарашон гӯш накарданд. Як рӯз падар онҳоро дар пешаш ҷеғ зада фармуд, ки як банд химча биёранд. Вай он банди химчаро дар байни писарон монда гуфт:
“Шиканед!” .
2. Писарон барои шикастани банди химча ҳарчанд зӯр заданд, шикаста натавонистанд. Баъд аз он падар бандро кушоду ба дасти ҳар як писараш яктагӣ химча дода фармуд, ки шикананд.
3. Писарон он химчаҳои тоқа-тоқаро ба осонӣ шикастанд.
Баъд аз ин падарашон гуфт:
“Шумоён ҳам мисли ана ҳамин химчаҳо ҳастед: агар бо ҳамдигар иттифоқ шуда зиндагӣ кунед, ҳеҷ кас шумоёнро мағлуб карда наметавонад, агар бо ҳамдигар ҷанҷолу хархаша карда ҷудо-ҷудо зиндагӣ кунед, шуморо ҳар кас ба осонӣ нобуд карда метавонад” .
Диктанти аз ёд навиштан Чумчуқ Дар сари симчӯб, Нишаста чумчуқ, Бо нӯлаш симро Мезанад туқ-туқ.
Аз боди сармо Хунук хӯрдаст ӯ, Ҳоло телефон Мекунад ҳар сӯ… Нӯъмон Розиқ Ҷумлаҳо барои таҳлил 1. Сафар аз ҳавлии дарун ба ҳавлии берун роҳ сар кард. 2.
Вай аз паси карасин гӯгирдро дар гиронд. 3. Аз хунукӣ бед барин меларзид. 4. Ҳезумкаш аввал гумон мекунад, ки мор барои нағзии кардагиаш ба вай хизмат карданӣ аст. 5. Амакам ба хонаи мо кай боз наомадаанд. 6. Дили инсон гул барин нозук аст. 7. Саъва лаҳзае ба атроф нигоҳ кард ва боз ба қафас баргашт.
Диктанти санҷишӣ Дӯсти инсон Ду рӯз боз барф меборид. Шамоли сахт резаҳои барфро ба сару рӯй мезад. Кас базӯр чашм мекушод. Баъди дарс ману Шариф ба хона меомадем. Гунҷишкакҳо дар шохи дарахтон чириқ-чириқ карда, аз гушнагӣ худро ба ҳар тараф мезаданд.
Ногоҳ дар рӯи барф дуто гунҷишкаки беҳаракат хобидаро дидем.
Мо гунҷишкакҳоро ҳамроҳи худ ба хона оварда гарм кардем. Онҳо ба ҳаракат даромаданд. Мо ба гунҷишкакон обу дон додем ва онҳо ба тарафи хона парида рафтанд. Мо пагоҳӣ бо ҳамсинфонамон маслиҳат карда, барои паррандаҳо хоначаҳо сохтем ва ба шохи дарахтон овехтем. (89 калима) Ибора Диктанти луғат 1. Ҷои мувофиқ, гули зард, қалами вай, пӯсти паланг, пушти барзагов, паррандаи зебо, деҳаи Нанай, ангури тоифӣ, донишомӯзи фаъол, хонаи чӯбин, лолаи хушранг, нони сиёҳ, сухани ширин.
2. Себи самарқандӣ, оилаи калон, дарвозаи чӯбин, гули худрӯй, мошини тезгард, пахтаи маҳиннах, шаҳри Тошканд, деҳаи Ғуломте, замини корам, мори заҳрнок, чеҳраи зебо, хӯроки хунук, афти хунук, қуллаи кӯҳ, пайраҳаи нав.
Диктанти таъкидӣ Мурғони хушхон Эй мурғи нағмапардоз, Чобукпару хушовоз, Ба боғу боғчаи мо, Хуш омадӣ ба парвоз!
Дил ба ту меҳр бандад, Савти туро писандад.
Гулҳои боғчаи мо Ба чаҳ-чаҳи ту хандад.
Аз ман натарс ҳаргиз, Пеш о, зи ман напарҳез!
Эй мурғаки саҳархез!
Хоҳам бо шодмонӣ, Дар боғи мо бимонӣ.
Аз баҳри мо ҳамеша Чаҳ-чаҳ занӣ, бихонӣ!
Алӣ Бобоҷон Чӯпонписар Табиат аз хоб, Гаштааст бедор, Сабза дамидаст, Дар дашту кӯҳсор.
Чун гул шукуфтаст, Чеҳраи чӯпон, Аз сабза сер аст Раммаи чӯпон.
Дар ин фасли хуб Барои чӯпон Шодиангез аст Навои чӯпон.
Най менавозам, Ҷон ҷӯраҳоям, Рақседу хонед Ғазал бароям!
Хурд астам, лекин Соҳибҳунар ман, Ҳайрон нагардед Чӯпонписар ман!
Мирсаид Миршакар Хелҳои ибора Диктанти луғат 1. Сӯҳбат бо дӯстон, муҳаббат ба модар, дастони тиллоӣ, забони модарӣ, ҳамон китоб, он дастгоҳ, шумои гапдон, сеи мо, ба хона даромадан, маҳфили навқаламон, рӯзнома хондан, вақти холӣ, бисёр барвақт, дарвозаи оҳанин, соати нуқрагин.
2. Хислати хуб, ба он наздиктар, дастпӯшаки чармин, куртаи пашмин, наздиктар ба хона, пахтаи сафед, хеле баднамо, тиллои сафед, саги пир, гул барин зебо, хонаи чӯбин, сурхи паст, дӯстони ҷонӣ, баъзе аз моён, меҳри модарона, аз рост якум, об овардан, гул шинондан.
Диктанти таъкидӣ Хонаи мо тӯй Имшаб хонаи мо тӯй, Меҳмон ояд аз ҳар cӯй.
Ошноҳои дадоям, Ҷӯраҳои акоям, Почому келинбучам, Хешу табори очам, Аммаю аммабачам, Тағою холабачам… Имшаб хонаи мо тӯй, Меҳмон ояд аз ҳар cӯй.
Шумо ҳам, эй бачаҳо, Оед ба хонаи мо… Озод Аминзода Уқоб Калонтарин парранда уқоб мебошад. Ранги вай сиёҳтоб ва қадаш қариб як метр мешавад. Аз нӯги як бол то нӯги боли дигараш аз ду метр зиёдтар меояд. Нӯлаш сахт, панҷаҳояш тезанд.
Бургут дар миёнаҳои моҳи март тухм мегузорад. Баъд аз 35 рӯзи тухмгузорӣ чӯҷаҳояш мебароянд. Бадани онҳоро парҳои мулоими сафед пӯшидаанд.
Калимаҳо барои иборасозӣ I Қалам, сурх, синф, қулла, чӯбин, рус, сандуқ, шона, васеъ, роҳ, якӯм, қобил, шунаванда, осиё, обӣ, донишомӯз, танбал, болаёқат, бача, хона, сафед, баланд, китоб, хониш, аъло, дафтар, мардум, рах-рах, деҳа, шаҳр, калон.
Супориш: Аз калимаҳои болоӣ ибораҳо созед.
II Хива, омадан, гул, кор кардан, нозук, оҳанин, дарвоза, фиристодан, сафед, булӯр, кӯча, сӯхтан, офтоб, мактуб, бисёр, зебо, дуюм, овардан, қалам, коса, шикастан, хондан, наздик, саҳро, тарошидан, Зебо, рафтан, мактаб.
Супориш: Аз калимаҳои болоӣ ибораҳо созед.
Диктанти аз ёд навиштан Хоҳаракам Гули анор, Нағмаи тор, Бӯи баҳор – Хоҳаракам.
Аллаи шаб, Хандаи лаб, Хонаи гап – Хоҳаракам… Ҳалқа ба мӯ, Лола ба рӯ, Ғунча ба мӯ – Хоҳаракам… Гулчеҳра Сулаймонова Диктанти санҷишӣ Паланг Сагчаи Тоҳир дар ҳақиқат, зебо буд. Чашмони вай сип-сиёҳ буда, дар баданаш рахҳои сафед дошт. Номаш Паланг буд.
Сагбачае, ки дар рӯзҳои ба ҳавлии Тоҳирино оварда шуданаш базӯр-базӯр қадам мемонд, зуд калон шуд. Вай пойҳои ғафс- ғафс, пашми абрешимвор дурахшон, чашмони бозингар дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё