Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Вай ҳамеша тааҷҷубоварона табассум карда истодагӣ барин буд.

Вақте ки вай гарданчаи кӯтоҳи ғафсашро андаке тоб дода, сари худро каме каҷ намуда, ба одам менигарист, кас хаёл мекард, ки вай ҳамин замон бо ҳазлу шӯхӣ ким-чиҳо пурсиданӣ мешавад. Вақте ки номашро мегирифтанд, тозон меомад. (87 калима) Ҷумла Диктанти санҷишӣ Мусича Рӯзе ман дар рӯи ҳавлӣ бачаи мусичаи зебоеро дида мондам.

Вай ҷудо ҳам хурдакак буд. Ҳарчанд ки бол мезад, парвоз карда наметавонист. Ногоҳ аз ким-куҷо гурбаи сиёҳ пайдо шуда омад. Ман саросемавор мусичаи бечораро ба дастам гирифтам.

Гурба роҳи гурезро пеш гирифт. Ба атроф нигоҳ кардам. Лонаи мусича дар болои айвон будааст. Норбонро монда, оҳистекак мусичаро ба лонааш гузоштам. Аз ин воқеа чанд муддат гузашт. Ҳоло мусича чунон калон шудааст, ки ҳатто онро аз очааш фарқ карда намешавад. (79 калима).

Диктанти эҷодӣ I 1. Омад, меравад, месароянд, давид, гиря мекунад, мехонам, мехонад, мехонанд.

2. Шудгор мекунанд, табрик кард, ҷаҳид, бурда истодааст, хӯрок мехӯрад, хӯрок мехӯранд, оббозӣ карданд, ёрдам мерасонам, омада истодааст, месароем.

II 1. Гирифтан, гирифтанд. Бурдан, бурданд. Задан, заданд.

Сохтан, сохтанд. Обод кардан, обод карданд. Суруд хондан, суруд хонданд. Ором шудан, ором шуданд. Сӯҳбат кардан, сӯҳбат карданд.

2. Хӯрок хӯрдан, хӯрок хӯрданд. Ёд додан, ёд доданд.

Нишастан, нишастанд. Гуфтан, гуфтанд. Неш задан, неш заданд. Хурсанд шудан, хурсанд шуданд. Парвоз кардан, парвоз карданд. Хондан, хонданд.

Супориш: Бо ёрдами феълҳои болоӣ ҷумлаҳо созед.

Диктанти озод Дӯстӣ 1. Кафтар ва мӯрча бо ҳам дӯст буданд. Ёфташонро бо ҳам дида зиндагӣ мекарданд. Рӯзе кафтар ба доми сайёде афтода монд. Мӯрча аз ин хабар ёфта ба ёрӣ шитофт. Вай сайёдро сахт газид.

2. Сайёд ба дард тоқат накарда, тӯрашро ба замин партофт.

Кафтар аз ин имконият истифода бурда парида рафт. Ду дӯст боз аҳлона зиндагӣ кардан гирифтанд.

3. Рӯзе мӯрча ташна монд. Вай лаби ҷуй омад ва хост, ки об нӯшад. Ногоҳ пояш лағжиду ба об афтод.

4. Кафтар аз фалокат хабар ёфта, тез расида омад. Вай ба об химчае партофт. Мӯрча ба химча часпид ва аз мурдан наҷот ёфт.

Чӯҷаҳои айёр 1. Чӯҷаҳо ману Малларо мешинохтагӣ шуданд. Ҳамин ки маро диданд, зуд ба таги поямон ғун мешаванд. Баъзе баднафстарашон ба пойҳоямон нӯл мезананд. Мо ҳам меҳрубонӣ намуда, онҳоро ба ҳавои тоза баровардем.

2. Чӯҷаҳо ҳамин ки хӯрокро диданд, дарҳол худро ба болои он мепартофтанд. Боз як хислати чӯҷаҳо ин буд, ки чизҳои ба гулӯяшон намеғунҷидагиро ҳам бо зӯр фурӯ бурданӣ мешуданд.

3. Мабодо ба онҳо пашша ё ору вохӯрад, ҳеҷ гоҳ онро зинда фурӯ намубурданд. Сайдашонро бо нӯлашон маҳкам газида, онро аввал якчанд маротиба ба замин зада, нимҷон мекарданду сонӣ фурӯ мебурданд.

Аъзоҳои ҷумла Ҷумлаҳо барои таҳлил I 1. Паланг даррандатарин ва нотарстарин ҳайвони ваҳшии рӯи замин аст. 2. Cадриддин Айнӣ нависандаи бузурги халқи тоҷик мебошад. 3. Ӯ бо ақли худ кор мекунад. 4. Наврӯзи дилафрӯз омад. 5. Шариф бачаи боғайрат аст.

II 1. Мо дам гирифтем. 2. Карим ба пирамарди қоматхамида салом дод. 3. Вай ба ман нобоварона савол дод. 4. Шамол лонаи паррандагонро вайрон кард. 5. Бачаҳо ба паррандаҳо дон доданд.

III. 1. Бибиам Наргиси хурдакакро ба яслӣ мебарад. 2.

Борони реза меборад. 3. Шағол аз тарс дир-дир ларзид. 4. Ман бо падарам чормағзчинӣ рафтам.

Диктанти озод Боғи мо 1. Боғи мо калон аст. Вайро бобои ман барпо карда будааст.

Бобоям боғбони моҳир буда, чандин боғ бино кардааст.

2. Дар боғи мо дарахтони гуногуни мевадор бисёр аст. Мо ҳар сол аз себ, зардолу, биҳӣ, гелос ҳосили фаровон мегирем.

Падарам як қисми ин ҳосилро ба ятимхонаҳо тӯҳфа мекунад.

3. Ман бо додарчаам Шамсиддин ба корҳои падарам дар боғ ёрдам медиҳем. Шохаҳои хушкшударо як ҷо ҷамъ меоварем. Ба зери навниҳолҳо бо сатилчаҳоямон об мерезем.

Диктанти санҷишӣ Дӯстони беҳтарин Ман дӯсте дорам ботамкин, маслиҳатгар ва хирадманд, ки ӯро “Китоб” ном аст.

Ҳар боре, ки вақти холӣ ёбам, дӯстонамро ҷустуҷӯ менамоям. Онҳоро аз рафҳои китобхонаи мактаб, хонаи дугонаҳоям пайдо карда, ҳамроҳашон сӯҳбат мекунам ва ҷаҳон- ҷаҳон лаззати маънавӣ мегирам. Китобу китобхонӣ барои ман шуғли асосӣ шуда мондааст. Агар ман рӯзе чанд саҳифа китоб нахонам, ҳамон рӯз ким-кадом чизи қиматамро гум кардагӣ барин мешавам. Ман асарҳои бадеиро мутолиа карда, аз қаҳрамони мусбиашон ибрат мегирам ва кӯшиш мекунам, ки дар ҳаёт мисли онҳо бошам. (83 калима) Мубтадо ва хабар - аъзоҳои асосии ҷумла Диктанти луғат 1. Гург, ман, дарахтон, гуфтанд, харгӯш, овоз баровард, хона, компутер, омада гуфт, бачаҳо, натарсанд, ҷӯраҳо, онҳо, мегузаштам, гиря кард.

2. Рӯбоҳ, оварда мерасонанд, ӯ, сохтмон, гуфт, сӯхт, Акбар, субҳ, тирамоҳ, ҷеғ зад, нигоҳ кун, ошхона, тиллои сафед, рафтанд, нашикан, дониш.

Ҷумлаҳо барои таҳлил I 1. Дандон ҳамаи чизҳои хӯрданиро майда мекунад. 2. Гург аз хонааш баромад. 3. Асалхӯрак хонаи занбӯри асалро ҷустуҷӯ мекунад. 4. Наврӯз иди солинавии мо мебошад. 5. Вай аввал бо кӯчабоғ то гузаргоҳ рафт. 6. Ангур пухт.

II 1. Раъно бо баҳои хубу аъло мехонад. 2. Омӯзгор вазифаи хонагиро санҷида баромад. 3. Шаҳлои мо хурдакак бошад ҳам, духтари зирак аст. 4. Онҳо бо овози паст гап мезаданд. 5.

Мӯйсафед ба ҷои духтарча нишаст. 6. Фарзанди нағз – боғи падар.

Диктанти озод Хайбар Баъд аз сар шудани хазонрезӣ ҳуҷуми шағолҳо ба мурғони деҳа қувват гирифт. Онҳо пеш аз ҳама ба мурғони ҳамсоягонамон ҳуҷум мекарданд.

Падарам аз хонаи тағоии чӯпонам як саги зотии чӯпонии шашмоҳа овард. Вай Хайбар ном дошт. Хайбар фаҳмида гирифт, ки хавфи асосӣ дар ин хонадон ба мурғон ҳуҷум кардани шағолон аст. Бинобар ин, вай ҳамеша дарахтонеро, ки ба шохи онҳо мурғон мехобиданд, дидбонӣ мекард ва гоҳ-гоҳ ба тарафи рӯи дарича рафта роҳи омади шағолонро тафтиш карда меомад.

Як саҳар, баъд аз сафед шудани рӯз падарам ба кӯча баромада рафт. Ман бедор будам. Ногаҳон овози “ қоқ” гуфтани як мурғро шунидам.

Диктанти эҷодӣ I 1. Фаромад, вай, бом, аз, оҳиста.

2. Буданд, асп, ром, аз, қадим, дар, хеле, ба, карда, худ, одамон, замонҳо.

3. Аст, паррандагон, шутурмурғ, пурзӯртарин, калонтарин, ва.

4. Аз, онҳо, ҳаво, гарм, мекунанд, нағмасароӣ.

II 1. Шер. Рафт. Инҳо. Ҷазо дод. Чорводорон. Хонда баромад.

2. Фароштурук. Ҳама. Бурд. Сӯхт. Субҳ. Баҳор. Омад.

3. Нон. Ватан. Муқаддас аст. Мебарорад. Тирамоҳ. Зиндагӣ мекунанд.

Диктанти санҷишӣ Оҳанг Умбаки доира шунида шуд ва ба вай нолаи қӯшнай, садои фараҳовари ғижжак, танбӯр ҷӯр шуд. Ҳофизон табақчаҳоро бардошта рӯи худро пӯшиданд ва дар зери оҳанги шӯхе ғазали Камоли Хӯҷандиро суруданд.

Баъди ин дастаи мусиқӣ як оҳанги маҳзунро навохт. Танбӯр андӯҳгинона аз дил садо мебаровард, қӯшнай оҳ мекашид, ғижжак шикоят мекард. Ниҳоят мусиқанавозон дам нагирифта, оҳанги дигарро сар карданд. Вай аввал раъду барқ, шамол, сонӣ нағмасароии шаршараҳои кӯҳсор, хониши бо ҳам омехтаи булбул, ҷӯр ва паррандагони дигарро ба хотир меовард. (80 калима).

Диктанти шунавоӣ Зоғи доно Зоғе хеле ташна буд. Дар ҳавлие кўза дид. Парида омад, то об нўшад. Аммо об дар кўза кам буд. Зоғ ҳар қадар зўр зад, нўлаш нарасид. Медонед, бачаҳо, зоғ чӣ кор кард? Зоғ доно буд. Илоҷи корро ёфт. Ў чанд дона сангча оварда ба даруни кўза партофт. Об боло баромад. Зоғ бемалол аз он нўшид.

Оҳангар Бобои ман оҳангар, Додои ман оҳангар, Ман дил бастаам бисёр Ба ин касбу ин ҳунар.

Оҳанро тафсон кунам, Болои сангдон кунам.

Нўъмон Розиқ Як дарахти себ Дар боғи мо як дарахти себи пир ҳаст. Вай ба замин хеле чуқур реша давондааст.

Баҳорон офтоб заминро гарм мекунад. Решаҳои он шираи заминро ҷаббида, ба тана, навда, шох ва барг медиҳад. Ҳосил фаровон мешавад.

Бачаи тарбиятдида Ҳар бача, ки тарбият дида бошад, бисёр баодоб мешавад.

Хӯроку пӯшокашро покиза нигоҳ медорад. Аз таом хӯрдан пеш ва ҳам сонӣ дасташро мешӯяд. Нохуни дасту пояш ҳамеша гирифтагӣ мебошад.

Хорак Нозим ва Носир аз боғи Абдусалом хорпуштакеро дошта оварданд. Мо ўро Хорак номидем. Хорак бо гурбаамон Мошон ва сагамон Алопар шинос шуда, онҳо зуд ба якдигар ҷўра шуданд.

Диктанти худамро месанҷам Ҷашни Наврўз Мардуми мо ҳар сол моҳи март Наврўзро ҷашн мегиранд.

Вақте ки Наврўз наздик мешавад, барфҳо ҳама об мешаванд, сабза медамад, гулҳои баҳорӣ, аз қабили гули зардак, сиёҳгўш, бойчечак мешукуфанд, дарахтон чодари сабз ба сар мекунанд.

Ҳама чиз зебо, сабзу хуррам менамояд. Бачаҳо ба рўи сабзаҳои нармак ба ҳар тараф метозанд, медаванд, бозӣ мекунанд. Бачаҳо хеле зирак ва ҳушёранд. Онҳо аз болои теппаҳо, лабу ҷўйҳо, доманаи кўҳпораҳо, адирҳо гулҳои гуногуни баҳорӣ чида меоранд ва ба падару модар тақдим карда, мегўянд:

Наврўзатон фирўз бод, Ҳар рўзатон Наврўз бод!

Дар ин рўз ҳақиқатан ҳам табиат ранги дигар мегирад, рўз нав мешавад. Наврўз ё рўзи нав оғози зиндагии нав аст.

Диктанти санҷишӣ Муш Дар бораи зиракию ҳилагарии мушҳо аз падарам бисёр нақлҳои аҷоиб шунида будам. Вале ҳоло фақат ба ҳаракатҳои муш диққат медодаму халос. Вай болою поён давида, зуд-зуд ба ковокии танаи дарахт медаромад. Падарам аз тамошои ҳаракатҳои муш хушҳол мешуд. Вай баногоҳ кори аҷибе кард:

гўшашро ба танаи дарахт ҷафс карда, баъд пичиррос зад.

Ману падарам чормағзчинӣ рафтем. Аз теппае гузаштем. Он ҷо як дарахти калони чормағз буд. Паррандаҳо моро дида, ба ҳар тараф паҳн шуданд. (78 калима).

пешина
аз 20