Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа
Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (4)
Кадудуздак Бозии кадудуздак дар баъзе деҳоти минтақаи Кӯлоб роиҷ аст. Ин бозиро одатан дар фаслҳои баҳору тобистон писарони аз 8 то 14-сола барпо мекунанд. Дар ягон боғча ё замини сабзазор бачаҳо ҳамчун каду якчанд сангҳои начандон вазнинро мегузоранд. Аз байни бозигарон як нафарро барои иҷрои нақши посбон интихоб менамоянд. Бозигарони дигар нақши дуздонро бозӣ мекунанд. Посбон дар замин нишаста, чашмонашро бо дастонаш пӯшонида, худашро ба хоб меандозад. Дуздон аз ҳар тараф омада, кӯшиши дуздидани кадуҳоро мекунанд. Посбон аз назди полиз дур нарафта, кадуҳоро ҳимоя мекунад. Агар посбон кадом дуздеро, ки якум шуда дастгир кард, он гоҳ бозӣ аз нав шурӯъ мешавад ва шахси дастгиршуда нақши посбонро бозӣ мекунад. Агар дуздҳо ҳамаи кадуҳоро дуздида тавонанд, он гоҳ посбон боз аз сари нав ҳамин нақшро иҷро мекунад.
Калтуф Калтуф аз бозиҳои анъанавии бачагони водии Яғноб мебошад. Онро ҳам писарон ва ҳам духтарони хурдсол, асосан, фасли баҳор дар болои боми хонаҳо ва боғчаву майдонҳо мебозиданд. Барои бозӣ аз пашми гову гӯсфанд ё буз ба андозаи чормағз ва баъзан аз он калонтар тӯбча месохтанд, ки онро «кал» меномиданд.
Гурӯҳи бачагон қатор истода ҳар кадом тӯбчаҳои худро ба боло мепартофтанд ва боз дошта мегирифтанд. Ҳангоми болопартоии тӯбча баробар мегуфтанд: «куте, кутак, осмон патакак!» («сагча, сагча, осмон кушод аст!»). Ин ҷумла ба он маъно буд, ки осмон васеъ аст ва тӯбчаҳо дар ягон ҷо дарнамемонанд.
Вақти бозӣ кӯшиш мекарданд, ки тӯбчаро ба замин наафтонида, дошта гиранд. Духтаракони солашон калонтар бо тӯбчаҳои аз риштаҳо бофтаи худ бозӣ мекарданд.
Кашкашак Кашкашак мисли бозии бандкашак аст, аммо бе арғамчин бозида мешавад. Равиши бозии кашкашак чунин аст: писарону духтарони 7-12 сола, баъзан наврасони 14-15 сола дар майдонча ҷамъ шуда, дар замин хатте мекашанд ва ба ду дастаи баробар тақсим мешаванд. Ду бозигар аз ду гурӯҳ аз ду тарафи назди хат истода, дастони якдигарро дошта меистанд. Дигарон аз қафои онҳо қатор мешаванд ва камари шахси дар пеш истодаашонро медоранд. Бо фармони довар ё муаллим онҳо ба бозӣ шурӯъ мекунанд. Дастаи ғолиб ҳамонест, ки қатори ҳарифонро кашида, аз хат ба сӯйи худ гузаронад.
Китфҷанг Бозии китфҷанг бо номҳои хурӯсҷанг ва мурғбозӣ маъмул аст, ки ба он писарбачагони 10-15 сола машғул мешаванд. Китфҷангро бештар дар фаслҳои зимистону баҳор бозӣ мекунанд. Бозӣ дар майдонча, боғча ва ё ягон ҷойи ҳамвор гузаронида мешавад. Дар замин доираи қутраш 2 метр кашида мешавад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, ҳама рӯ ба рӯи доира аз ду тараф дар майдон саф мекашанд. Аз ҳар даста як нафарӣ ба даруни доира меоянд. Ҳар дуи ин бозигарон дар як пой истода, пойи дигарашонро ба ақиб қат карда, бардошта меистанд ва дастҳоро ба пушт мегузоранд. Бо садо додани фармони бозӣ онҳо якдигарро бо китф тела дода, аз доира мебароранд ва ё кӯшиш мекунанд, ки ҳариф пойи дуюмашро ҳам ба замин гузорад. Касе, ки ҳарифашро аз майдон тела дода берун кард ва ё ба ду пой истодан маҷбур кард, ғолиб дониста мешавад.
Бозигари мағлуб аз майдон берун мешавад ва ба ҷойи ӯ аз дастаи ҳарифон бозигари дигар ба доира медарояд ва бозиро идома медиҳад.
Дар баъзе деҳоти водии Ҳисор ин бозиро «хурӯсҷанг» меноманд, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар байни мардум барпо мегардад. Ба ғолибон туҳфаҳо дода мешавад.
Мурғбозӣ дар байни бачагони Фархор маъмул мебошад. Бачаҳои 10-12 сола дар майдончае ҷамъ мешаванд. Ду нафар аз онҳо интихобӣ ё ихтиёрӣ ба майдон медароянд. Ҳар яке аз бачаҳо дастҳоро пеши бар ба тан ҷафс карда, ба ҷанг омода мешаванд. Онҳо мисли мурғ мебошанд, ки бидуни даст бо китфҳо ҳамдигарро зада (ё аз давра берун мекунанд ва ё аз хат) мағлуб мекунанд. Ғолиб касест, ки ҳарифашро то хаста шуданаш мағлуб созад.
Кӣ ҷаллод?
Кӣ ҷаллод? (номи дигараш пошшобозӣ). Чор хадраи рости алафи аҷириқро канда, онҳоро душоха, сешоха, чоршоха ва панҷшоха мекарданд. Алафи душоха – “дузд”, сешоха – “ҷаллод”, чоршоха – “вазир” ва панҷшоха – “подшоҳ” ном доштанд. Бозиро 5 нафар бозӣ мекарданд. Сардор алафҳоро ба дасташ вожгун медошт, то ки шохҳояшон натобаду танҳо думчаҳояшон намоён бошад. Сардор мепурсид: «Кӣ ҷаллод?» ва бачаҳо яктогӣ мегирифтанд. Касе, ки алафи панҷшохаро гирифта бошад, «ман подшоҳ» мегуфт. Соҳиби алафи чоршоха «ман вазир» мегуфт. Иштирокчие, ки алафи сешохаро кашида гирифт, «ман ҷаллод» мегуфт. Ба касе ки алафи душоха омад, «ман дузд» мегуфт. Сипас вазир ба подшоҳ арз мекард, ки дуздеро дастгир кардам, чӣ ҷазо диҳам? Подшоҳ фармон медод, ки фалон ҷазо. Масалан, як шапалоқ зан, ё маро пуштат савор карда, то фалон ҷой бар. Ё ки дурра сохта, гунаҳгорро мезаданд. Ё ки ба пешонии дузд туф мекарданд, мегуфтанд, ки «зоғ ифлос кард». Баъзан фармонҳое ба мисли як бор рақс кун, ё суруд хон ҳам мегуфтанд.
Баъди иҷрои фармон бозӣ боз аз нав оғоз мешуд.
Кишт пухт?
Ин бозӣ, асосан, дар байни бачагони шаҳри Истаравшан маъмул будааст. Барои ин бозӣ 6-8 нафар писарбачаҳо якеро аз байни худ барои «хирман» шудан интихоб менамоянд. Шахси нақши «хирман»-ро иҷрокунанда дар мобайни майдонча чорпо шуда, мешинад.
Бачаҳо яктаку ҷомаҳои худро кашида, ба болои «хирман» мепартоянд. Як нафари дигар «хирман»-ро посбонӣ мекунад. Дигарон ба «хирман» ҳуҷум мекунанд ва шахси чорпо истодаро бо пояшон лагад мезананд.
Посбон намегузорад, ки ҳуҷумкунандагон ба «хирман» пояшонро расонанд ва худи ӯ наздикшудагонро бо пояш зада дур мекунад. Лагади посбон ба кадом бозигаре, ки расид, ҳамон кас «хирман» мешавад. Посбон ду рӯймолро ба якдигар баста, як нӯгашро ба дасти шахси «хирман»-шуда медиҳад ва аз нӯги дигараш худаш гирифта, гирд-гирди «хирман» давр задан мегирад.
Шарт ин аст, ки посбон набояд нӯги рӯймолро сар диҳад. Ин бозӣ дар замонҳои пеш дар Истаравшан дар болои бомҳо ташкил мешуд.
Номи дигари ин бозӣ “кӯрпа-ёфтӣ” мебошад, дар байни бачагони ноҳияи Варзоб маъмул буд. Бачае дар замин мехобид, ба дасти он як нӯги ресмон ё арғамчинро медоданд. Дар гузашта бачаҳо саллаи худро кушода, ҳамчун арғамчин истифода мебурданд. Ҳамаи бачаҳо ҷомаҳои худро кашида, ба болои он мепартофтанд. Сипас яке аз бачаҳо нӯги ресмон ё салларо гирифта, он бачаи хобидаро ҳимоя мекард. Ӯ намегузошт, ки бачаҳои дигар омада, шахси хобидаро зананд.
Агар бачаи ҳимоятгар бо даст ё пояш ба ягон бозигари наздикомада расад, он гоҳ ӯ ба ҷойи шахси хобида, дар замин мехобад ва ҳамин тавр бозӣ давом меёбад.
Куличабозӣ Куличабозиро бачаҳои ноҳияи Муъминобод, дар айёми чормағзпазӣ бо чормағз ташкил мекарданд. Дар бехи девор охурча мекофтанд. Аввал шахси якум як мушт чормағзро аз масофаи 3-4 метр ба охурча мепартофт. Шахси якум соҳиби хазина ҳисоб мешуд.
Агар шумораи дар охурча воридшудаҳо ҷуфт бошад, бозигарони баъдӣ бояд барои ғалаба ҷуфт партоянд. Агар тоқ бошад, чормағзҳо дар ҷояшон меистанд. Сипас бозигари дувум 8-9 дона чормағзҳоро мушт карда, ба охурча (қулича) мепартояд. Агар мисли шахси аввала ҷуфт ё тоқ ояд, он гоҳ чормағзҳоро мегирад. Агар хилофи он омад, чормағзҳояшро мегузорад. Ҳамин тавр, бозӣ то тамом шудани чормағзҳои баъзе аз бозигарон идома меёбад.
Кулӯхбаҷокунак Кулӯхбаҷокунак, бозии анъанавии бачагони Рашту Дарвоз буда, бештар дар фасли баҳор дар болои бомҳо бозида мешуд. Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, дар як гӯшаи бом қарор мегирифтанд. Дар гӯшаи дигари бом хате кашида, ҳамчун марра ишора мекарданд, ки он "чал" ё "чалҷога" ном дошт. Бозигарони ҳар як даста паси ҳамдигар нишаста, пойҳои худро ба ду тараф мекушоданд. Фосилаи байни дастаҳо 2-3 метрро ташкил мекард. Яке аз сардорони дастаҳо кулӯхчаеро гирифта, дар бағали яке аз бозигарони дастаи худ ноаён пинҳон менамуд. Сипас кулӯхчаро сардори дастаи дигар ҷустуҷӯ мекард. Агар сардор кулӯхро пайдо накунад, бозигари дар пеш нишастаи дастаи ҳариф ба самти гӯшаи дигари бом – "чал" як бор меҷаҳид ва зуд дар ҷояш менишаст. Аз оқиби ӯ шариконаш давида омада, аз паси бозигари якум ба тарзи пешина менишастанд. Сардори дастаи дуюм боз кулӯхро ҷустуҷӯ мекард. Агар ӯ боз наёмеёфт, бозигарони дастаи ҳариф боз бо як ҷаҳиш ба хатти марра – "чал" наздиктар мерафтанд. Ҳамин тариқ, кадом дастае, ки зудтар ба хатти "чал" мерасид, ғолиб дониста мешуд. Бозигарони дастаи мағлуб ғолибонро ба пушти худ савор карда, якчанд бор гирди бом чарх занонида, боз ба ҷойи аввалаашон меоварданд. Агар сардор кулӯхро пайдо кунад, навбати пинҳонкунии кулӯх ба дастаи дигар мегузашт.
Қаламчӯббозӣ Ин бозиро, азбаски бо чӯб ё асо бозӣ мекунанд, қаламатаёқ ва қаламаасо низ меноманд. Ин бозӣ бештар дар байни бачагони ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Қубодиён роиҷ аст. Қаламчӯббозӣ дар дар фаслҳои гарми сол дар боғчаву майдонҳои васеъ баргузор мегардад. Бачаҳо барои бозӣ чӯбҳои дарозиашон тақрибан 1 метраро интихоб карда, нӯгашонро мисли нӯги қалам метарошанд, ки он ба найзаи чӯбин монанд мешавад. Дар бозӣ 5-6 нафар писарбачагону наврасон иштирок мекунанд. Дар майдон аз хок теппачае месозанд ва чӯберо амудӣ дар болои он мехалонанд, ки он нишончӯб ба ҳисоб меравад.
Бачаҳо аз масофаи 15–20 м дуртар аз теппачаву нишончӯб саф қатор истода, бо навбат бо қаламчӯби худ нишончӯбро ба ҳадаф гирифта, партоб мекунанд.
Бозигаре, ки қаламчӯбаш ба нишончӯб расида, онро зада афтонад, ғолиб дониста мешавад. Дар навбти баъдӣ ӯ чӯби худро ба болои теппача халонида мемонад. Бозигаре, ки қаламчӯбаш ба нишон нарасид, “зув-в-в-в” гуфта, то назди теппача давида, боз ба ҷои худ бармегардад. Бозӣ ҳамин тавр идома меёбад.
Дар байни бачаҳои Ҳисор тарзи андаке дигари ин бозӣ роиҷ аст. Бачаҳо дар майдон ё дигар ҷойҳои ҳамвор, ҷамъ шуда, як адад зарфи пластикӣ (бокалажка)-ро ҳамчун нишона мегузоранд. Сипас аз масофаи муайян бо навбат онро ба нишон гирифта, бо чӯбашон мезананд.
Қалъагирак Ин бозӣ дар Рашту Дарвоз ва баъзе навоҳии Бадахшон роиҷ буда, дар фаслҳои гарм дар майдончаҳо барпо мешуд. Бозигарон ба ду даста тақсим шуда, ҳар як даста сардори худро интихоб мекард. Дар майдон аз сангҳо "қалъа"-е сохта, сардорҳо наздикии он меистоданд. Дастаҳо дуртар аз қалъа ҷой мегирифтанд. Бо фармони сардорҳо бозигарон ба қалъа ҳамла меоварданд. Задухӯрди шӯхиомез дар байни бачаҳо сурат мегирифт. Дар муҳориба танҳо бо пойҳо зарба задан мумкин буд. Бозӣ бо ғалабаи он дастае ба анҷом мерасид, ки қалъаро ба даст овардааст.
Бачагони водии Хуф дар фасли баҳор бозии "калла-зехт" ё қалъагиракро ташкил мекарданд. Дар фасли баҳор деҳқонон поруи чорпоҳоро ба саҳро бурда, мерехтанд. Бачаҳо чунин тӯпи поруҳоро ҳамчун "қалъа" қарор дода, бо фармони сардорон ба болои он мебаромаданд ва сарбозҳои ҳарифро аз боло ба поён тела медоданд. Аз дасти шарикони худ гирифта, ёрӣ медоданд, ки ба болои қалъа бароянд. Ҳамон дастае, ки болои тӯпи порӯро ишғол мекард, пирӯз шуморида мешуд.
Бозигарон ҳангоми бозӣ «урраст» гӯён, наъра мезаданд ва бо ин садо далерию ҷасорати худро ифода мекарданд.
Дар ноҳияи Файзобод, дар фасли зимистон бачаҳо аз барф қалъаҳои барфӣ месохтанд. Шарти бозии қалъагирак чунин буд, ки бачаҳо ба ду дастаи баробарқувва тақсим мешуданд: Як гурӯҳ болои ғарами барф ё худ "қалъа" мавқеъ мегирифт, гурӯҳи дигар аз поин ба ин қалъа ҳамла мекард, то ки онро фатҳ кунад.
Тамоми усул барои шикастани қалъаи ҳарифону ҷои онҳоро гирифтан ҷоиз буд.
Навъҳои гуногуни қалъасозӣ дар фасли зимистон аз барф ва дар фасли тирамоҳ, дар заминҳои шудгоршуда аз кулӯхҳо низ дар байни бачаҳои дигар минтақаҳои тоҷикон низ маъмул буд.
Қолбозӣ Қолбозӣ, номи дигараш шалоқак, бозии анъанавии духтарон мебошад, ки бештар дар фаслҳои гарм дар майдонча ва роҳравҳо бозида мешавад. Шумораи бозигарон аз 2 то 8 нафар буда метавонанд. Барои бозӣ ҳар кадом духтарон яктогӣ сангҳои гирду ҳамвор мегиранд, ки он “қол“ ё “лап” ном дорад. Дар замини ҳамвор бо бӯр ё чизе дигар хоначаи чоркунҷаи дарозиаш тақрибан 2 метр ва бараш 1 метр мекашанд. Хоначаро ба чор катаки хурдтар ҷудо мекунанд ва ба онҳо бо тартиб рақам мегузоранд. Бозигарон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бозиро оғоз мекунанд. Бозигари аввал сангро ба катаки рақами як партофта, як пояшро бардошта,ҷаҳида-ҷаҳида бо пойи дигараш онро зада, ба катаки дуюм мебарад, аз он ҷо бо як ҷаҳиш сангро ба катаки севум мезанад ва ҳамин тавр ба катаки чорум мегузарад. Аз катаки чорум боз баръакс ба сӯйи катаки аввал сангро пеши по карда меояд. Агар баъди пеши по задан санг дар рӯйи хат қарор гирад, ё аз катаки матлуб берун барояд, дар ин ҳол навбати бозигар “месӯзад”, яъне қатъ мегардад. Бозиро сипас бозигари дигар давом медиҳад.
Қолбозӣ дар байни водии Рашт бозии писарбачагон буда, ба тарзи дигар сурат мегирад. Ду нафар бачаҳо дар даст сангҳои ба андозаи себ доранд, ки номи он «қол» мебошад. Онҳо пас як хат истода, яке қолашро ба пеш ҳаво медиҳад, дувумӣ бояд бо санги худ қоли ҳарифро ба нишон гирифта занад. Агар ӯ ба қол расонида тавонист, пас ҳариф ӯро то ба назди сангаш ба пушти худ савор карда, мебарад. Агар ба нишон расонида натавонист, он гоҳ навбат ба ҳарифаш мегузарад ва ӯ қоли ӯро ба нишон гирифта мезанад.
Дар ноҳияи Тоҷикобод 2-3 нафар бачаҳои аз 7 то 17-18 сола, ҳатто баъзан калонсолон низ ба бозии қолбозӣ машғул мешавнд. Барои бозӣ онҳо майдончаи ҳамвор, саҳни боғча ва ё роҳҳоро интихоб мекунанд.
Асбоби бозӣ: ҳар як бозигар яктогӣ қол – санги ҳамвори паҳн мегиранд. Дар майдон давраи қутраш тақрибан 1,5 м мекашанд ва дар мобайни он ҳар бозигар 3-4 адад сангчаҳои баробари зардолуро мегузорад. Сангчаҳоро тӯп мекунанд. Аз масофаи 5-6 м бачаҳо хатте кашида аз паси он бо навбат ғарами сангчаҳоро ба нишон гирифта, қолҳоро мепартоянд. Бояд қол ба сангчаҳо бархӯрда, чандтояшро берун аз хатти давра барорад ва худи қол бояд дар даруни давра монад.
Агар қол берун аз давра барояд, ё дар болои хат қарор гирад ва ё ба нишон нарасад, навбати бозӣ ба бозигари дигар мегузарад. Агар қол ба сангчаҳо расида, чандтояшро берун аз давра кунад, онгоҳ бозигари комёб бозиро давом медиҳад ва аз нав партоб мекунад. Чанд адад сангчаеро, ки ӯ аз давра зада, берун карда бошад, он сангачаҳоро аз худ мекунад. Ҳар бозигаре, ки миқдори зиёди сангчаҳоро бурд кунад, ғолиби бозӣ ба ҳисоб меравад. Дар айёми зардолупаз ин бозӣ бо донакҳои зардолу иҷро мешавад.
Лаклак ё чумчуқ?
Як навъ бозии анъанавии бачагона, ки бештар дар фаслҳои гарм дар ҷӯю дарёчаҳо барпо мешуд. Бачаҳои вилояти Самарқанд ин бозиро одатан дар лаби ҷӯй ташкил мекарданд. Дар ин бозӣ ду нафар иштирок менамуданд. Яке ба кафи дасти росташ об гирифта, аз дигаре мепурсид: «Лаклак ё чумчуқ?» Пас аз ҷавоб додани бачаи дуюм ӯ обро ҳаво дода, бо кафаш мезад.
Агар об сахт пош хӯрад, “чумчуқ“ ва агар пош нахӯрад, “лаклак“ шуморида мешуд. Агар гуфтаи ҳарифаш шавад, бозигари якум мағлуб ҳисоб меёфт ва навбати бозӣ ба бозигари дуюм мегузашт.
Ин бозӣ дар байни бачаҳои водиҳои Зарафшону Ҳисор низ маъмул буд, аммо номи мушаххас надошт.
Ланкабозӣ Ланкабозӣ бо номи сурббозӣ дар байни сокинони Бадахшон ҳанӯз аз охири асри ХIХ маъмул будааст.
Ланкабозӣ дар асри ХIХ тавассути ӯйғурҳо аз Чин ба фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, роҳ ёфтааст. Тибқи андешаи баъзе муҳаққиқон, номи афзори ин бозӣ – «ланга» аз калимаи тоҷикӣ-форсии «ланг» – чӯлоқ ва ё аз «линг» - пой гирифта шудааст. Ланка аз порачаи пӯсти пашмдори буз (баъзан аз пӯсти дигар ҷонварони хонагӣ) ва пораи сурби гирдашакл сохта мешавад. Сурбро ба сурати танга дар қолиб рехта, ба он ду то сӯрох мекунанд ва пӯстпораро ба он бо ресмон ё сим мебанданд.
Ланкабозӣ ҳамчун сабқат ба таври гурӯҳӣ ё дунафарӣ сурат мегирад. Бачаҳо шумораи муайянеро марра қарор дода, ба бозӣ шурӯъ мекунанд. Агар дар вақти бозӣ ланка ба замин афтад, навбати бозӣ ба бозигари дигар мегузарад. Ҳар нафар ё гурӯҳе, ки пештар ба марра расид, ғолиб дониста мешавад.
Ғолибон мағлубҳоро тавассути ланкапартоӣ ҷазо медиҳанд. Бозигарони мағлубшуда ланкаро аз масофаи 1-1,5 метр ба сӯйи бозигарони ғолиб ҳаво медиҳанд.
Ғолибон ланкаро бо пой ба ҳар сӯй зада, онҳоро медавонанд. Агар бозигари мағлуб дар ин ҳолат ланкаро аз ҳаво дошта гирад, “ҷазо” қатъ мегардад. Агар бо пояш зада тавонад, он гоҳ шахси якум ё ғолиб ба чунин “ҷазо” гирифтор мешавад.
Ланкабозӣ навъҳои гунонгун дорад. Навъи маъмулии он – бо пойи чап яклинга истода, пойи ростро ба дарун қат карда, ланкаро бо буҷулаки пой ва атрофи он задан мебошад. Баъд аз ҳар зарба задани ланка, бозигар пойро як маротиба ба замин мемонад ва мувозанати худро таъмин менамояд. Инчунин навъҳои «виса» – пойро ба замин нагузошта, задани ланка, «ҷуфт» – ду бор задани ланка, «қайчӣ» – аз паси пойи чап гузаронида задани ланка ба пойи рост ва дигар анвои ланкабозӣ маъмул мебошанд.
Мардумшиноси рус М.С. Андреев дар ибтидои асри ХХ ин бозиро дар байни бачагони водии Хуф дучор шуда, дар китоби худ оид ба он маълумоти муфассал додааст. Тоҷикони Хуф ланкабозиро «Сурббехт» меномиданд, ки яке аз машғулиятҳои бачагону ҷавонон дар фасли зимистон ва дигар фаслҳо ба шумор мерафтааст. Андреев навъҳои гуногуни сурббозиро ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла, “моц” – навъи маъмулӣ бо пойи рост, “маа“ – ду бор бо пойи рост ва як бор бо пойи чап, “зун” – зонуро қат карда бо пойи рост задан, “цинг” – пойро ба замин нарасонидан, “қадиқ” – панҷ бор пасттар ва дафъаи шашум баробари қад баланд задани ланка, “визом” – панҷ бор пасттар ва маротибаи шашум баробари шифти хона баланд задани ланка, “панҷо йи тахт” – панҷ бор бо пойи рост ва як бор бо пойи чап задани ланка, “порсик” – бозигарон давра истода, бо навбат ланкаи дар ҳаво бударо бо пой мезананд.
Дар байни бачагони Хуф бо номи «пур-солат» навъи ланкабозие маъмул буд, ки мазмуни иҷтимоӣ дошт. Бозигарон давра истода, аз байни худ якнафарро “оқсақол” ва шахси дигарро “арбоб” интихоб мекарданд. Арбоб пеш аз бозӣ гирди давра гашта, ҳамаро бо пой як лагадӣ ба таври рамзӣ мезад, ки онро “бунак” мегуфтанд. Сипас бозигарон ланкаро бо пой ба якдигар ҳаво дода, кӯшиш мекарданд, ки бехато зананд. Як бор хатокардаҳоро мебахшиданд. Агар бозигар бори дуюм хато кунаду ланка ба замин афтад, бо фармони оқсақол, сар карда аз арбоб, ҳама ӯро бо пой як лагадӣ мезаданд. Агар аз паҳлӯи бозигарон касе гузашта, ба бозӣ халал мерасонид, бо фармони оқсақол арбоб рафта аз ӯ “бор” (андоз) меситонид. Бор низ дар сурати задани як лагади рамзӣ анҷом дода мешуд.
Ланкабозиро дар ноҳияи Ашт парбозӣ меноманд.
Бачаҳо ланкаро аз пӯсти пашмдори буз ё гӯсфанд бо часпонидани сурби тангашакл месозанд. Дар вақти бозидан «Як парра, ду парра…»-мегӯянд ва номи ин бозиро ҳамин сабаб парбозӣ гузоштаанд.
Ланкабозӣ дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он густариш ёфта, дар ҳар кишвар тобишҳои миллӣ гирифтааст. Ланкаро духтарон низ аз латта тайёр карда, бозӣ мекунанд.
Лапакбозӣ Ин бозӣ бо лапак – сангчаҳои ҳамворӣ баробари зардолу дар майдонча барпо мешавад. Дар замин давра кашида, дар байнаш ҳар бозигар яктогӣ ё дутогӣ лапак мегузоранд. Сипас аз масофаи муайян бачаҳо бо навбат бо санги дигар лапакҳоро ба нишон гирифта, мезананд.
Кадом лапаке, ки аз давра берун шуд, бозигари нишонзан онро моли худ мекунад. Ҳамин тавр, то тамом шудани лапакҳо бозӣ давом меёбад. Пас аз зада баровардани лапаки охирин аз давра, бозӣ аз нав шурӯъ мегардад.
Лапарбозӣ Яке аз бозиҳои анъанавии бачагони Кӯҳистони Бадахшон лапарбозӣ мебошад. Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, ҳар кадом «лапар» – санги гирди ҳамворро интихоб мекунанд. Лапарҳоро бо навбат аз масофаи муайян ба сӯйи санги нишона, ки онро «чилғиз» меноманд, ҳаво медиҳанд. Бозигарон кӯшиш менамоянд, ки сангашон ба чилғиз наздиктар равад, аммо ба он нарасад. Дар ҳолати ба чилғиз бархӯрдани лапари яке аз бозигарон бозӣ вайрон шуда, онро аз сари нав шурӯъ мекунанд. Вақте ки ҳама сангҳоро партофтанд, ба ҳисоб мегиранд, ки санги кӣ ба чилғиз наздиктар аст. Онҳо ҳисобро ба шумори кафи по анҷом медиҳанд. Бозигари ғолиб – оне, ки сангаш ба чилғиз наздиктар афтида аст, лапарҳои дигаронро бо санг зада, дар охир чилғизро ҳамин тавр зада, дуртар меандозад. Сипас бо кафи по ҳисоб мекунанд, ки чилғиз ба кадом масофа дуртар афтидааст. Ҳамин тариқ, миқдори кафи пойҳоро шумурда, то марраи муайян мерасанд. Ҳар бозигаре, ки ба ҳисоби марра пештар расид, иштирокчии бохтаро аз дастаи ҳариф «хар» карда, ба болояш савор мешавад. Бозигари мағлуб аз хатти бозӣ то ба ҷойи афтидани чилғиз ғолибро ба пушташ савор карда мебарад. Ғолиб санги чилғизро дар бағал гирифта, боз болои «хар» савор шуда, ба нуқтаи аввали бозӣ бармегардад. Бо ҳамин бозӣ аз сари нав оғоз мешавад.
Лапарбозӣ дар байни бачагони ноҳияи Айнӣ низ роиҷ буда, тарзи равиши андаке аз тасвири болоӣ тафовут дорад. Бачаҳо ҷамъ шуда, ба ду даста тақсим мешаванд ва шумораи муайянро марра интихоб менамоянд. Ҳар кадоми бозигарон лапари сангини паҳн ва санги кулула, ки онро тир ё тӯб мегуфтанд, бо худ доранд Аввал санги кулула ё тӯби сангинро ба масофаи 1-2 метр мемонанд, баъд бо лапар онро ба нишон гирифта, бо лапар онро мезананд. Дар натиҷа тӯби сангин якчанд метр парида меравад ва бо кафи пой, мисли ваҷаб, он масофаро мешуморанд. Дастаи дувум ҳам чунин амалро такрор мекунад. Ҳамин тавр, дастаҳо чандин бор сангпартоиро такрор мекунанд ва ҳар дастае, ки пештар ба ҳисоби марра расид, ғолиби бозӣ мегардад.
Лойбозӣ Лойбозӣ шуғли кӯдакон мебошад. Дар фаслҳои гармо, дар деҳот бачаҳои хурдсол аз хоку об лой шӯрида, бо лой ҳар гуна ашёву анҷоми рӯзгорро месозанд.
Аз лой похса зада девор мекунанд, бо қуттичаи гӯгирд хишт мерезанд, хона месозанд. Танӯр, оташдон, дег сохта, «нон мепазанд». Ҳар гуна ҳайвон, мева, мошин ва ғайра месозанд.
Лойро бачаҳо баъзан аз гили лаби ҷӯйҳо ё аз замини полезҳое, ки обёрӣ шудааст, ба даст меоранд.
Гоҳҳо дар ҳавлиҳо калонсолон лой шӯрида, девор мезананд ва аз ин фурсуат истифода бурда, бачаҳо аз лойи онҳо барои худ масолеҳи бозиро дарёфт мекунанд. Лой барои бачаҳо мисли пластилин мебошад.
Бачаҳои деҳот, бинобар камчинии пластлин ва фаровон будани лой ба лойбозӣ машғул мешаванд.
Ба лойбозӣ бештар бачаҳои синни томактабӣ машғул мешаванд. Ин шуғли кӯдакона ба рушди зеҳну эҷодкории онҳо мусоидат мекунад.
«Мазак-лаблабу» «Мазак-лаблабу» як навъ бозии бачагони ноҳияи Муъминобод мебошад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва дар масофаи 4-5 метр рӯ ба рӯи ҳам менишинанд. Аз як гурӯҳ як нафар навбат гирифта, ҷомаро (кӯрпа ё кампалро) дар сар мекашаду ором мешинад.
Аз гурӯҳи рақиб як нафар бозигар омада, аз болои ҷома як шаппотӣ зада, рафта ба ҷояш мешинад.
Сипас он шахси ҷомаро басаркашида бачаи дар сараш задаро меҷӯяд. Агар дуруст ёбад, навбати ҷома ба сар кардан ба он бозигари дастгиршуда мегузарад, аммо агар бачаи матлубро наёбад, боз ду бор, дар маҷмӯъ се маротиба ба вай имкон медиҳанд, ҳарифро пайдо кунад. Дар ҳоли ноком шудан, ӯ такроран ҷомаро ба сар кашида, менишинад ва бозӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Маҳтовпучак Маҳтовпучак дар байни бачагони кӯҳистон маъмул буда, дар водиҳои Зарафшону Ҳисор ин бозиро «аккапучак» ва дар Кӯлоб онро «Офтов-маҳтов қароқуш» меномиданд. Бозиро зимистону баҳорон дар болои бомҳо ва дар вақти гармо дар боғу майдончаҳо ташкил мекарданд. Бачагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар кадом дар як гӯшаи бом ё майдонча дар масофаи тахминан 10 метр аз ҳам ҷой мегирифтанд. Сардорҳои ҳар ду даста дар мобайн меистоданд. Сардори якум бо дастонаш чашмони яке аз бозигарони дастаи худро мепӯшонид. Ба назди ӯ аз бозигарони дастаи дигар яке омада, оҳиста ба пешониаш бо ангушт мезаду боз рафта ба ҷойи худ менишаст ва ҳамроҳи дигар ҳамгурӯҳонаш бо дастҳояшон қарсак зада, мегуфтанд:
«офтов, маҳтов, қароқуш, мир омад ай сари қуш».
Сипас сардор чашмони он бозигарро мекушод ва ӯ ба ҷустуҷӯйи ҳамон касе, ки ба пешониаш ангушт зада буд, мебаромад. Агар ӯ бозигари ба пешониаш ангуштзадаро меёфт, ӯро гирифта ба дастаи худ оварда, ҳамроҳ мекард. Агар ӯро намеёфт, худаш дар дастаи ҳариф мемонд. Бозӣ ба ҳамин равиш боз давом мекард. Ҳамон дастае, ки миқдори бозигаронаш кам мешуданд, мағлуб ҳисоб меёфт.
Момаланг Момаланг як навъ бозии рустшавакон мебошад, ки дар байни бачагони водии Рашт маъмул буд. Бачагон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, як гурӯҳ чашмашонро мебастанд, гурӯҳи дигар пинҳон мешуданд. Баъд аз ҳисоб кардан то ба шумораи қаблан муайяншуда гурӯҳи якум ба ҷустуҷӯйи дасти дувум мебаромаданд ва ба таври гурӯҳи мисраъҳои зеринро мехонданд:
Момаланг, момаланг, Кӯча танг, кӯча танг.
Шер куҷо? – Ба намак, Буққа куҷо? – Пешравак.
Оби зам-зам, Тири маҳкам, Шер ҷуфт, дур пар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё