Зеҳн
Чашмаи донояк

Саидмурод Искандарӣ. Маҷмӯаи чаҳор ҳикоя барои кӯдакон: дӯстии Алию Валӣ, «Чӯҷаи кабк», «Чашмаи донояк» ва «Мусичаҳо».

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 4 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чашмаи донояк

ЧАШМАИ ДОНОЯК

Асад бачаи меҳрубон ва ширинзабон буд, вале донишаш суст. Ҳамсинфон ба дарс омодагӣ ва ё баҳои чору панҷ гирифтани ӯро ёд надоранд. Вале рӯзе ҳодисае аҷибе рӯй доду Асад дар байни ҳамсинфон номдор гашт.

Ӯ дар деҳа зиндагӣ мекард ва деҳа кори бисёре дорад. Алафдаравию молбонӣ ва чандин корҳои дигар ҳар як бачаи деҳотиро интизор аст.

Рӯзе навбати молбонии Асад-ино фаро расид. Падару писар ва бачаҳои амакаш ба навбати пода рафтанд. Зеро подаро идора кардан душвор. Агар чор нафар бошанд, нигоҳубини молҳо осон. Подабонҳо аз чор тарафи пода ҳаракат карда, онро идора мекунанд. Агар раваду бӯзе ва ё гӯсфанде аз пода раҳо ёбад, ана баъд кор душвор мегардад, зеро дар ин талу пушта молҳои зиёди ҳамсоядеҳаҳо низ чаро доранд.

Аҳли оила подаро ба чарогоҳ ҳай карда бурданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3-4 километр ҷойгир аст. Боду ҳаво форам.

Насими тозаи талу теппаҳо ба кас ҳаловат мебахшад. Бӯйи муаттари гулу гиёҳҳо низ иштиёи касро оварда, ба дил фараҳ мебахшад. Агар подабонӣ ҳамагӣ як рӯз бошад ҳам, одам баробарӣ тамошо ва сайру саёҳат монда ҳам мешавад. Охир гову мол дар як ҷо ором намеистанд-ку. Рӯзи дароз ҳаракат мекунанд. Ҳамин, ки шикамҳояшон сер шуд, ана баъд подабон каме меосояд.

Қарибии нимрӯзӣ Асад ҳис кард, ки каме ташна мондааст ва ӯ ба кофтукови об баромад. Гирду атрофро наззора кард ва дид, ки дар як хамгаҳӣ, аз замин, зери сабзаву сангрезаҳо чашмае ҷӯш зада мебарояд ва ҷониби поён ҷорист. Об фаровон не, вале хеле софу ширин ва хунук.

Дастонашро шуст, даҳонашро об гардонд ва таъму мазаи обро эҳсос кард. Ширин ва форам. Баъд нӯши ҷон кард. То серӣ нӯшид.

Шукронаи ободӣ ва обҳои Ватан карду боз пайи кори чӯпонӣ шуд. Назди пода рафт.

Асад эҳсос кард, ки оби чашма аҷоиб.

Ба ӯ қуввату дармон ва бедорӣ бахшид.

Ҳатто эҳсос кард, ки дар хаёли ӯ нақшаҳои нав тарҳрезӣ мегарданд. Хаёлаш ба сӯйи мактабу дарс тоб хӯрд. Худ ба худ савол дод: Чаро ӯ кам мехонад ва бисёр чизҳоро намедонад. Дар синф қафомонда? Саволҳои нав ба нав хаёли ӯро такурӯ мекард ва оҳиста-оҳиста назди худ аҳд гузошт, ки минбаъд ҳатман дарс тайёр мекунаду ба ҳамсинфон расида мегирад.

Шом вақте ки ба хона баргашт, баъди тановул Асад бори аввал ҷузвдонашро кушода, ба нақшаи дарсҳо назар андохт.

Рӯзномаашро варақ зад ва китоби дарсиро ба даст гирифт. Аҷаб, гӯё худи ҳарфҳо ба ӯ назар мекарданду ба ӯ мегуфтанд: хон! Асад ба хондан оғоз кард. Аҷибаш ҳамин, ки Асад ба ҷумлаҳо ва саҳифаҳои китоб назар меандохту маънии ҳар як мавзӯъ ба майнаи ӯ зуд ҷо мешуд. Худ аз ин пешравӣ ва сеҳр ба ҳайрат омада, шодона дарс тайёр мекард.

Баъди ду соат эҳсос кард, ки ба ҳамаи машғулиятҳо омода аст. Ҳарчанд давоми рӯз, пайи пода хеле даву тоз карда бошад ҳам, аз воқеаи рухдода, бедор гаштани фикру хаёл, кори дурусти майнаи сар хоҳиши хондану ба дарсҳо омода гаштанаш боло мегирифт. Он шаб аз шодӣ қариб хобаш наомад ва субгоҳон баъди ношто, китобу дафтарҳои худро ба даст гирифта, бо як шодмонӣ ва сари баланд роҳи мактабро пеш гирифт. Чеҳрааш шукуфта ва болидахотир буд. Занг зада шуду машғулиятҳо оғоз ёфтанд. Аввал дарси таърих сар шуд. Чун муаллим вазифаи хонагиро пурсон шуд, аввалин шуда Асад дасти худро боло бардошт. Муаллим ва ҳамсинфон ҳайрон шуданд ва муаллим ҳам хоҳиши Асадро ба инобат гирифт. Асад аз ҷой хеста ба нақли мавзӯъ оғоз кард. Ба ростӣ, ҳама дар ҳайрат афтоданд, зеро то имрӯз касе ёд надошт, ки Асад ихтиёрӣ аз ҷой бархоста, чизе гуфта бошад. Ҳама чашм ба сӯйи ӯ ва хомӯш. Асад бошад, чун тутиё сухан мегуфт. Мавзӯъро нақл мекард.

Муаллим аз ҳозирҷавобии Асад хушҳол гашта, бори аввал ба ӯ баҳои аълоро эълон дошт.

- Мешудасту - ку, Асадҷон? Минбаъд, ана ҳамин тавр фаъол шудан лозим. Нағз, хон, баҳоят аъло.

Ба ростӣ, на танҳо муаллим хушҳол гашт, балки тамоми ҳамсинфон ҳам ҳайрон шуда, ба ӯ таҳсин хонданд.

Баъд дарси дуюму сеюм, чоруму панҷум низ ин пешдастии Асад мушоҳида гашт.

Ҳатто дар дарси сеюм худи ҳамсинфон аз муаллим хоҳиш намуданд, ки имрӯз навбати Асад, ӯ омода аст, бигузор дарсро ҷавоб диҳад. Дар аввал муаллим ин таклифро шӯхӣ ва ё ҳазли бачаҳо гумон дошт, зеро муаллими фанни адабиёт сустхонӣ ва маҳорату малакаи Асадро медонист. Вале вақте ки ӯ ба назди тахтаи синф баромаду бо як маҳорати хоса аз вазифаи хонагӣ сухан гуфт, ҳатто муаллим хомӯш монд. Нахост фикри ӯро парешон кунад. То охир гӯшу ҳуш шуд. Хурсандона Асад чизеро ғалат накард. Ҳатто шаш мисра шеърро ҳам буррову ҷаззоб қироат намуд.

Доноӣ ва ҳозирҷавобии Асад муаллимро низ моту маҳбут гардонд. Яъне якку якбора ба гап даромадан ва донистани дарс барои ҳозирин муаммое буд. Акнун дар дарсҳои минбаъда тамоми ҳамсинфон мехостанд, ки танҳо Асад сухан гӯяд. Имрӯз рӯзи баромади ӯ.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Асад аз ҳамаи фанҳо баҳои панҷ гирифт ва бо рӯзномаи панҷдор аз синф берун гашт.

Чунин ранг гирифтани фаъолияти Асад, ба ростӣ қариб тамоми аҳли синфро ба ҳайрат оварда буд ва акнун ҳама дар фикри донишмандии Асад андеша мекарданд.

Баъди анҷоми машғулиятҳо тамоми ҳамсинфон ӯро дар саҳни ҳавлии мактаб иҳота намуда, аввало табрикаш намуданд, баъд сабаби донишмандиашро пурсон шуданд. Асад андеша карда, гуфт, ки дирӯз ҳангоми навбати пода ӯ аз оби чашмае нӯш карда буд, шояд таъсири ҳамон бошад, ки акнун андешаву хаёлҳои рангин дорад.

- Ҳа, оби Чашмаи доноякро нӯшидам, гӯй, - шӯхӣ карданд ҳамсинфон.

Ин ривоят зуд дар байни тамоми хонандагони мактаб паҳн шуду Асад ангуштшумори мактабиён. Рӯзи дигар як гурӯҳ сустхону танбалу дарсгурезон рӯ ҷониби кӯҳ намуда, аз пайи ҷустуҷӯйи «Чашмаи донояк» шуданд. Вале афсӯс онро пайдо карда натавонистанд ва ҳама тан доданд, ки он чашмаи сеҳрнок маҳз насиби Асад будааст.

Асад дигар баҳои паст намегирифт, ҳамеша аъло мехонд ва тасмим гирифт, ки як рӯз не як рӯз он чашмаи сеҳрнок боз пайдо мешаваду ин дафъа ӯ наздаш нишонае мегузорад, то ҳамсинфонаш низ аз он бархӯрдор бошанд.

пешина
аз 4
навбатӣ