Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таваррум ва заминаҳои он

9.1. Мафҳуми таваррум

Болоравии нархҳо, ки ба зиёдшавии ҳаҷми пулу пастравии қобилияти харидории он, афзоиши арзиши аслии молҳою хизматрасонӣ ва омилҳои дигар асос меёбад, таваррум (инфлятсия) ном дорад.

Мафҳуми инфлятсия (аз калимаи лотинии inflatio — варам кардан ва арабишудаи он — таваррум, яъне варам кардан, ки акнун дар забони тоҷикии имрӯза ба ҷои калимаи инфлятсия истифода мешавад) бори аввал аз ҷониби иқтисоддони амрикоӣ А. Делмар истифода шудааст. Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА (солҳои 1861–1865) боиси зиёд шудани хароҷоти ҳарбӣ ва касри буҷет گردид. Зарурати пӯшонидани касри буҷет ҳукуматро маҷбур сохт, то миқдори зиёди бонкнотаю пулҳои хазинадориро ба муомилот барорад. Азбаски ҳукумат гарави ба тангаҳои тиллоӣ иваз намудани онҳоро дода наметавонист, ин амал боиси болоравии нархҳо — таваррум гардид.

Сабаби истифодаи ин мафҳум боварии ҳама ба асоси пулӣ доштани болоравии нархҳо буд. Гумон мерафт, ки танҳо зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот ё ба таври дигар, варам кардани муомилоти пулӣ боиси болоравии нархҳо мегардад. Аммо баъдан маълум шуд, ки зиёдшавии ҳаҷми пул заминаи ягонаи болоравии нархҳо набудааст.

Омӯзиши муомилоти молию пулӣ нишон медиҳад, ки таваррум таърихи тӯлонӣ дошта, аз ҷониби ҳукуматдорон чун як воситаи андозбандии иловагии одамон истифода шудааст. Масалан, дар Юнони қадим (асри VI то милод) ҳукуматдорон барои ба даст овардани даромади иловагӣ тангаҳои зиёди камвазну камарзишро ба муомилот бароварданд, ки сабаби болоравии нархҳо гардид. Чунин амал аз ҷониби императорони Рими қадим نیز истифода шудааст.

Дар асрҳои миёна аз ҷониби ҳукуматдорон ба муомилот баровардани тангаҳои камарзиши мисин ба ҷойи тангаҳои нуқрагину тиллоӣ боиси болоравии нархҳо ва касод шудани соҳибкорон мегардид. Чунин амал дар асрҳои XVI–XVIII аз ҷониби ҳукуматдорони Русия васеъ истифода шудааст. Масалан, дар давраи шоҳигарии Алексей Михайлович (солҳои 1654–1662) тангаҳои мисини камарзиш ба маблағи 20 млн. рубл ба муомилот бароварда шуд.

Мувофиқи талаби қонуни муомилоти пулӣ зарур аст, ки арзиши номиналии тангаҳо ба арзиши аслии онҳо баробар бошад, вале ҳукуматдорон талаби ин қонунро ба инобат нагирифта, тангаҳоеро ба муомилот бароварданд, ки арзиши аслиашон аз арзиши номиналиашон даҳҳо маротиба камтар буд. Аз як фунт мис (453,59 гр), ки нархи бозориаш 12 копейка буд, тангаҳои арзиши умумиашон 10 рубл ё 1000 копейкаро истеҳсол карда, ба муомилот бароварданд. Барориши пулҳои камарзиш дере нагузашта боиси пастшавии қурби онҳо, болоравии нархҳо, касодшавии ҳунармандону норозигии омма аз ҳукуматдорон гардид. 22 июли соли 1662 мардум ба шӯриш бархост, ки он дар таърих бо номи «Ошӯби мисин» маълум аст. Шоҳ бо истифодаи ҳарбиён шӯришро пахш карда бошад ҳам, вале маҷбур шуд, ки барои бартараф кардани таваррум чораҳои зарурӣ андешад.

То аввали асри ХХ таваррум танҳо дар қисме аз мамлакатҳо мушоҳида шуда, асосан хоси давраи ҷанг ва барқароркунии баъдиҷангӣ буд. Масалан, болоравии нархҳо (таваррум) дар давраи Инқилоби бузурғи Фаронса (солҳои 1789–1791) ва ҳангоми ҷанг бо Наполеон (аввали асри ХIХ) дар Бритониёи Кабир мушоҳида шудааст. Дар он замон таваррум хусусияти муваққатӣ ва гузаранда дошт.

Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон олимону иқтисоддонҳо ба омӯзиши таваррум ба таври ҷиддӣ машғул шуданд, зеро дар ин давра иқтисодиёти бисёр мамлакатҳо ба гиперинфлятсия дучор омад. Масалан, дар Олмон соли 1923 қурби маркаҳои чопи соли 1918 то ба дараҷае поён рафт, ки дар миёни мардум чунин гуфторе пайдо шуд: «Танӯрро бо пулҳои коғазӣ тафсонидан арзонтар аз он аст, ки бо ин миқдор пул ҳезум бихарӣ».

Иқтисодиёти дар натиҷаи ҷанг харобгашта ва касодии буҷет қисми зиёди мамлакатҳоро маҷбур сохт, ки пайи ҳам аз низоми стандарти тиллоӣ, ки ягона воситаи дар чорчӯбаи муайян нигоҳ доштани таваррум буд, даст кашанд. Аз ин баъд таваррум хусусияти доимӣ гирифт ва хоси иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳо гардид.

Шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва вайрон шудани механизми ягонаи хоҷагидорию муносибатҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳо боиси бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва таваррум дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол гардид. Дар Тоҷикистон нархи молҳо солҳои 1990–1996 то ба 2000 фоизи солона боло рафт. Танҳо баъди ворид кардани рубли тоҷикӣ (10 майи соли 1995) ва татбиқи сиёсати дурусти пулию қарзӣ ҳукумат тавонист таваррумро дар чорчӯбаи муайян нигоҳ дорад.

Дар адабиёти илми иқтисодӣ оид ба манфиату зарарҳои таваррум ақидаҳо гуногунанд. Ҳама бовар доранд, ки таварруми баланд барои иқтисодиёту тиҷорат зараровар аст, вале таваррум то сатҳи муайян метавонад боиси пешравии иқтисодиёт гардад. Аз тарафи дигар, вобаста ба қиматшавии табиии арзиши аслии ашёи хом нархи молҳо боло меравад. Аз ин рӯ, қисме аз мамлакатҳо дидаю дониста то сатҳи муайян ба таваррум роҳ медиҳанд. Масалан, дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон (ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон) таваррум соле 2–4 фоизро ташкил медиҳад. Дар мамлакатҳои иқтисодиёташон қафомонда он баландтар аст.

Дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таваррум 10–15 фоизро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаи иқтисодии худ барои соли 2008 таварруми солонаро 8 фоиз пешбинӣ карда буд. Аз ин кам кардани таваррум метавонад боиси сустшавии пешрафти иқтисодиёт гардад, зеро, аз як тараф, қиматшавии табиии арзиши аслии ашёи хом молистеҳсолкунандагонро маҷбур месозад нархи молҳояшонро боло бардоранд, аз тарафи дигар, пайвастани иқтисодиёти Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва манфиатовар шудани фурӯши молҳо дар бозори берунӣ боиси болоравии табиии нархҳои дохилӣ мегардад. Ҳамин тавр, ҳар як мамлакат, аз он ҷумла Тоҷикистон, бо истифодаи фишангҳои иқтисодӣ таваррумро дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад.

Манфиати одамони алоҳида бо роҳи аз ҷониби вазири молия дар аввали ҳар сол эълон кардани сатҳи таваррум ва истифодаи ин маълумот ҳангоми бастани шартнома байни коргарону кордиҳандагон таъмин карда мешавад. Масалан, агар дар барномаи иқтисодии ҳукумат барои соли оянда таваррум 8 фоиз пешбинӣ шуда бошад, роҳбари корхонаро зарур аст, ки дар шартномаи бо коргар басташуда музди меҳнати онро 8 фоиз зиёд намояд.

Ин талаб инчунин ҳангоми бастани шартномаҳо барои иҷораи бино, нақлиёт ва ғайра истифода мешавад. Дар қисме аз мамлакатҳо ин талаботи қонунӣ буда, дар қисми дигар он бо ёрии иттифоқҳои касаба ва хабардор кардани шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

Масалан, соли 2002 Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия бо шаҳрванди Белгия, ҷаноби Ван ден Бош (Van den Bosch) оид ба иҷораи бино барои сафорат шартнома баст, ки дар он вобаста ба таваррум зиёд кардани маблағи иҷорапулӣ (2100 евро дар як моҳ) қайд шуда буд. Охири сол ҷаноби Ван ден Бош дар мактуби худ аз сафорат талаб кард, ки иҷорапулӣ то ба 2128,14 евро зиёд карда шавад, зеро соли 2002 таваррум дар Шоҳигарии Белгия 1,0134 фоизро ташкил додааст.

Мавҷуд будани таваррум маънои болоравии нархи ҳамаи молу хизматрасониҳоро ندارد. Сатҳи болоравии нархҳо (таваррум) ба ҳисоби миёна муайян карда мешавад. Дар ин давра мумкин аст нархи қисме аз молҳо ё намудҳои хизматрасонӣ поён рафта бошад. Масалан, соли 2002 дар Тоҷикистон нархи телевизор, магнитофон ва дигар лавозимоти электронии истеҳсоли хориҷӣ нисбатан арзон шуд, ки ба зиёд шудани воридоти ин намуди молҳо аз хориҷи кишвар ва ташкили истеҳсоли телевизорҳо дар заводи «Фонон»-и шаҳри Душанбе вобаста буд.

9.2. Тартиби ченкунии таваррум

Таваррум бо роҳи муқоиса намудани нархи намудҳои аз ҷониби ҳукумат интихобшудаи молу хизматрасониҳо дар давраҳои гуногун муайян карда мешавад. Ба таври дигар, нархҳои имрӯзаи молу хизматрасониҳоро ба нархҳои онҳо дар давраи гузашта (аслан аввали моҳ, семоҳа, нимсола, сол) нисбат дода, сатҳи миёнаи болоравии онҳоро муайян менамоянд. Масалан, дар соли 2007 нархҳо 19,7 фоиз боло рафтанд, ё ба таври дигар, таваррум 19,7 фоизро ташкил داد. Албатта, барои дуруст муайян намудани сатҳи таваррум зарур аст, ки молу хизматрасониҳои интихобшуда сифат, хусусият ва моҳияти якхела дошта бошанд.

Ҳангоми муайян намудани таваррум индекси (намояи) нархҳои истеъмолӣ истифода мешавад. Нархҳои истеъмолӣ гуфта нархҳои молу хизматрасониҳои дар сабади истеъмолкунанда ҷойдошта дар назар дошта мешаванд. Ба сабади истеъмолкунанда гурӯҳи молу хизматрасониҳое ворид карда мешавад, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи стандарти минималӣ зарур мебошанд.

Муқоисаи нархи сабади истеъмолкунанда нисбат ба он дар давраи гузашта сатҳи болоравии нархҳоро нишон медиҳад:

Индекси нархҳои истеъмолӣ=Нархи сабади истеъмолкунанда дар охири соли гузаштаНархи сабади истеъмолкунанда дар охири соли ҷорӣ​×100

Албатта, индекси нархҳои истеъмолиро на танҳо барои як сол, балки барои як моҳ, семоҳа, нимсола ва мӯҳлатҳои дигар бо роҳи муқоиса намудани нархи сабади истеъмолкунанда нисбат ба он дар давраи гузашта муайян намудан мумкин аст. Асосан, ҳукумат индекси нархҳои истеъмолиро охири ҳар моҳ нисбат ба моҳи гузашта ва аввали сол муайян менамояд.

Ба сабади истеъмолкунанда ҳар чӣ зиёдтар ворид кардани намудҳои гуногуни молу хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки таваррум дақиқтар муайян карда шавад. Масалан, дар ИМА сабади истеъмолкунанда аз садҳо намуди молу хизматрасониҳо иборат аст. Дар Русия мувофиқи низомномаи ҳукумат ба сабади истеъмолкунанда 58 намуди молу хизматрасониҳо ворид шудааст, аз он ҷумла:

  • 31 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ: орд, биринҷ, гӯшти гов, мурғ, моҳӣ, меваи тоза ва ғайра;

  • 6 намуди молҳои истифодаи шахсии ғайриистеъмолӣ: либосҳои таг, курта, костюм, палто;

  • 14 намуди молҳои истифодаи умумиоилавӣ: хокаи дандоншӯӣ, хокаҳои либосшӯию хонатозакунӣ, доруҳо, косаю табақ;

  • 7 намуди хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиётӣ ва ғайра.

Дар Тоҷикистон муайян намудани индекси нархҳои истеъмолӣ вазифаи Кумитаи давлатии омор мебошад. Охири ҳар моҳ идораю шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо маълумоти заруриро оид ба нархҳои молу хизматрасониҳо ҷамъ намуда, ба кумита мефиристанд. Дар асоси ин маълумотҳо кормандони кумита нархи сабади истеъмолкунанда, индекси нархҳои истеъмолӣ ва сатҳи таваррумро (Индекси нархҳои истеъмолӣ−100) муайян менамоянд. Аввали ҳар моҳ Кумитаи давлатии омор оид ба сатҳи таваррум ба ҳукумат ҳисобот медиҳад. Ҳукумат дар навбати худ ба воситаи Бонки миллии Тоҷикистон ва истифодаи фишангҳои дигари иқтисодӣ барои нигоҳ доштани таваррум дар чорчӯбаи барояш зарурӣ чораҳо меандешад.

9.3. Заминаҳои пайдоиши таваррум

Дар давраҳои аввали пайдоиши таваррум ҳама бовар доштанд, ки заминаи он зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот аст, вале дар миёнаҳои асри ХХ баъди хусусияти доимӣ гирифтани таваррум олимон ба хулоса омаданд, ки омилҳои дигари болоравии нархҳо نیز мавҷуданд.

Дар адабиёти илмӣ заминаҳои пайдоиши таваррум ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: дохилӣ ва берунӣ.

Заминаҳои дохилӣ, дар навбати худ, аз заминаҳои монетарӣ (вобаста ба ташкили муомилоти пулӣ) ва ғайримонетарӣ иборатанд.

Барои омӯзиши таъсири заминаҳои монетарӣ ба таваррум моро зарур аст, ки ба қонуни муомилоти пулӣ рӯй оварда, дар асоси он сатҳи нархҳо ва омилҳои ба он таъсиррасонандаро муайян намоем:

Нарх=Ҳаҷми молҲаҷми пул×Суръати гардиш​

Аз формулаи боло бармеояд, ки агар ҳаҷми пул вобаста ба суръати гардиши он аз талаботи муомилоти молӣ зиёд бошад, он боиси болоравии нархҳо мегардад. Ҳамин тариқ, заминаҳои монетарӣ — ҳаҷми пул ва суръати гардиши пул дар ҳолати зиёд шудан боиси таваррум мегарданд. Бояд ба инобат гирифт, ки баланд шудани суръати гардиши пул маънои зиёд шудани ҳаҷми муомилотии пулро дорад.

Дар мамлакатҳои иқтисодиёташон сусттараққикардаю сиёсати пулиашон ноустувор пайдоиши таварруми ночиз (1–2 фоиз) метавонад боиси дар муддати кӯтоҳ боло рафтани он гардад, ҳол он ки дар иқтисодиёти имрӯзаи мамлакатҳои пешрафта таваррум дар сатҳи 1–2 фоиз хусусияти доимӣ дорад.

Сабаб ин аст, ки мардуми мамлакатҳои қафомонда ба сиёсати иқтисодӣ ва имкониятҳои ҳукумат оид ба пешгирӣ кардани болоравии нархҳо боварии пурра надоранд. Бинобар ин, ҳангоми болоравии нархҳо мардум ҳар чӣ тезтар пулҳои доштаашонро барои хариди молҳо, хусусан амвол сарф мекунанд, ки он боиси зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилоту болоравии нархҳо мегардад. Аз тарафи дигар, мардум аз тарси беқурб шудани амонатҳояшон онҳоро аз бонкҳои тиҷоратӣ гирифта, барои хариди мол сарф карданӣ мешаванд. Бонкҳо амонатҳоро дарҳол баргардонида наметавонанд, зеро онҳоро ба қарз додаанд. Ин нобоварии мардумро нисбат ба сиёсати иқтисодии ҳукумат дучанд мекунад. Дар аксари ҳолатҳо ҳукуматдорон барои қонеъ гардонидани талабҳои мардум ба бонкҳо аз ҳисоби эмиссияи пул қарз медиҳанд, ки ин амал низ боиси боз ҳам зиёд шудани ҳаҷми пул ва афзоиши суръати болоравии нархҳо мегардад.

Сабабҳои дигари зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот, ки боиси таваррум мегарданд:

  • Емиссияи пул аз ҷониби бонки марказӣ барои пӯшонидани касри буҷет;

  • Маҳдуд кардани мустақилияти бонки марказӣ аз ҷониби ҳукумат;

  • Зиёд шудани пулҳои қарзӣ дар натиҷаи кам кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ ва аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ бебаркаш додани қарз (Меъёри захираҳои ҳатмӣ нишондиҳандаест, ки аз ҷониби бонки марказӣ барои бонкҳои тиҷоратӣ муқаррар мешавад ва мувофиқи он бонкҳо бояд қисми муайяни маблағҳоро дар ҳисоби алоҳидаи бонки марказӣ нигоҳ доранд);

  • Зиёд шудани сармоягузории дохилӣ дар натиҷаи манфиатовар шудани истеҳсоли ягон намуди мол, ки боиси номутаносибии пешрафти иқтисодиёту кам шудани истеҳсоли маҳсулотҳои дигар ва боло рафтани нархи онҳо мегардад (масалан, дар солҳои аввали истиқлолият бо сабаби нархи баланди картошка ҳама ба коштани он гузаштанд; соли оянда бозор аз картошка пур шуда, нархи он арзон шуд, вале нархи дигар маҳсулот ба монанди помидор боло рафт);

  • Суръати баланди зиёдшавии маоши кормандон нисбат ба болоравии ҳосилнокии меҳнати онҳо дар сектори давлатӣ.

Ба гурӯҳи заминаҳои ғайримонетарӣ инҳо дохил мешаванд:

  • Риоя накардани таносуби пешрафти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт. Масалан, суръати баланди пешрафти саноати вазнин нисбат ба дигар соҳаҳо боиси зиёд шудани музди меҳнати кормандони онҳо мегардад. Дар натиҷа ҳаҷми пул дар муомилот ва вобаста ба он талабот ба мол зиёд мешавад, аммо ҳаҷми молҳои истеъмолӣ бетағйир мемонад;

  • Равнақ додани соҳаҳои ҳарбӣ. Ин соҳаҳо пурра ва бебозғашт аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд. Зиёд шудани хароҷоти ҳарбии буҷет боиси зиёд шудани ҳаҷми пул ва болоравии нархҳо мегардад;

  • Инҳисор (монополизатсия)-и соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт. Монополистҳо имкон доранд нархҳоро бо дарназардошти манфиатҳои худ муайян намоянд (масалан, нархҳои баланди чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити набудани рақобат);

  • Хатоиҳо дар ташаккули буҷет, андозбандӣ ва сиёсати пулию қарзӣ.

Заминаҳои берунӣ:

  • Воридоти барзиёди асъори хориҷӣ ба кишвар (бонки марказӣ маҷбур мешавад барои харидани асъор пули миллии иловагӣ ба муомилот барорад);

  • Беқурб шудани пули миллӣ (боиси боло рафтани нархи молҳои воридотӣ мегардад);

  • Аз хориҷи кишвар ворид кардани молҳои хушсифату қимате, ки дар дохил низ истеҳсол мешаванд (мувофиқи назарияи «наздикшавии нархҳо», фурӯшандагони дохилӣ нархи молҳои худро ба нархи молҳои хориҷӣ наздик мекунанд).

9.4. Намудҳои таваррум

Таваррум вобаста ба заминаҳои пайдоиш ва суръати болоравии нархҳо намудҳои гуногун дорад.

  1. Таварруми талабот: Зиёдшавии ҳаҷми пул талаботи иловагиеро ба миён меорад, ки бо миқдори зарурии молу хизматрасонӣ таъмин нест. Дар натиҷа қонеъ нагардидани талабот боиси болоравии нархҳо мегардад.

  2. Таварруми харҷҳо (хароҷот): Беасос зиёд кардани музди меҳнат, болоравии арзиши ашёи хом, барқ, об ва ғайра боиси зиёд шудани хароҷоти истеҳсолот мегардад, ки молистеҳсолкунандагонро маҷбур месозад нархи молашонро бардоранд.

(Эзоҳ: Музди меҳнати номиналӣ — маблағи пулиест, ки коргар мегирад. Музди меҳнати реалӣ (ҳақиқӣ) — миқдори молу хизматрасониҳоест, ки коргар метавонад бо музди номиналиаш бихарад).

Вобаста ба суръати болоравии нархҳо таваррум ба намудҳои зерин тақсим мешавад:

  • Таварруми хазанда (паст): То 10% дар як сол. Ин намуд хоси иқтисодиёти мамлакатҳои пешрафта буда, агар ба афзоиши ММД наздик бошад, метавонад боиси рушди иқтисодиёт гардад.

  • Таварруми ҷаҳанда: Аз 10% то 50% дар як сол. Хоси мамлакатҳои рӯ ба инкишоф аст. Заминаҳои он касри буҷет, воридоти барзиёди асъор ва ноустувории бозор мебошанд.

  • Таварруми тезтарвоз (гипертаваррум): Аз 50% дар як сол боло (баъзан ҳазорҳо ва миллионҳо фоиз). Хоси мамлакатҳои дар бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ё ҷанг қарордошта мебошад (масалан, Никарагуа соли 1979 — 33 000%, Югославия соли 1996 — 3 000 000 000%).

Нишонаҳои ослии гипертаваррум:

  • Аҳолӣ пасандозҳои худро на бо пули миллӣ, балки дар шакли мол ё асъори хориҷӣ нигоҳ медорад;

  • Нархҳо бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартӣ (у.е.) муайян карда мешаванд;

  • Хариду фурӯши қарзии молҳо бо назардошти хавфи таваррум бо нархи баландтар анҷом меёбад;

  • Фоизи қарз ва музди меҳнат ба индекси нархҳои истеъмолӣ пайваста мешаванд;

  • Сатҳи болоравии таваррум дар се соли охир мутаносибан зиёда аз 100%-ро تشکیل медиҳад.

пешина
аз 29
навбатӣ