Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Нақши қарз ва ҳудуди истифодаи он
НАҚШИ ҚАРЗ ВА ҲУДУДИ ИСТИФОДАИ ОН
14.1. Нақши қарз дар пешрафти иқтисодиёт
Қарз дар пешрафти иқтисодиёт нақши зеринро мебозад:
1. Таъмини қатънашавандагии раванди истеҳсолот ва фурӯши мол
Самаранокии истеҳсолот пайвастагии доимии гирдгардиши сармояро тақозо мекунад. Барои ин корхонаю ташкилотҳоро зарур аст, ки хариди саривақтии ашёи хому воситаҳои истеҳсолӣ, пардохти музди меҳнат ва иҷрои ӯҳдадориҳои дигари пулиро таъмин намоянд. Азбаски дар баъзе ҳолатҳо воситаҳои пулии корхонаю ташкилотҳо бо сабабҳои дар мавзӯъҳои пешин қайдшуда талаботашонро пурра қонеъ гардонида наметавонанд, онҳо маҷбуранд барои гирифтани қарз ба бонкҳо муроҷиат намоянд.
Аз тарафи дигар, қонеъ гардонидани талаботи муваққатӣ аз ҳисоби қарз муфидтар аст, зеро мӯҳлати дароз дар суратҳисоб беҳаракат нигоҳ доштани воситаҳои пулии корхонаҳо ба мақсад мувофиқ нест. Истифодаи ин маблағҳо дар истеҳсолоти дигар ва ё дар бонк ба мӯҳлати дарозтар пасандоз кардани онҳо фоидаи зиёдтар медиҳад. Қисме аз ин фоидаро ба бонк чун фоизи қарз додан мумкин аст.
Дар пешрафти кишоварзӣ қарз нақши хоса дорад. Мавсимӣ будани соҳа, дарозии мӯҳлати истеҳсоли маҳсулот ва вобаста ба он талаботи зиёд ба маблағҳои пулӣ зарурати ҷалби қарзро ба миён меорад. Масалан, дар соҳаи пахтакорӣ хароҷот барои ҷуфти замин, хариди сӯзишворию доруҳои кимиёӣ, додани музди меҳнат ва ғайра аввали сол шурӯъ шуда, то моҳҳои сентябру октябр давом мекунад. Хоҷагиҳо дар ин давра даромаде надоранд ва агар дошта бошанд ҳам (масалан, аз соҳаҳои иловагӣ), он ночиз аст. Бинобар ин хароҷоти онҳо аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ ё дохилӣ пӯшонида мешавад.
Мисол: Солҳои 1997–2007 қисми зиёди хароҷоти хоҷагиҳо дар соҳаи пахтакории Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои консорсиуми бонкҳои Швейтсария бо сарварии Credit Suisse First Boston пӯшонида бешуданд. Охири ҳар сол — баъди чиниши нахта ва аз пунба тоза кардани он — баргардонидани қарзҳои хориҷӣ шурӯъ мешуд. Азбаски соҳаи пахтакорӣ рӯ ба таназзул ниҳода буд, хоҷагиҳо имкони сари вақт баргардонидани ҳамаи қарзҳоро надоштанд ва пардохти қисми зиёди онҳо ба солҳои дигар мегузашт. Аввали соли 2007 маблағи умумии қарзи хоҷагиҳо аз бонку ширкатҳои хориҷӣ зиёда аз 400 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки ин тахминан баробари нархи пахтаи дар ду сол истеҳсолкардаи Тоҷикистон буд.
Нақши қарз дар пешрафти соҳаи савдо низ хеле баланд аст. Захираҳои молии ташкилотҳои савдо аксар аз ҳисоби қарзи бонк ташкил мешаванд. Солҳои охир аксари бонкҳо ба додани қарзҳои хурд (microcredits) шурӯъ кардаанд, ки сабабаш муфид будани ин намуди фаъолияти бонкӣ аст. Соҳибкорони дар соҳаи савдо фаъолияткунанда қарзҳоро самаранок истифода карда, сари вақт бармегардонанд. Ин аст, ки дар аксари бозорҳо шуъбаҳои бонкҳои тиҷоратӣ кушода шудаанду онҳо ба қарздиҳии тоҷирон машғуланд.
Дар соҳаи саноат қарз барои хариди ашёи хом, додани музди меҳнат ва ғайра истифода мешавад. Қисме аз корхонаҳои пешқадам қарзро барои васеъ кардани истеҳсолоту хариди техникаю технологияи нав истифода мебаранд. Рақобати сахти бозорӣ ва зарурати ҳар чӣ тезтар истифода кардани таҷҳизоти электронии ҳозиразамон, техникаю технологияи нав корхонаҳоро маҷбур месозад, ки новобаста ба надоштани воситаҳои пулии худӣ, истеҳсолоташонро бо ин навовариҳо таъмин кунанд. Дар чунин ҳолат бонк бо қарзи худ ба ёрдами онҳо меояд.
Васеъ кардани истеҳсолот, сохтмони иншооти саноатӣ, хариди таҷҳизот ва ғайра аз ҳисоби қарз имкон медиҳад, ки талаботи доимо афзояндаи ҷамъият қонеъ гардонида шавад. Дар сохтори давлатӣ бартарии истифодаи қарз барои васеъ кардани истеҳсолот нисбат ба истифодаи воситаҳои буҷетӣ аз он иборат аст, ки баргардандагии қарз корхонаҳоро маҷбур месозад маблағҳои пулиро самаранок истифода кунанд. Аз ҷониби дигар, назорати истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ бар дӯши бонк меафтад.
Тавре ки мебинем, нақши қарз дар таъмини талаботи мавсимии хоҷагиҳо, ташкили захираҳои молӣ дар соҳаи савдо, хариди ашёи хом, техникаю технологияи нав ва пӯшонидани хароҷоти дигари истеҳсолӣ дар соҳаи саноат ва васеъ кардани истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳо хеле баланд аст. Таъмини пешрафти илму техника ва истифодаи қарз барои татбиқи навовариҳои он дар истеҳсолот нишондиҳандаи дигари нақши қарз дар рушди иқтисодиёт мебошад.
2. Ҷамъи маблағҳои муваққатан озод ва мутамарказонидани сармоя
Одамони алоҳида ва корхонаҳо маблағҳои пулии муваққатан озодашонро ба бонкҳо танҳо ба хотири гирифтани фоизи муайян медиҳанд. Чунин маблағҳо аз суратҳисоби корхона ба суратҳисоби қарзии бонк гузаронида мешаванд. Ба таври дигар, ба шарофати мавҷудияти категорияи иқтисодии қарз, ҷамъ ва истифодаи пулҳои муваққатан озод имконпазир мегардад. Маблағҳои пулии ба ин тариқ ҷамъшуда барои таъмини пешрафти истеҳсолот истифода мешаванд, яъне корхонаҳои ба пул муҳтоҷ ин маблағҳоро аз бонкҳо қарз гирифта, қатънашавандагии истеҳсолоташонро таъмин мекунанд.
Маблағҳои муваққатан озоди як шахс ё корхона барои қарздиҳии корхонаи дигар ва ё татбиқи барномаҳои калон (ба монанди сохтмони бино, роҳҳо ва ғайра) басанда нест. Илова бар ин, вақти озодии муваққатии ин маблағҳо ба вақти барои қарздиҳии корхона ё сохтмон зарурӣ рост намеояд.
Мутамарказонидани маблағҳои муваққатан озод дар бонкҳо имкон медиҳад, ки камбудиҳои зерин бартараф карда шаванд:
-
Мувофиқ наомадани вақти пасандози маблағҳои пулӣ ва вақти ба қарз додани онҳо;
-
Бартараф кардани мушкилоти камии маблағи пасандозҳои алоҳида барои қарздиҳӣ;
-
Давом додани қарздиҳӣ новобаста аз бармаҳал талаб кардани қисме аз пасандозҳо;
-
Додани фоизи муайян барои пасандозҳо новобаста аз барнагардонидани қисме аз қарзҳо.
Дар кишварҳои аврупоӣ агар нишондиҳандаи баргардандагии қарзҳо 98 фоизро ташкил кунад, фаъолияти бонк самаранок ҳисобида мешавад. Қарзҳои баргардониданашуда зарари бонкҳо ҳисоб ёфта, аз фоидаи онҳо пӯшонида мешаванд.
Ҳамин тариқ, тавассути қарз маблағҳои муваққатан озоди ҷамъият мутамарказ гардида, барои таъмини пешрафти соҳаҳои мухталиф истифода мешаванд.
3. Таъмини бефосилагии муомилоти пулию молӣ ва пардохтпазирӣ
Ворид намудани пулҳои нақд ба муомилот ва гирифтани онҳо аз муомилот асоси қарзӣ дошта, ба воситаи бонкҳо амалӣ мегардад. Додани пули нақд ба мизоҷон ҳамон вақт имконпазир аст, ки агар дар суратҳисобҳояшон пул дошта бошанд. Ин маънои мавҷудияти муносибатҳои қарзиро байни мизоҷон ва бонкҳо дорад, зеро маблағҳои дар суратҳисобҳо буда қарзҳое мебошанд, ки ба бонкҳо дода шудаанд.
Додани пулҳои нақд аз кассаҳои бонкҳо маънои иҷрои ӯҳдадориҳои бонкиро дорад, яъне бонкҳо қарзашонро бармегардонанд. Ва баръакс, гирифтани пулҳои нақд аз муомилот ба роҳи воридшавии онҳо ба суратҳисоби мизоҷон маънои қарздиҳӣ ба бонкҳоро дорад. Яъне дар мавриди аввал қарзи бонк кам мешавад, дар мавриди дуюм зиёд. Ҳамин тариқ, ба муомилот баромадан ва аз муомилот баргаштани пулҳои нақдӣ ба муносибатҳои қарзии дуҷонибаи бонкҳо ва мизоҷонашон асос меёбад.
Охири сол бонкҳо барои чунин бақияҳои пулӣ ба мизоҷон фоизи муайян медиҳанд. Масалан, Fortis Bank охири ҳар сол вобаста ба маблағи дар суратҳисоби Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия буда фоизи муайян медод (маблағи фоиз соли 2005 284 евроро ташкил дод). Бонкҳои тиҷоратии дар Тоҷикистон буда низ барои бақияи дар суратҳисобҳо буда фоиз медиҳанд. Масалан, «Ориёнбонк» соли 2005 барои чунин бақияҳо 0,5 фоиз додааст.
Нақши қарз дар ташкили муомилоти пулии ғайринақдӣ низ баланд аст. Мувофиқ наомадани маблағҳои пулии ба суратҳисоб воридшаванда ва ҷамъи пардохтҳо метавонад боиси иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо ва пайдоиши нобоварӣ ба пардохтпазирии харидорон гардад. Ба воситаи қарз корхонаҳо, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида дар ҳолати надоштани маблағҳои зарурӣ ӯҳдадориҳои пулии худро сари вақт иҷро мекунанд. Қарз имкон медиҳад, ки ашёи хом сари вақт ба истеҳсолот ворид шавад ва молҳои зарурӣ ба корхонаҳои савдо расанд. Ҳамин тариқ, қарз дар таъмини бефосилагии муомилоти пулии ғайринақдӣ, ки асоси ташкили самараноки муомилоти молӣ ва савдо мебошад, нақши муҳимро мебозад.
Илова бар ин, таъмини таносуби дурусти ҳаҷми пул дар муомилот ва талабот ба он вазифаи асосии бонкҳои марказӣ буда, бо роҳи аз ҳисоби қарз қонеъ гардонидани талаботи иловагии ширкатҳо ва шахсони алоҳида ба даст меояд. Номутаносибии байни ин ду нишондиҳанда метавонад боиси ба савдо нарафтани қисме аз молҳо ва бозистодани истеҳсолот (дар ҳолати кам будани ҳаҷми пул) ва ё паст шудани қурби пулу боло рафтани нархҳо (дар ҳолати аз меъёр зиёд будани ҳаҷми пул) гардад. Ин аст, ки бонкҳои марказӣ қарзро ҳамчун яке аз воситаҳои танзимгари муомилоти пулӣ истифода мекунанд.
14.2. Ҳудуди қарз ва зарурати риояи он
Дуруст муайян кардани ҳудуди қарз асоси ташкили самараноки раванди қарздиҳӣ, баҳисобгирии имкониятҳои бонк ва қонеъ гардонидани талаботи асосноки қарзгирандагон мебошад, ки алоҳида барои қарзгирандагон ва умуман барои иқтисодиёт моҳияти хосса дорад.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳукумат таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва нигаҳдошти таваррум дар сатҳи муайян мебошад. Азбаски қарздиҳӣ яке аз роҳҳои асосии баровардани пул ба муомилот аст, он метавонад боиси зиёдшавии ҳаҷми пул ва пастшавии қурби он гардад. Ин дар навбати худ боиси болоравии нархҳо ва норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳаҷми қарзҳои додашаванда аз ҷониби бонки марказӣ танзим карда шавад.
Бонкҳои марказӣ вобаста ба зарурати иқтисодӣ ҳудуди болоии маблағи қарзҳои ба хоҷагии халқ додашавандаро муайян мекунанд. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ин намуди маҳдудкунӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, бо мақсади роҳ надодан ба қарздиҳии зиёд, ки метавонист боиси болоравии нархҳо ва беқурбшавии пули миллӣ гардад, солҳои 1994–2000 Бонки миллии Тоҷикистон барои сохтори бонкӣ сатҳи болоии қарзҳои додашавандаро муайян карда буд. Яъне бонкҳо дар якҷоягӣ наметавонистанд аз ҳудуди муайян берун бароянд. Ин намуди маҳдудкунӣ шифти қарзӣ (Credit ceiling) ном дорад.
Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ додашаванда метавонад беҳудуд бошад, зеро вобаста ба амали мултипликатори бонкӣ қарзи аз ҷониби як бонк додашуда баробари ба суратҳисоби корхонаи дигар расиданаш ба захираи қарзӣ мубаддал мешавад ва бонк имкон дарад онро боз ба қарз диҳад. Ба таври дигар, ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби бонкҳо додашаванда аз сармояи умумии онҳо вобаста نیست. Вале вобаста ба зарурати танзими муомилоти пулӣ маблағи қарзҳои аз ҷониби бонки алоҳида додашаванда ҳудуди муайян дорад:
-
Вобастагӣ аз захираҳои қарзӣ: Маблағи умумии қарзҳои додашаванда аз захираҳои қарзии бонк вобаста аст, яъне бонк наметавонад аз захираҳои доштааш қарзи зиёдтар диҳад. Илова ба ин, бонкро зарур аст, ки мӯҳлати қарзҳои додашударо ба мӯҳлати пасандозҳо алоқаманд кунад, вагарна сари вақт баргардонидани пасандозҳо номумкин мегардад.
-
Захираҳои ҳатмӣ: Бонкҳои марказӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пули дар муомилотбуда ва таъмини пардохтпазирии бонкҳо қисме аз захираҳои қарзии онҳоро дар ҳисоби алоҳидаи худ нигоҳ медоранд. Ҳар як бонк вазифадор аст, ки баробари пайдо кардани захираҳои қарзӣ қисме аз онро ба ҳисоби алоҳидаи бонки марказӣ гузаронад. Фоизи ин нишондиҳанда аз ҷониби бонки марказӣ муайян мегардад. Масалан, барои бонкҳои тиҷоратии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда солҳои 1993–2000 он ба 20 фоиз баробар буд, баъдан Бонки миллӣ онро то 12 фоиз поён бурд. Кам кардани ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки бонкҳои тиҷоратӣ қарзи зиёдтар диҳанд. Бонки миллӣ ҳаҷми пули дар муомилот бударо аз ҳисоби истифодаи воситаҳои дигар танзим мекунад.
-
Меъёрҳои хавф ва пардохтпазирӣ: Бо мақсади таъмини пардохтпазирии бонк ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳояш дар назди мизоҷон, онро зарур аст, ки ҳудуди қарзро барои мизоҷони алоҳида муайян намояд. Сари вақт барнагаштани қарзи алоҳида набояд боиси иҷро нашудани ӯҳдадориҳои пулии бонк дар назди мизоҷони дигар гардад. Масалан, мутобиқи қарори Бонки миллии Тоҷикистон саҳҳомони бонки тиҷоратӣ метавонанд аз он қарз гиранд, вале маблағи он набояд аз 20 фоизи сармояи бонк зиёд бошад. Муайян кардани ҳудуд барои қарзҳои калонтарин низ ба мақсад мувофиқ аст (масалан, қарзи калонтарин набояд аз 25 фоизи сармояи бонк зиёд бошад).
Ташкили самараноки муносибатҳои қарзӣ тақозо мекунад, ки талаботи қарзгиранда ба қарз дуруст муайян карда шавад. Аз талабот кам додани қарз ба корхона метавонад боиси пурра иҷро нашудани ӯҳдадориҳои пулии он ва ворид нашудани ашёи хому пӯшонида нашудани хароҷоти истеҳсолӣ гардад. Ин амал хатари сари вақт баргаштани қарз ва фоизи онро ба миён меорад. Ва баръакс, аз меъёр зиёд додани қарз низ ба мақсад мувофиқ нест, зеро шахси қарзгирифта самаранокии истифодаи онро таъмин карда наметавонад, ҳарчанд барои он фоизи муайян медиҳад. Илова ба ин, мумкин аст талаботи корхонаи дигари ба қарз муҳтоҷ қонеъ нагардад.
Истифодаи қарзи молӣ низ ҳудуди муайян дорад, зеро маблағи он аз имкониятҳои корхона ё ширкати алоҳида вобаста аст. Ин корхона ва ё ширкат наметавонад маблағҳои пулии худро муддати дароз ба ихтиёри корхонаи дигар диҳад, вагарна худи он муҳтоҷи қарз мегардад. Агар тамоми иқтисодиётро дар якҷоягӣ гирем, корхонаҳо наметавонанд тамоми молашонро ба қарз диҳанд, зеро дар чунин ҳолат онҳо аз ҳамдигар молу ашё харида наметавонанд ва заводу фабрикаҳо аз кор бозмемонанд. Аз ин рӯ, ҳаҷми қарзҳои тиҷоратӣ ё молӣ низ ҳудуди муайян дорад ва вайрон кардани он ба мақсад мувофиқ нест.
14.3. Фоизи қарз
Қарздиҳанда муваққатан пул ё моли худро ба ихтиёри қарзгиранда медиҳад, то фоида гирад. Мақсади қарзгиранда низ истифодаи қарз ва гирифтани фоида аст. Ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳои қарздиҳанда ва қарзгиранда боиси ҳамкории онҳо мегардад. Қарзгиранда аз ҳисоби қарз истеҳсолот, савдо ё хизматрасониро ба роҳ монда, фоидае ба даст меорад, ки натиҷаи ҳамкории ӯ бо қарздиҳанда буда, байни онҳо тақсим мешавад. Ҳиссаи қарздиҳанда фоизи қарз ном дорад.
Ҳамин тариқ, фоизи қарз маблағест, ки қарздор ба қарздиҳанда барои истифодаи қарз медиҳад. Қисме аз иқтисоддонҳо онро нархи қарз низ меноманд.
Агар қарздиҳанда ба гирифтани фоизи зиёдтар манфиатдор бошад, қарзгиранда, баръакс, ба додани фоизи камтар манфиатдор аст. Дар шароити зиёд будани қарздиҳандаҳо ва имкони истифода аз хизмати онҳо, қарзгиранда метавонад қарзро аз оне гирад, ки фоизи камтар мехоҳад. Аз ин рӯ, қарздиҳанда бояд мизони фоизи қарзро тарзе муайян кунад, ки ҳам худаш фоида бинаду ҳам қарзгирандаро аз даст надиҳад.
Мизони фоиз (ставка процента) — ин ҳиссаи фоиз дар маблағи қарз аст. Барои мисол, қарздиҳанда ба қарзгиранда 1000 сомонӣ қарзи яксола додааст ва қарзгиранда бояд дар охири мӯҳлати истифодаи қарз 1110 сомонӣ баргардонад. Дар ин ҳолат:
-
Даромади қарздиҳанда: 1110−1000=110 сомонӣ.
-
Мизони фоизи солона: 110/1000×100%=11%.
Онро сатҳи фоиз низ номидан мумкин аст, зеро ҳамаи бонкҳо барои қарзҳои додаашон фоиз мегиранд, вале сатҳи фоизи қарз дар ҳар кадоме аз онҳо метавонад гуногун бошад. Масалан, агар сатҳи фоизи қарзи бонке 10 фоиз бошад, мумкин аст бонки дигаре бо мақсади ҷалби қарзгирандагон барои чунин қарз 9,9 фоиз гирад.
Омилҳои муайянкунандаи мизони фоизи қарз:
-
Таносуби маблағи талабот ба қарз ва ҳаҷми захираҳои қарзии пешниҳодшуда;
-
Мизони фоизи коғазҳои қиматнок дар биржа: Агар соҳибони захираҳои қарзӣ бинанд, ки фоизи коғазҳои қиматноки ҳукумат болотар аз фоизи пасандоз аст, коғазҳои қиматнокро мехаранд. Дар натиҷа маблағи захираҳои қарзӣ ва вобаста ба он маблағи қарзҳои пешниҳодшаванда камтар шуда, мизони фоизи қарз боло меравад.
Омили асосии ба мизони фоизи қарз таъсиркунанда талабот (demand) ба қарз ва пешниҳод (supply) ба захираҳои қарзӣ дар бозор аст.
Андозаи талабот ба қарз аз нишондиҳандаҳои зерин вобаста аст:
-
Меъёри фоида дар ояндаи наздик: Харҷи корхонаю соҳибкорон барои ташкили истеҳсолоти нав, хариди техникаю технология ва ғайра аз фоиданокии он вобаста аст. Агар меъёри фоида зиёд бошад, талабот ба қарз меафзояд ва баръакс. Масалан, агар меъёри фоида аз васеъ кардани истеҳсолот 24 фоиз ва мизони фоизи қарз 20 фоиз бошад, корхона 4 фоизи даромади софро ба инобат гирифта, аз ҳисоби қарз истеҳсолотро васеъ мекунад. Агар меъёри фоида 18 фоиз бошад, гирифтани қарз зараровар аст.
-
Сатҳи таваррум дар ояндаи наздик: Болоравии сатҳи таваррум дар ояндаи наздик боиси зиёдшавии талабот ба қарз мегардад, зеро истифодаи қарз дар шароити баъдан поён рафтани арзиши аслии он ба манфиати қарзгиранда аст.
-
Қарзгирии давлат: Ҳукумат барои пӯшонидани касри буҷет ва ё дастгирии корхонаҳои давлатӣ аз бонки марказӣ ва ё бонкҳои тиҷоратӣ қарз мегирад.
Ҳаҷми захираҳои қарзии пешниҳодшавандаро омилҳои зерин муайян мекунанд:
-
Сатҳи некӯаҳволии мардум: Болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум маънои болоравии даромад ва зиёдшавии пасандозҳоро дорад, ки захираҳои қарзии бонкҳоро афзун мегардонад.
-
Болоравии нархи саҳмияҳо ва амвол дар ояндаи наздик: Агар мардум донанд, ки қурби саҳмияҳо, манзил, автомобил ва ғайра боло меравад, ба ҷои пасандоз дар бонк, харидани амволро афзал медонанд.
-
Хатари поён рафтани арзиши аслии қарз (риск): Хатари болоравии нархҳо қарздиҳандагонро маҷбур мекунад, ки фоизи қарзро боло баранд, то зарар набинанд.
Мизони номинали ва аслии фоиз:
-
Мизони номиналии фоиз — ифодаи пулии фоизи қарз аст (масалан, 11 фоиз барои 10 000 сомонӣ).
-
Мизони аслии фоиз — даромади аслии қарздиҳанда аст, ки бо назардошти сатҳи таваррум ҳисоб карда мешавад (Мизони аслӣ = Мизони номиналӣ – Сатҳи таваррум).
14.4. Намудҳои фоизи қарз
Дар амалияи бонкдорӣ ва муносибатҳои қарзӣ намудҳои гуногуни фоизи қарз истифода мешаванд:
-
Мизони поягии бонкӣ (Prime rate): Сатҳи минималии фоиз аст, ки аз ҷониби бонкҳо барои қарзҳои пешниҳодкардаашон муайян карда мешавад. Он хароҷот ва фоидаи минималии бонкро дар бар мегирад. Ҳангоми додани қарз ба мизоҷон, вобаста ба хавф, таъминот ва пардохтпазирии қарзгиранда ба ин мизон фоизи иловагӣ илова карда мешавад.
-
Мизони фоизи бозори пул: Дар бозори пул маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматноки мӯҳлаташон то як сол (векселҳо, вомбаргҳои кӯтоҳмуддат) хариду фурӯш мешаванд.
-
Мизони фоизи қарзҳои байнибонкӣ: Фоизи қарзи ба мизоҷ додашаванда бевосита аз мизони фоизи қарзҳои байнибонкӣ вобаста аст. Ин мизон ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
-
Мизони фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда (Offer Rate): Мизоне, ки бонк омода аст ба бонкҳои дигар қарз диҳад. Масалан:
-
LIBOR (London Inter-Bank Offered Rate) — дар Лондон;
-
PIBOR — дар Париж;
-
FIBOR — дар Франкфурт;
-
MIBOR — дар Маскав.
-
-
Мизони фоизи қарзҳои ҷалбшаванда (Bid Rate): Мизоне, ки бонк омода аст аз бонкҳои дигар қарз гирад (масалан: LIBID, PIBID, FIBID, MIBID).
-
Мизони аслии қарзҳои байнибонкӣ (Actual Rate): Мизони миёнае, ки бо он бонкҳо воқеан дар рӯзи гузашта ба якдигар қарз додаанд (масалан: LIACR, MIACR).
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё