Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Муомилоти пулии ғайринақдӣ
Асосҳои ташкили муомилоти пулии ғайринақдӣ
Дар шароити иқтисоди бозорӣ пул яке аз воситаҳои ҳатмии ҳаёти ҳамарӯзаи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар мамлакатҳои мутараққӣ ташкили дурусти муносибатҳои иқтисодии байни истеҳсолкунандагони мол ва истеъмолкунандагон, хизматрасонҳо ва мизоҷони онҳоро бе истифодаи пул тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳамаи амалиётҳо оид ба хариду фурӯши молҳо ва хизматрасонӣ бо истифодаи пул анҷом меёбанд.
Албатта, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ метавонанд ғайринақдӣ ва ё нақдӣ бошанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ ҳангоми додугирифти молу хизматрасониҳо ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши асосиро мебозанд, зеро истифодаи онҳо камхарҷ буда, аз тарафи дигар, ба ҳукумат имкон медиҳад андозбандии пурраи амалиётҳоро таҳти назорат гирад.
Истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ наметавонад бе соҳаи ҳозиразамони бонкдорӣ ва ҳавасмандии ҳукумат ба пешрафти он таъмин карда шавад. Ин аст, ки ҳукуматҳо ҳангоми ба роҳ мондани сиёсати дурусти иқтисодӣ ба ташкилу пешбурди соҳаи бонкдорӣ ва ҳимояи он аз дахолати сохторҳои қудратӣ (хусусан дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ) диққати махсус медиҳанд.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо роҳи аз як суратҳисоби бонкӣ баровардан ва ба суратҳисоби бонкии дигар ворид намудани воситаҳои пулии мизоҷон амалӣ мешаванд.
Нақши суратҳисоби бонкӣ дар нигаҳдошт ва таъмини ҳаракати воситаҳои пулии мизоҷон хеле баланд аст. Тавассути дар бонк кушодани суратҳисобҳо мизоҷон имкон доранд иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои пулии худро дар назди кормандон оид ба додани музди меҳнат, корхонаю ташкилотҳо оид ба додани пули мол, корҳои иҷрогардидаю хизматҳои расонидашуда, буҷет оид ба додани андоз, бонкҳо оид ба баргардонидани қарз ва ғайра таъмин намоянд.
Вобаста ба мақсади нигаҳдошт ва тартиби истифодаи воситаҳои пулӣ суратҳисобҳои бонкӣ намудҳои гуногун доранд:
-
Суратҳисоби ҷорӣ — аслан аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ кушода шуда, барои нигаҳдошти маблағҳои аз буҷет воридшуда ва ҳисоббаробаркунӣ бо кормандону ташкилотҳои дигар истифода мешавад;
-
Суратҳисоби пардохтӣ — аз ҷониби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ барои нигаҳдошти маблағҳои пулӣ (воситаҳои гардишӣ ва фоида), инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо кормандону мизоҷон, буҷету хазинаи иҷтимоӣ ва ғайра кушода мешавад;
-
Суратҳисоби пасандозӣ — бо мақсади нигаҳдошти маблағҳои пасандозшуда кушода мешавад. Масалан, агар корхона қисме аз пулҳояшро бо фоизи баландтар барои истифода ба бонк диҳад, бонк онҳоро аз суратҳисоби пардохтии ӯ ба суратҳисоби дигар, ки пасандозӣ ном дорад, гузаронида то мӯҳлати муайяншуда нигоҳ медорад;
-
Суратҳисоби қарзӣ — барои баҳисобгирии маблағи қарзи ба мизоҷ додашуда. Ин суратҳисоб аз ҷониби бонкҳо ҳангоми додани қарз кушода мешавад;
-
Суратҳисоби ғанҷуванда (ҷамъшаванда) — барои баҳисобгирии маблағҳои ҷамъшаванда. Масалан, барои ҷамъи маблағҳои хазинаи оинномавии корхонаи навташкил. Маблағи дар ин суратҳисоб ҷамъшударо танҳо баъди гузаронидан ба суратҳисоби пардохтӣ истифода бурдан мумкин аст;
-
Суратҳисоби асъорӣ — барои баҳисобгирии маблағҳои асъории корхонаву шахсони алоҳида.
Дар таҷрибаи бонкӣ тартиби муайяни кушодани суратҳисобҳо вуҷуд дорад, ки бояд аз ҷониби мизоҷон риоя шавад. Азбаски донишҷӯён аллакай фанҳои дигари иқтисодиро омӯхтаанд, қисман ба ин қоидаҳо шиносанд ва метавонанд донишашонро барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ, аз он ҷумла кушодани суратҳисоби бонкӣ ва ҳисоби фоизи он истифода кунанд (нигаред ба замимаи 20).
Вобаста ба тартиби ҳисобдорӣ дар мамлакатҳои алоҳида суратҳисобҳо номи гуногун доранд. Масалан, суратҳисобҳои пардохтӣ дар ИМА ва Канада — чекӣ, Фаронса — ҷорӣ, Олмон — жироҳисоб ном доранд, вале сарфи назар аз фарқияти номӣ моҳияташон якхела аст. Онҳо асос ва воситаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии субъектҳои хоҷагидорӣ, муассиса ва одамони алоҳида мебошанд.
Ташкили дурусти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шартҳои зеринро дар бар мегирад:
-
Риояи шартҳои ҳисоббаробаркунӣ;
-
Таъмини иҷрои талаботи муайяншуда ба тартиби гузаронидани онҳо;
-
Вобаста ба шарту шароити хоҷагидорӣ истифодаи дурусти шаклу тартиби ҳисоббаробаркунӣ.
Қоидаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Дар мамлакатҳои мутараққӣ ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми умумии ҳисоббаробаркуниҳо тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дуруст ба роҳ мондани ин намуди ҳисоббаробаркуниҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳукуматҳо ба ҳисоб меравад.
Мутобиқ ба қонунҳои мавҷуда ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар асоси риояи қоидаҳо (принсипҳо)-и муайян ташкил карда мешаванд. Таҳти мафҳуми «принсип» (қоида) мо талаботеро дар назар дорем, ки риояи онҳо ҳангоми истифодаи шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳатмист.
Қариб дар ҳама мамлакатҳо ташкили сохтори пардохтӣ, қоида, мӯҳлат ва стандартҳои ҳисоббаробаркунӣ ба ӯҳдаи бонки марказӣ вогузор шудааст. Аз ин рӯ, таъмини риояи қоидаҳои зерини ҳисоббаробаркунӣ низ вазифаи он аст:
-
Асоси қонунӣ доштани ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтҳо. Ҳар як кишвар вобаста ба анъана ва сатҳи пешравии иқтисодиёташ соҳиби низоми пардохтии муайян аст. Низоми пардохтӣ («платёжная система») ин ташкили маркази ҳисоббаробаркунӣ, муайян намудани тартибу қоидаҳои ҳисоббаробаркунии байни бонкҳо, байни ширкатҳо, байни онҳо ва одамони алоҳида ва давлатро дар бар мегирад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ташкили дурусти муносибатҳои иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорон, байни онҳо ва сохторҳои давлатӣ яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисодиёт мебошад. Ҷавобгӯй набудани сохтори пардохтӣ ба талаботи замон метавонад боиси пастравии иқтисодиёт гардад, ки дар навбати худ ба ташкили дурусти буҷет ва қонеъгардонии талаботи соҳаҳои буҷетӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин аст, ки дар тамоми мамлакатҳо қонунҳои дахлдор оид ба тартиби ҳисоббаробаркуниҳо қабул шудаанд.
Дастурамал оид ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудааст, тартиби ҳисоббаробаркунӣ ва қоидаҳои онро дар кишвари мо муайян мекунад. Асоси ин дастурамалро кодексу қонунҳои зерин ташкил медиҳанд:
-
«Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»;
-
«Дар бораи фаъолияти бонкӣ»;
-
«Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.
Илова ба ин ки дар шартномаҳои байниҳамдигарии харидорону фурӯшандаҳо ҷавобгарии онҳо барои сари вақт нагузаронидани пул муайян мешавад, қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» نیز ҷавобгарии бонкҳоро барои сари вақт иҷро накардани супориши мизоҷ оид ба гузаронидани пул пешбинӣ намудааст.
Ҳамин тавр, асоси қонунӣ доштани ҳисоббаробаркуниҳо, агар аз як тараф, муносибатҳои молиявии харидорону фурӯшандаҳоро ба чорчӯбаи қонун дароварда, боиси пешравии иқтисодиёт гардад, аз тарафи дигар, бо шарофати он ҳисоббаробаркунии саривақтии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ва самаранокии он таъмин карда мешавад.
-
-
Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи суратҳисобҳои бонкӣ. Доштани суратҳисобҳои бонкӣ барои харидору фурӯшанда ва ё пулдиҳандаю пулгиранда яке аз шартҳои ҳатмии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад. Албатта, суратҳисобҳо дар асоси шартномаи байни мизоҷ ва бонк кушода мешаванд. Барои таъмини саривақтии ҳисоббаробаркуниҳо бонкҳо نیز дар бонкҳои дигари дохилию хориҷӣ ҳисобҳои муросилотӣ мекушоянд.
Дар бисёре аз кишварҳо ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи бонк ҳатмӣ аст. Масалан, дар Русия мутобиқ ба фармони махсуси Президенти он истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои ширкату соҳибкорон сарфи назар аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад. Мамлакатҳои ҳамсоя نیز чунин тартибро дар муомилоти дохилию хориҷии худ ворид карда истодаанд. Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳангоми хариди молҳои арзишашон баландтар (ба ғайр аз хӯрокворӣ, гӯгирд ва ғайра) истифодаи дигар намуди ҳисоббаробаркунӣ ғайриимкон аст. Мардум дар ҳамёни худ маблағи то 20 евроро мегардонанду халос. Бо худ доштани маблағи аз ин зиёд хатарнок ҳисобида мешавад, агарчи он мумкин аст ҳатто барои наҳорӣ басанда набошад.
Зикр кардан зарур аст, ки фурӯшандаю харидор ҳуқуқ доранд ин ё он шакли ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро озодона интихоб намоянд. Бонк метавонад ҳамчун маслиҳатгар шакли мувофиқтари ҳисоббаробаркуниро пешниҳод намояд, вале ҳуқуқ надорад ба онҳо барои қабули ин пешниҳод фишор оварад.
-
Таъмини ликвиднокӣ ва пардохтпазирии ҳисоббаробаркунандагон. Ликвиднокӣ маънои доштани маблағи зарурӣ дар суратҳисоб ва ё ҳуқуқи гирифтани қарз барои додани пули фурӯшандаро дорад. Пардохтпазирӣ на танҳо доштани пул, балки инчунин доштани ҳуқуқи истифодаи онро низ дар бар мегирад. Масалан, дар ҳисоби корхонаи муфлис эълоншуда мумкин аст аз ҳисоби фурӯши моликияти он пули зиёд ҷамъ шуда бошад, вале роҳбарият ҳуқуқи бо хоҳиши худ истифода кардани онро надорад. Таъмини риояи ин қоида яке аз шартҳои асосии иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ мебошад.
Бонкҳои марказӣ зарурати таъмини доимии ликвиднокиро ба инобат гирифта, онро ҳамчун яке аз меъёрҳои назоратии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд. Сатҳи ин меъёр бо фоиз муайян шуда, вобаста ба вазъи молиявии бонкҳо ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат метавонад гуногун бошад. Масалан, барои бонкҳои тиҷоратии дар Тоҷикистон буда, соли 2002 ин меъёр ба 30 фоиз баробар буд.
-
Мавҷуд будани розигии (аксепти) пулдиҳанда барои пулгузаронӣ. Риояи ин қоида бо роҳҳои гуногун таъмин карда мешавад:
-
Агар пулдиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ чек, вексель ва супоришномаи пулдиҳиро истифода барад, будани имзои он дар ин ҳуҷҷатҳо шаҳодати розигии ӯ ҳисобида мешавад;
-
Дар ҳолати истифодаи дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ, ба монанди талабномаи пулгирӣ, баъзе шаклҳои аккредитив ва ғайра, бонк розигии пулдиҳандаро талаб мекунад.
Розигии пулдиҳанда бо роҳҳои гуногун изҳор карда мешавад. Дар аксари ҳолатҳо, агар баъди гирифтани ҳуҷҷатҳои фурӯшанда пулдиҳанда дар муддати муайян норозигии худро ба таври хаттӣ баён накунад, бонк онро розӣ шуморида, амалиёти пардохтиро иҷро менамояд.
Илова ба ин, қонунҳои мамлакатҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз ҳисоби пулдиҳанда бе розигии ӯ гирифтани пулро نیز пешбинӣ менамоянд. Масалан, ҳангоми бо қарори суд гирифтани маблағи муайян ба манфиати ҷабрдида ё барои пӯшонидани хароҷоти судӣ, ҳангоми гирифтани андозҳои супориданашуда ва ғайра.
-
-
Мӯҳлатнокии пардохт ё ба таври дигар дар мӯҳлати муайян ба суратҳисоби пулгиранда гузаронидани пул. Пулдиҳанда вазифадор аст, ки пули фурӯшандаро мутобиқ ба талаби шартнома дар мӯҳлати муайян ба суратҳисоби ӯ гузаронад. Бонк نیز барои сари вақт гузаронидани ин маблағ ҷавобгар аст.
Албатта, мӯҳлати гузаронидани пул метавонад вобаста ба шароит, ҷойгиршавии харидору фурӯшанда, моҳият ва намуди мол ва ғайра гуногун бошад. Масалан, дар Тоҷикистон ҳангоми хариди пахта ва алюминий пешпардохт пешбинӣ шудааст.
Агар харидору фурӯшанда ҳамсоя бошанд, мумкин аст пулдиҳӣ ба воситаи чек ё супоришномаи пулдиҳӣ анҷом ёбад. Ҳисоббаробаркунӣ байни корхонаҳои мамлакатҳои аз ҳам дур метавонад бо истифодаи аккредитив анҷом ёбад ва ғайра. Вобаста ба ин мӯҳлати пулдиҳӣ ё пулгузаронӣ نیز тағйир меёбад.
Аз ҳама муҳимаш бояд пули кори иҷрошуда ё моли харидашуда сари вақт дода шавад, зеро риоя накардани ин қоида метавонад боиси сустшавии гардиши молу пул, сари вақт надодани музди меҳнати кормандону ворид нашудани андоз ба буҷет ва ғайра гардад.
-
Назорати ҷонибҳо аз болои сари вақт гузаронидани пул ва иҷрои дурусти қоидаҳои ҳисоббаробаркунӣ.Фурӯшандаю харидор — яке бо мақсади сари вақт гирифтани пул, дигаре иҷрои ӯҳдадориаш дар назди фурӯшандаю ҳимояи обрӯи худ — бо роҳҳои зайл вазъи ҳисоббаробаркуниҳоро назорат мекунанд. Тартиби ҳисобдорӣ дар корхона ва пайваста гирифтани рӯйнавишти амалиётҳои суратҳисоби бонкӣ имкон медиҳад, ки ин назорат самаранок бошад.
Бонкҳо, ки на танҳо хизматрасони харидору фурӯшанда, балки инчунин мутасаддии таъмини муносибатҳои молиявии мизоҷон ва буҷет, муассисаҳои ғайрибуҷетӣ, хазинаҳои нафақаю суғурта мебошанд, сари вақт гузаронидани пул ва риояи қоидаҳои ҳисоббаробаркуниро назорат мекунанд. Масалан, ҳангоми аз бонк гирифтани пул барои додани музди меҳнат корхона бояд дар супоришномаи худ маблағи ба буҷет ва хазинаи нафақа мегузаронидаашро نیز нишон диҳад.
-
Ҷавобгарии моддии ҷонибҳо барои риоя накардани шартҳои шартнома. Харидору фурӯшанда ҳангоми бастани шартнома вобаста ба дараҷаи боварии байниҳамдигарӣ ҷавобгарии тарафайнро барои сари вақт иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулӣ муайян менамоянд. Аслан маблағи ҷарима бояд барои пӯшонидани зарари ба фурӯшанда расонидашуда басанда бошад. Мизоҷон инчунин имкон доранд ҳангоми бастани шартнома бо бонк ҷавобгарии онро барои сари вақт нагузаронидани маблағ муайян намоянд.
Илова ба он, дар қонунҳои баъзе аз мамлакатҳо вобаста ба дараҷаи пешрафти назорати молиявию бонкӣ барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои пулӣ, ба монанди сари вақт нагузаронидани воситаҳои пулӣ аз тарафи бонк, надодан ё нопурра додани андозу пардохтҳои гумрукӣ, пули суғуртаи ҳатмӣ ва ғайра ҷарима муайян карда шудааст.
Масалан, дар Тоҷикистон мувофиқи талаби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” бонкҳо барои ҳар рӯзи сари вақт нагузаронидани маблағи пулии мизоҷ дар ҳаҷми баробар ба меъёри бозтамвили Бонки миллӣ (ставка рефинансирования) ҷарима медиҳанд. Дар Русия бо фармони махсуси Президенти он аз 18 августи соли 1996 № 1212 барои ҳар рӯзи аз мӯҳлат дертар гузаронидани пул ба Хазинаи нафақа ҷарима (0,3 фоиз аз маблағи гузарониданашуда) муайян карда шудааст.
Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҷаримаҳо хеле баланд буда, воситаи асосии ҷазодиҳии ширкатҳою соҳибкорон мебошанд. Аз сабаби пурзӯр будани рақобат ва имконияти ба зудӣ касод шудани ширкату соҳибкорон, онҳо ҳама чораҳоро меандешанд, то ки ба чунин камбудиҳо роҳ надиҳанд.
Ҳамин тавр, иҷрои қоидаҳои зикршуда гарави сари вақт қонеъ гардонидани талаботи молиявии фурӯшандагон ва баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо ба пешрафти истеҳсолот мебошад.
Шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ вобаста ба ҷойгиршавии фурӯшандаю харидор, зичии муносибатҳои иқтисодии онҳо, намуди молу хусусиятҳои хоси он, тартиби хизматрасонӣ ва омилҳои дигар метавонанд гуногун бошанд.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ байни корхонаю ширкатҳо ва шахсони суратҳисобашон дар як бонк ва ё бонкҳои дар як маҳал буда ҳисоббаробаркуниҳои дохилишаҳрӣ (маҳаллӣ) ном доранд. Ҳисоббаробаркуниҳо байни корхона, ширкату шахсон ба воситаи бонкҳои дар маҳалҳои гуногун ҷойдошта ҳисоббаробаркуниҳои берун аз шаҳр номида мешаванд.
Аз миқдори умумии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тахминан 75 фоизи онҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои молӣ(яъне пулдиҳӣ барои мол, корҳои иҷрошудаю хизматҳои расонидашуда) ва 25 фоизаш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайримолӣ (ба монанди иҷрои ӯҳдадориҳои пулии корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида дар назди буҷет, хазинаҳои иҷтимоию суғуртаи ҳатмӣ, муассисаҳои қарзӣ, суд ва ғайра) рост меояд.
Зарурати таъмини самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо ба истифодаи ҳуҷҷатҳои шакли муайяндошта оварда расонд. Масалан, ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ истифодаи шакли ягонаи супоришномаи пулдиҳӣ аз ҷониби ҳама корхонаю соҳибкорон ҳатмист. Дар арсаи байналмилалӣ نیز мувофиқи қарордодҳои умумӣ ҳуҷҷатҳои шаклан якхела ва бо тартиби муайян пуркардашуда истифода мешаванд. Масалан, ҳангоми фиристодани мол ба воситаи нақлиёти обӣ ба фурӯшанда ҳуҷҷате дода мешавад, ки шакли муайян дошта, истифодаи он барои тамоми ширкату корхонаҳои дунё ҳатмӣ аст.
Пешрафти доимии соҳаи бонкдорӣ, пайдоиши низоми электронӣ ва имконияти истифодаи он барои ҳисоббаробаркуниҳо, зарурати баҳисобгирии шароиту имкониятҳои молиявии харидорону фурӯшандагон, сатҳи боварии байниҳамдигарии онҳо ва омилҳои дигар боиси пайдоиш ва истифодаи шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гардиданд. Имрӯзҳо дар муносибатҳои иқтисодии дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ шаклҳои зерини ҳисоббаробаркунӣ истифода мешаванд:
-
Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи супоришномаи пулдиҳӣ;
-
Пардохтҳо аз рӯи нақшаи пешакӣ;
-
Шакли аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ;
-
Ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи чек;
-
Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ;
-
Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи талабномаи пулгирӣ;
-
Ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи аз эътибор соқит кардани қарзҳои байниҳамдигарӣ (зачет).
Албатта, ҳар як шакл хусусияти хос дошта, агар барои яке аз тарафҳо муфид бошад, барои тарафи дигар номуносиб аст, вале зарурати муносибатҳои иқтисодӣ тарафҳоро маҷбур месозад, ки ба истифодаи он розӣ шаванд. Масалан, ҳангоми истифодаи шакли аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ воситаҳои пулии харидор чанде беҳаракат мемонанд, ки ба манфиати ӯ نیست.
Вобаста ба ҷавобгӯй будани тартиби ҳисоббаробаркунӣ ба талаботи ширкату корхонаҳо, ҳиссаи шаклҳои алоҳидаи он дар ҷамъи ҳисоббаробаркуниҳо якхела نیست.
Қисми зиёди таърихи бонкдории тоҷик ба давраи дар ҳайати СССР буданаш рост меояд. Пайдоиши шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ ва нақши ҳар яки он дар марҳалаҳои алоҳидаи пешрафти иқтисодиёт барои тамоми ҷумҳуриҳои аз СССР ҷудошуда якхела аст. Баъди барҳамхӯрии СССР бонкдорӣ ва сохтори пардохтӣ ҳамчун қисми таркибии он дар мамлакатҳои тозаистиқлол аз ҳам фарқ мекунанд.
-
Дар СССР:
-
Солҳои 1921–1930: чеку вексел;
-
Солҳои 1930–1987: талабномаи пулдиҳӣ, аккредитив, чек ва пулгузаронии бевосита;
-
Солҳои 1987–1992: супоришномаи пулдиҳӣ, талабномаи пулгирӣ, аккредитив, чек, ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи нақшаи пешакӣ, аз эътибор соқит кардани қарзҳои байниҳамдигарӣ.
-
-
Дар Русия (солҳои 1992–2003): супоришномаи пулдиҳӣ, талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ, талабномаи пулгирӣ, аккредитив, чек, аз эътибор соқит кардани қарзҳои байниҳамдигарӣ.
-
Дар Тоҷикистон: ҳисоббаробаркуниҳо асосан бо супоришномаи пулдиҳӣ, талабномаи пулгирӣ ва қисман аккредитив иҷро мегарданд. Аз сабаби рушди нисбатан пасти соҳаи бонкдорӣ ва афзалият доштани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ то соли 2008 чунин шаклҳои пешрафта, ба монанди талабнома-супоришномаи пулдиҳию чекҳо истифода намешуданд.
-
Дар мамлакатҳои аврупоӣ: шаклҳои асосии ҳисоббаробаркунӣ имрӯз супоришномаи пулдиҳӣ, талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ ва чекҳо мебошанд.
Интихоби шакли муайяни ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз ҷониби ширкату корхонаҳо аз омилҳои зерин вобаста аст:
-
Сатҳи муносибатҳои байниҳамдигарии тарафҳо. Агар онҳо дар натиҷаи муносибатҳои дурудароз ба боварии якдигар даромада бошанд, метавонанд шаклҳои барои ҳар ду тараф муфидтари ҳисоббаробаркуниро истифода баранд;
-
Ҷойгиршавии тарафҳо (аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба ҳам наздик ё аз ҳам дуранд);
-
Хусусиятҳои хоси мол ва тартиби қабули он. Масалан, талаботи баланд ба пахтаи тоҷикро ба инобат гирифта, ҳукумат барои он пешпардохтро муайян кардааст, ки бо супоришномаи пулдиҳӣ анҷом меёбад. Агар мол дар корхонаи фурӯшанда қабул карда шавад, аксари корхонаҳо истифодаи чекро беҳтар мешуморанд;
-
Истифодаи намуди нақлиёт. Агар барои расонидани бор нақлиёти ҳавоӣ истифода шавад, пас истифодаи супоришномаи пулдиҳӣ ва ё чек беҳтар аст;
-
Вазъи молиявии харидор. Дар ҳолати мавҷудияти вазъи ноустувори молиявии корхона истифодаи шакли ҳисоббаробаркуние, ки ба шахшавии воситаҳои пулӣ имкон намедиҳад, муфидтар аст. Солҳои 1992–2004 қисме аз корхонаҳо аз шартномаҳои консигнатсионӣ истифода мекарданд, ки мувофиқи он пули молро баъди истифодаю фурӯши он медоданд.
Бонк бо мақсади таъмини самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо, роҳ надодан ба ҳаракати дуҷонибаи пул байни харидору фурӯшанда, кам кардани харҷи онҳо барои ҳуҷҷатсозию пулгузаронӣ, инчунин иҷрои вазифаи назоратии худ, метавонад ба онҳо шакли барои ҳар ду тараф муфидро пешниҳод намояд.
Ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи супоришномаи пулдиҳӣ
Супоришномаи пулдиҳӣ шакли ҳисоббаробаркуниест, ки мувофиқи он пулдиҳанда барои аз суратҳисоби худ ба суратҳисоби пулгиранда гузаронидани маблағи муайян ба бонк супориши хаттӣ медиҳад.
Истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ нишондиҳандаи муносибатҳои хуби байни харидору фурӯшанда буда, аз розигию қаноатмандии харидор шаҳодат медиҳад. Супоришномаи пулдиҳӣ метавонад ҳангоми пешпардохт, инчунин баъди қабули молу корҳои иҷрошуда ва хизматҳои расонидашуда истифода шавад. Ин аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ доираи истифодаи он хеле васеъ мегардад.
Истифодаи супоришномаи пулдиҳӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои пулӣ дар назди хазинаҳои иҷтимоию суғурта ҳангоми додани маблағи қонунан муайяншуда, кормандон ҳангоми додани музди меҳнату мукофотпулӣ, буҷет ҳангоми додани андозу пардохтҳо, бонк ҳангоми додани ҳаққи хизматрасонию хариди саҳмияҳо ва ғайра ба мақсад мувофиқ аст.
Вобаста ба сатҳи пешрафти бонкдорӣ ва сохтори пардохтии давлат тартиби истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ гуногун аст. Дар қисме аз давлатҳо супоришномаи пулдиҳӣ шакли муайян дошта, аз ҷониби пулдиҳанда баъди дуруст пур кардани он ба бонк пешниҳод карда мешавад. Баъди имзо шуданаш он бояд дар давоми чанд рӯз (масалан, дар Русия 10 рӯз) ба бонк пешниҳод карда шавад. Супоришномаи пулдиҳӣ ҳангоме қабул карда мешавад, ки агар пулдиҳанда илова ба пешниҳоди саривақтии он дар суратҳисобаш пул ва ё ҳуқуқи аз бонк гирифтани қарзро дошта бошад.
Вобаста ба пешпардохт ва ё додани пул баъди қабули молу хизматрасонӣ дар амал тартиби гуногуни ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пулдиҳӣ истифода мешавад.
Схемаи 1. Ҳисоббаробаркунии пешакӣ (пешпардохт) бо супоришномаи пулдиҳӣ
[Фурӯшанда] [Харидор]
^ |
| |
(4) (2)
| |
v v
[Бонки фурӯшанда] <=============== (3) ============= [Бонки харидор]
(ва фиристодани мол/хизматрасонӣ баъди марҳилаи 4 — кадами 5)
-
1 — Бастани шартнома оид ба хариди мол ё хизматрасонӣ бо истифодаи тартиби ҳисоббаробаркунии пешакӣ (пешпардохт) бо супоришномаи пулдиҳӣ;
-
2 — Пешниҳоди супоришномаи пулдиҳӣ ба бонк ва аз суратҳисоби харидор хориҷ кардани пул;
-
3 — Гузаронидани пул ба бонки фурӯшанда ва ворид кардани пул ба суратҳисоби он;
-
4 — Хабар кардани фурӯшанда дар хусуси ба суратҳисоби ӯ ворид шудани пул;
-
5 — Фиристодани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ.
Албатта, ҳар як шакли ҳисоббаробаркунӣ камбудию бартарии худро дорад. Ҳар як корхона ҳавасманди он аст, ки маблағҳои пулиаш ҳар чӣ зиёдтар дар ҳисобаш монда, барои иҷрои ӯҳдадориҳояш истифода шаванд. Ҳангоми истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ пули корхона аз ҳисоби ӯ пеш аз гирифтани мол бароварда شده, чанде дар ихтиёри фурӯшанда мемонад. Ҳол он ки дар ин мӯҳлат мумкин аст харидор барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди дигарон аз бонк қарз гирифта фоиз диҳад.
Аз ин рӯ, корхонаҳо ҳангоми истифодаи супоришномаи пулдиҳӣ кӯшиш мекунанд пули мол, кори иҷрошуда ё хизматро баъди қабули он диҳанд.
Дар ин ҳолат ҳисоббаробаркунӣ шакли зеринро мегирад:
Схемаи 2. Ҳисоббаробаркунӣ баъди фиристодани мол ё иҷрои кор
[Фурӯшанда] [Харидор]
^ |
| |
(4) (2)
| |
v v
[Бонки фурӯшанда] <=============(3) ============== [Бонки харидор]
-
1 — Фиристодани мол ё иҷрои кору хизматрасонӣ;
-
2 — Пешниҳоди супоришномаи пулдиҳӣ ба бонк ва аз суратҳисоби харидор хориҷ кардани пул;
-
3 — Гузаронидани пул ба бонки фурӯшанда ва ворид кардани он ба суратҳисоби ӯ;
-
4 — Хабар кардани фурӯшанда дар хусуси ба суратҳисоби ӯ ворид шудани пул.
Вобаста ба пешрафти соҳаи бонкдорӣ дар кишварҳои гуногун тартиби истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ نیز аз ҳам фарқ мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон мувофиқи талаби Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон зарур аст, ки супоришнома аз ҷониби шахси аввал ва сармуҳосиб имзо шуда, бо мӯҳри корхона тасдиқ шавад. Дар кишварҳои аврупоӣ имзои идоракунандаи суратҳисоб басанда аст.
Сарфи назар аз бартариҳои ин шакли ҳисоббаробаркунӣ, истифодаи он талаботи тарафҳоро дар ҳама ҳолат қонеъ намегардонад. Бинобар ин, дар қатори он шаклҳои дигари ҳисоббаробаркунӣ васеъ истифода мешаванд.
Пардохтҳо аз рӯи нақшаи пешакӣ
Дар ҳолати доимӣ будани муносибатҳои дутарафа оид ба хариди молу хизматрасонӣ (масалан, ҳар саҳар ба мағоза фиристодани маҳсулоти ширӣ аз ҷониби комбинати шир) истифодаи ин шакл ба мақсад мувофиқ аст. Мувофиқи шартнома, ки дар он миқдори молу нархи он қайд шудааст, нақшаи пулгузаронӣ сохта мешавад. Баъдан харидор мустақилона дар вақти муайяншуда пулро ба ҳисоби фурӯшанда мегузаронад. Баъди чанд вақт (моҳ, семоҳа, сол) харидору фурӯшанда миқдори молҳои дар асл фиристодаю маблағи пардохташударо муайян намуда, байни ҳам ҳисобро баробар мекунанд. Агар фурӯшанда аз ҳаҷми дар шартнома нишондодашуда зиёдтар мол фиристода бошад, пас ба суратҳисоби он маблағи иловагӣ гузаронида мешавад ва баръакс.
Ҳангоми истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ супоришномаи пулдиҳӣ, чек ва талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ истифода мешаванд. Дар мамлакатҳои аврупоӣ, ки шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ васеъ истифода мешаванд, ширкатҳо, муассисаҳо ва одамони алоҳида барои додани пули иҷораи бино, хона, истифодаи барқ, гармӣ, оби гарму хунук аз ин шакли ҳисоббаробаркунӣ истифода мебаранд. Мувофиқи шартнома аввали ҳар моҳ ба суроғаи онҳо талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ фиристода мешавад, ки дар он маблағи муайян нишон داده шудааст ва аз ҷониби ширкатҳою муассисаҳо ва одамони алоҳида пардохта мешавад. Ҳисоббаробаркунии аслӣ дар охири сол анҷом дода мешавад. Кормандони ширкати барқдиҳӣ аз рӯи нишондоди ченкунакҳо миқдори барқи дар асл истифодашударо муайян намуда, бо мизоҷон ҳисобро баробар мекунанд.
Мисол: Солҳои 2001–2006 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия зиндагӣ доштаму барои иҷораи хона, истифодаи оби гарму хунук, гармию барқ аввали ҳар моҳ ба суратҳисоби ширкатҳои гуногун маблағи дар шартномаҳо муайяншударо пардохт мекардам. Дар охири сол намояндагони ин ширкатҳо аз рӯи нишондоди ченкунакҳо маблағи аслиро муайян намуда, бо ман ҳисобро баробар мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё