Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
ДОРУИ МУШКУШАК
Зани Мушфиқӣ ба шӯяш таъна зада гуфт:
– Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шӯҳо барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду...
Мушфиқӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфурӯширо мувофиқ ёфт. Вай як рӯз дар миёнҷои бозор як тӯрба хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурӯшам, доруи мушкушак!» гӯён фарёд задан гирифт. Ба харидорон аз ҳамон хокистар ба қоғазҳо кам-кам печонда медод. Як харидор тариқаи кор фармудани ин «дору»-ро пурсид. Мушфиқӣ ҷавоб дод:
– Аввал мушро дореду аз думаш гирифта ба замин хуб занед, баъд ба ҳоли худаш монда як қадар нигоҳ карда истед, диҳед, ки муш ҳеҷ ҳаракат намекунад, баъд аз ин дору ба даҳону бинии вай камтар ҷо диҳед. Ана бо ҳамин муш ҷо ба ҷо мемурад ва шумо аз зараррасонии вай халос мешавед!
Харидор гуфт:
– Шумо одами аҷиб будед-ку! Баъд аз он ки мушро доштам, бе доруи шумо ҳам зада мекушам!
– Шумо аввал аз доруи ман харед, баъд мушро хоҳ аз рӯи гуфти ман кушеду хоҳ аз рӯи гуфти худатон – ихтиёр ба дасти бахтиёр! – ҷавоб дод Мушфиқӣ.
ХОҶА ҲОФИЗ ВА ХИШТРЕЗ
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлӯи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат-ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш доду баъд якбора хиштҳои рехта мондаи хиштрезро паҳш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашноҳ дод:
– Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ?
Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам ҷуфт карда гирифта гуфт:
– Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хӯрда навиштаи маро расво карда, ғалат мехонӣ?!...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё