Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

ДУ СУРАТКАШ

Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як сар ангурро чунон устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекард. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо ангури ҳақиқӣ пиндошта, омада ба вай нӯл мезаданд ва сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, баландии санъати худро исбот кард.

Сураткаши дуюм барои нишон додани санъаташ сураткаши якумро ба хонааш бурд ва пардаеро нишон дода гуфт:

Санъатҳои ман дар пушти ҳамин парда истодаанд, кушода бин, меписандӣ ё не?

Сураткаши якум даст бурда мехост пардаро бардорад, лекин дид, ки он парда набуда, сурати пардае будааст, ки дар девори хона моҳирона кашида шудааст.

БОҚӢ ВА СОҚӢ

Дар Бухоро Боқимумсик ном бои хасиси чиркиндону ре буд, ки дар болои як мирӣ пул рост меистод. Дар мумсикӣ ва хасосат худашро беҳамто мешумурд ва бо ин сифаташ фахр мекард. Як рӯз касе ӯро ба шӯр овард.

Шумо беҳуда дар хасисӣ худатонро якто шумурда гаштаед. Дар Самарқанд Соқимумсик ном як бой баромадааст, ки дар хасисӣ шуморо ба як нӯл мезанад!

Боқимумсик бо шунидани ин гап якбора оташин шуд ва:

Афлотун бошад ҳам, дар ин кор аз ман номдортар ва устотар набудагист! Канӣ, Соқимумсикашро ҳам як рафта бинам, чӣ қадар қурбу каромат доштааст! — гӯён ба роҳи Самарқанд даромад.

Дар Самарқанд ҳар ду мумсик бо ҳам ошно шуданд, ҳамдигарро аз «фазилати» худашон хабардор намуданд. Боқимумсик ба кор фармудани найранг сар кард:

Бародар Соқибой, ба сар қазое афтода, дар шаҳри шумо мусофир шудем, як қадар чой оварда будем, ба фурӯш нарафта истодааст, чӣ мешавад, ки то пагоҳ ду танга қарз дода истед!

Соқимумсик ба як ҳолати печутобнок афтода хеле фикру хаёл

пешина
аз 23
навбатӣ