Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ниҳоят ба ҳамин шарт розӣ шуд, ки рӯзи дигар пагоҳӣ ду тангаро дуним танга карда, бо ним танга фоидааш гирад. Боқимумсик шарти ӯро қабул кард ва ду тангаро гирифта: «бо ҳамон қадар овозадорӣ бе, ба як ҳилаи ман лиққӣ афтид...» гӯён ба Бухоро гашта омад.

Соқимумсик нигоҳ кард, ки аз мобайн як рӯз-ду рӯз гузашта бошад ҳам, аз Боқимумсик дарак нест. Дар қаҳр шуда худ ба худ гуфт:

– Синнам ба сил рафта, ба касе як пуламро набахшидаам, кӣ бидааст, ки аз Бухоро барин ҷой омада ду тангаи маро хӯрда мерафтааст!..

Сонӣ вай шитобон ба Бухоро рафт. Боқӣ омадани Соқиро шунида ба зану фарзандонаш гуфт:

– Ман қасдан мурда барин шуда хоб мекунам, шумоҳо бо овози баланд гиря кардан гиред. Ҳар кас омада маро пурсад, «ҳамин шаб ба олост мурда монданд» гӯед...

Вақте ки Соқӣ омада пурсид, аҳли хонадони Боқӣ мувофиқи гуфтаи

ӯ ҷавоб доданд. Соқӣ афсӯси бисёр хӯрда:

– Ман ошнои наздики Боқибой ҳастам, ба ман таъин карда буданд,

ки «ҳар вақт ман мурам, худат бо дасти худ шӯёнда гӯр кун»; ҳозир

покшӯй мебиёрам! – гуфту баромада рафт ва аз кӯча чор-панҷ адад

чуволдӯз ва ду нафар покшӯй овард. Фармуд, ки ду банд хори хушк ва як

дег обро шақаррос занонда ҷӯшонда оварда диҳанд, баъд аз хона ғайр аз

худашу покшӯён ҳамаро бароварда дарро маҳкам кард ва ба сари

«мурда» рафта гуфт:

– Акнун ба дастам афтидӣ, ду тангаамро медиҳӣ ё ки чуволдӯзҳоро

ба баданат халонам?

Аз «мурда» овозе набаромад. Соқӣ чуволдӯзҳоро аз яксар халонда

бадани Боқиро хуншор кард. Баъд боз гуфт:

– Лаънатӣ, гап зан! Ду тангаамро медиҳӣ ё ки ба болои хор хобонда

бо оби ҷӯшон шӯям?

«Мурда» на овоз мебаровард ва на меҷунбид. Соқӣ хорҳои хушкро

пахн карда Боқиро ба болои он хобонда, ду-се маротиба ба ҳар тараф

гелонд, дид, ки бо ин ҳам нашуд, оби ҷӯш рехта сар то пояшро ба

покшӯён шӯенд ва ба кафан печонда тайёр карду хам шуда ба гӯшаш

гуфт:

– Хотирҷамъ бош, ки то ду тангаамро надиҳӣ, бо ин найрангҳо аз

ман халос намехӯрӣ!

Азбаски «мурда» боз ҳам садое набаровард, Соқӣ фармуд, ки тобут

оварда ӯро андозанд. Андохта ба сари қабр бурданд.

Соқӣ:

– Худораҳматӣ Боқибой ба ман таъин карда буданд, ки ҳар вақт ман

пешина
аз 23
навбатӣ