Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАВОИ ДАРДИ ШИКАМ

Шахсе ба пеши табиб рафта арз кард, ки шикамам дард дорад. Табиб пурсид, ки чӣ хӯрдааст.

Гуфт:

– Нони сӯхта.

Табиб барои чашмони ӯ дору дод, дардманд ҳайрон шуда пурсид:

– Маро шикам дард мекунад, чаро ту ба ман доруи чашм медиҳӣ?

Табиб гуфт:

– Бояд аввал чашмони туро даво кунам, зеро ки агар чашмонат сиҳат мебуданд, нони сӯхтаро намехӯрдӣ.

МУШФИҚӢ ВА ИМОМИ ДАРДМАНД

Мушфиқӣ баъзан табибӣ ҳам мекард. Дар яке аз шабҳои рамазон имоми гузараш ба пеши вай омада гуфт:

– Нафасам танг шуда истодааст, қариб аст ки кафида равам. Чӣ мешавад, ки ба ман ягон давои як ба як дода, ҷонамро халос кунед.

Мушфиқӣ имрӯз чӣ хел хӯрок хӯрдани имомро пурсид. Имом гуфт:

– Хӯроки қазоӣ нахӯрдаам. Дар ифтори ҳамсояамон фақат сето нону як коса нишалло хӯрдам, баъд, ташвиш кашида камтар шӯрбо карда будаанд, аз вай ҳам фақат якуним коса хӯрдам; баъд, як ҳамсояи дигарамон манту пухта будааст, дилаш намонад, гуфта аз вай ҳам фақат сӣ-чил дона тановул кардам, баъд аз ин ки қадре ташнагӣ ориз шуд, ду коса оби хунук, се коса харбуза, як лаълӣ ангур ва баъд 5-6 дона турунҷ хӯрда будам.

Мушфиқӣ гуфт:

– Давои як ба яки ин дардатон ҳамин, ки фақат барои худатон дар ягон ҷои баланде ба қадри се газ заминро фақат се-чор газ кобонеду ба он чуқурӣ даромада, рӯболо хоб кунед, баъд таъин кунед, ки аз болоятон фақат ба қадри се-чор газ хок резанд, аз болои хок сӣ-чилта хишт чида, панҷ-шаш пора санги мармар монда, бо гаҷ андова карда партоянд... Фақат дар ҳамон сурат ҷони шумо аз ин дард халосӣ меёбад.

пешина
аз 23
навбатӣ