Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
АФАНДӢ ДАР МИНБАРИ ВАЪЗ
Рӯзе Насриддин Афандӣ ба минбари масҷид баромада гуфт:
— Эй ҷамоат, оё медонед, ки ман ба шумо чӣ гуфтанӣ ҳастам?
— Намедонем, — гуфтанд.
— Ҳаминро ҳам ки надонед, ба шумо чӣ гӯям?! — гуфта Афандӣ аз минбар фуромад.
Як рӯзи дигар Афандӣ боз ба минбар баромада, ҳамон саволро такрор кард. Ҷамоат ин дафъа:
— Медонем, — гуфтанд.
— Медониста бошетон, ба гуфтани ман чӣ ҳоҷат?! — гуфта Афандӣ боз аз минбар фаромад.
Ӯ дафъаи сеюм ба минбар баромада, саволи аввалаашро дода буд, ки гуфтанд:
— Нисфамон медонем, нисфи дигарамон не.
Афандӣ:
— Ин тавр бошад, нисфи медонистагиатон ба нисфи намедонистагиатон гӯед! — гуфта аз минбар фаромада рафт.
АЗ МУРДАҲО ШАРМ МЕДОРАМ
Як табиб ҳар вақт ки аз пеши гӯристон мегузашт, рӯяшро бо бари ҷомааш мепӯшонид. Рӯзе як ҳамроҳи вай сабаби ин корро пурсид:
Табиб гуфт:
— Ман аз мурдаҳои ин қабристон шарм мекунам, зеро ки аксарияти онҳо аз дорую давоҳои ман мурдаанд.
ЯК ХУРӮС ҲАМ ЛОЗИМ АСТ
Рӯзе подшоҳ Насриддин Афандиро мулзам кардани шуда, ба чил нафар аз аҳли дарбори худ фармуд, ки ҳар калом яктоӣ тухми мурғ гирифта ба ҳавз дароянду ба ҷойҳои маълум пинҳон карда бароянд. Баъд Афандиро зег зада гуфт:
— Афандӣ, шумо бо ҳамин чил кас ба ҳавз дароед, бояд ҳар калом аз ҳавз як донагӣ тухми мурғ ёфта бароред. Ҳар кас ки инро карда натавонад, аз бурд рӯз дар даруни ҳавз мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё