Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

СаломатӣТиб
Аз аввал хондан
  1. Ҳар шаб пеш аз хоб бо равғани зайтун ва каме асал аз муқад то пушти хичак 5-10 дақиқа масҳ мекунад, то ки ғадуди простата нест шаваду олоти мардӣ калон ва ғафс шавад. (аз 10 то 15 рӯз)

  2. Давои аз ҳама хубу аъло Малҳами «Маъҷун»-ро истифода барад, шифои оҷилу комил меёбад ва иншоаллоҳ соҳиби фарзанд ҳам мешавад.

ДАР БАЁНИ ИСҲОЛ (РАФТАНИ ДАРУН) Исҳол аз рӯда, аз меъда, аз ҷигар, аз заҳра, аз майна, аз сипурза, аз масориқо ба тарзи дамовӣ (хунӣ), сафровӣ (зардобӣ), балғамӣ ва савдовӣ ба вуҷуд меояд.

Даво:

  1. Се дирам тухми гашнизро куфта бо оби сард биёшоманд исҳолро мебандад.

  2. Зардии тухми нимпухтаро бо ҳамроҳии як мискол танакори бирёншуда се маротиба биёшоманд, исҳоли хунинро мебандад.

  3. Қурутро дар оби ҷӯшомада каф зада 50гр се маротиба биёшоманд, исҳолро мебандад (ҳамроҳ бо пӯсти анор).

  4. Чакаи сахтро дар сони нави обнорасида, баста дар хокистари таги дегдони нонпазӣ пухта биёшоманд. Иншоаллоҳ ҳама гуна исҳолро мебандад.

  5. Ним дирам пӯсти кохнорро субҳ, шом ва вақти хоб бо оби сард биёшоманд, исҳоли сафровиро қатъ мекунад.

пешина
аз 69
навбатӣ