Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
-
Як рӯйи даст, гурраи зиркро дар як чойнаки миёнаҳаҷм бо оби ҷӯшомада тар карда, пас аз хунук шудан каф зада чабида, ба оби он асал ё набот ҳамроҳ карда, рӯзе се маротиба ба миқдори 50 гр биёшоманд, иншоаллоҳ аз кадом узве, ки хун равон бошад, қатъ мекунад.
-
Қиёми зирк ҳам барои исҳол нафъ дорад.
-
Ҳар рӯз як дирам тухми гули хайриро (гармаш) куфта, бо оби ҷӯшомада биёшоманд, исҳолро манъ мекунад.
-
Мавизи шохтутро бо асал бихӯранд, исҳолро манъ мекунад.
-
Пӯсти анорро куфта орд карда, 5 гр. бо оби набот хӯрад беҳтар мебошад.
ДАР БАЁНИ БЕМОРИИ ЛАҚВА (КАҶ ШУДАНИ РӮЙ, ФОЛИҶ)
Сабаби ин беморӣ, рехта шудани хилти балғамӣ ва рутубӣ аст. Дар ин беморӣ даҳон ва лабҳо низ каҷ мегарданд, ки оби даҳон ба тарзи рост берун намеояд ва бемор нафаси чуқур кашида наметавонад.
Даво:
-
Беморро чил шабонарӯз дар хонаи торик (нимторик) нигоҳ дошта, хӯрокашро аз чагалдак ва гӯшти паррандагон, хусусан кабӯтару гунҷишк мекунанд. Бемор аз таомҳои туршу шӯру тез парҳез мекунад, иншоаллоҳ, шифо меёбад.
-
1 ё 2 дона ҳалилаи сиёҳро кӯфта бо асал фурӯ мебарад, иншоаллоҳ шифо меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё