Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ДАР БАЁНИ МОЛИХУЛИЁ (АСАБӢ, ДЕВОНАГӢ)

Аломати беморӣ: - бисёр хавф мебарад ва метарсад, фаромӯшхотир мегардад, сабабаш хилти савдо, рутубат бар ҷисми бемор ғалаба кардааст.

Даво: 1. Санои мақкиро бо ҳар роҳе, ки истифода кунад, Иншоаллоҳ шифо меёбад.

  1. Ҳар рӯз ду дирам ҳалилаи кобулиро куфта, бо се чандони он асал сиришта бихӯрад, молихулиёро нест мекунад.

  2. Ҳар рӯз як миққол каланфури гарданакро куфта, бихӯрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.

  3. Гӯшти сагбачаро пухта бихӯрад, молихулиёро дафъ кунад. (ҳаром аст) дар зарурат.

  4. Ҳар рӯз ду дирам реша ва барги хушки чокуларо куфта, бихӯрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.

  5. Пиёзи ансулро дар ташвия пухта, бо шаш миқдори он намак даромехта, каме равған илова карда, аз ин маҳсул ба дили наҳор якуним миққол бихӯрад, шифо ёбад.

  6. Ҳашт дирам зарпечакро бо шири тозадӯшида ва шакар бихӯрад, давои хубест.

  7. Даҳ дирам зарпечакро дар ним ратл шири навдӯшида як рӯз тар карда, бо понздаҳ миққол сиканҷабин бихӯрад ва то як ҳафта бо ин мудовамот намояд, иншоаллоҳ шифо меёбад.

  8. Ҳар рӯз ҳафт миққол садарайҳон (райҳон)-ро дар об ҷӯш дода, баъд бинӯшанд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.

  9. Давои асосӣ: ихлос ба ояти Худованд...

пешина
аз 69
навбатӣ