Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ДАР БАЁНИ ФАРОМӮШХОТИРИ (НИСЁН)

Ин беморӣ аз сабаби фосид шудани қувваи зикр ё фикр ва ё тахайюл аст, ки аз ғалабаи ҳилти балғам ва савдо дар мағзи сар ҳодис мешавад.

Даво:

  1. Ҳар гоҳ ду дирам юнучқаи зардакро кӯфта, бо панҷ дирам асали мусаффо бихӯранд, Иншоаллоҳ шифо ёбанд.

  2. Ҳар рӯз ду дирам ҳалилаи кобулиро аз бозор харида, кӯфта, бо ду дирам шакар бихӯранд, иллати фаромӯшхотирӣ дафъ мешавад.

  3. Пӯсти решаи чормағзро чой карда, кам-кам бинӯшанд, шифо ёбанд.

  4. Ҳар рӯз як мискол испандро кӯфта бо оби ҷӯшомада биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  5. Ҳар рӯз як ратл шири навдӯшидаро гармогарм нӯшанд, шифо ёбанд.

  6. Сано доруест бе ҳамто.

  7. Анҷири хушкро дар шири гарм як шаб тар карда, рӯзе 3 бор 4-5 донагӣ истеъмол намояд.

  8. 2 ё 3 дона ҳалилаи ҳиндиро кӯфта, орд карда, рӯзе 2 бор бо як қошуқча асал ва бо оби гарм истеъмол намудан басе манфиатовар аст.

пешина
аз 69
навбатӣ