Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТАРЗИ ТАБОБАТИ ЗАХМИ МЕЪДА ВА РӮДАИ 12-АНГУШТА
Парҳез аз хӯрокҳои бирёнӣ, донагӣ, тезӣ, шӯрӣ ва обҳои газдор гарави саломатӣ мебошад.
Ҳаминро хотиррасон карданиам, ки ман 20 сол ба бемории захми меъда гирифтор будам, 15 маротиба хунрав шудам ва умедро аз зиндагӣ кандам. Мақоли халқӣ ҳаст, ки мегӯянд: «Пеши табиб чӣ меравед, аз корафтода бипурсед». Ман худ низ ҳамон корафтода ҳастам.
-
Як пиёла шарбати зуфро, бо як қошуқи асал ё «шаҳди шифо» омехта карда саҳар мехӯрад, то соати 12.00 ҳеҷ чиз намехӯрад. (то 7-8 рӯз) хунравӣ нест мешавад.
-
Агар туршии меъда зиёд бошад, саҳар 2 дона тухми хомро бо 2 қошук равғани зайтун омехта карда мехӯрад.
-
Як пиёла маскаи говӣ, 2 қошуки калон оби алоэ + 2 қошуқча «шаҳди шифо» ё асали тоза омехта (ғавҷида) карда, рӯзе 3 бор як қошуқи калон пеш аз хӯрок мехӯрад.
-
Таомҳои обакӣ, маска, хомшӯрбо, сметана, қаймоқ ва равғани зарди говӣ мехӯрад.
Эзоҳ: Бисёре одамоне, ки ба захми меъдаю рӯдаи 12-ангушта гирифтор ва хунрав шуда бошанд аз шарбати зуфу асал истифодаи оқилона баранд, шифои комил ёфтанд. Бемороне, ки аз шарбати зуфу асал як моҳ 2-3 маротиба истифода баранд, Худо хоҳад, аз саратони меъдаю рӯда наҷот меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё