Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Як ҳафта рӯз дар миён як дирам кучаларо (тарзи хӯрдани кучала дар аввали китоб пурра баён гардидааст) бо оби ҷӯшомада биёшоманд, иншоаллоҳ шифои комил меёбанд.

  2. Барги тамокуро дар оташдон то зард гаштанаш гарм карда, дар кафи пойҳо гузошта банданд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  3. Барги тару тозаи мушхорро каме гарм карда, бар буғумҳои дардманди варамкарда гузошта банданд, варами буғумҳоро таҳлил карда, нест мекунад.

  4. Баргу поя ва гулу навдаи гули хайриро кӯфта бо орди ҷав, асал ва сирко малҳам карда, дар варамҳои пой банданд шифо меёбанд.

  5. Талҳаи говро бо асал ва хокаи имбир омехта карда, дар пахтаи кӯҳна тар карда, дар миён шабҳо банданд, дар давоми 10 рӯз аз ҷуръаи сутунмӯҳра шифо меёбанд.

ДАР БАЁНИ БЕМОРИИ ФОЛИҶ (ФАЛАҶ)

Нимаи бадани инсон рост ё чап, аз тори сар то нохунгушти пой, шал ё карахт шуда, аз ҳаракат кардан мемонад. Сабаби ин мариз рехта шудани моддаи сарди тари кӯҳнашуда ба саргаҳи асабҳо он нимаи бадан дар мағзи сар аст. Моддаи тари балғам сабабгор буда, гоҳо аз ғалабаи хун низ ба вуҷуд меояд.

Даво:

  1. Испанди тарро дар оташ гарм карда, бо мудовомат гузошта банданд, барои фолиҷ даво мешавад.
пешина
аз 69
навбатӣ