Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Беморро дар пӯсти нав аз бадани гург ҷудокарда, печонда арақ орад, иншоаллоҳ шифо ёбад.

  2. Ҳар рӯз як мискол исфандро бихӯрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.

  3. Истеъмоли сир барои бемории фалаҷ давоест хуб.

  4. Гӯшти заргӯшро бо тавсия кабоб карда, бо дорчин, мурч, ҳардал ва тухми шибит, ки турш карда бошад, бихӯранд, фоличро дафъ кунад.

  5. Пӯсти беруни тозаи чормағзро бо мисоли он барги ҳино кӯфта, ба мабдои асабҳо гузошта банданд, фоличро ба ибро меорад.

  6. Чиҳил рӯз дар хонаи торик гӯшти парранда ва чағалдак бихӯрад, иншоаллоҳ шифо меёбад.

  7. Ҳар рӯз ним мискол қаланфури гарданакро кӯфта, бо об биёшоманд ва онро бӯй карда гарданд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  8. Гӯшти хорпуштро бе намак муҳарро пухта, бо мо-ул-асал бихӯранд, фоличро шифо мебахшад.

  9. Мурчро кӯфта, бо оби барги зуф бихӯранд ва бар он мудовамат намоянд, фоличро шифо мебахшад.

  10. Гӯшти фохтаку, кабутар ва гунҷишк давои хубест барои дафъи фолич.

  11. Кӯршапаракро дар равғани зайтун муҳарро пухта мехӯранд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.

  12. Қиёми арчаи зардро бо оби гарм об карда, бо равғани зайтун омехта карда, рӯзе 2 бор узвҳои карахтро маҳс намояд.

  13. 2-3 дона ҳалилаи ҳиндиро кӯфта орд карда, рӯзе 3 бор бо як қошуқча асал бихӯранд. Иншоаллоҳ шифо ёбанд.

пешина
аз 69
навбатӣ