Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ДАР БОБИ ХАФАҚОН (ТАПИДАНИ ҚАЛБ)

Сабаби ин мариз аз хилтҳои бадбӯи мурдор ва ё бухороти ин гуна моддаҳо ба қалб расида, ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ ду навъ аст. Аввал он ки дар хуни қалб ба амал меояд ва дуввум он ки дар дигар узв ба монандӣ меъда, майна, ҷигар, рӯдаҳо, заҳдон, шуш ва ё дар тамоми аъзо ба вуҷуд меояд.

Даво:

  1. Истеъмоли санои маккӣ ба миқдори ду мисқол рӯзе дар дили наҳор (12-рӯз) давоест хубу аъло барои тапидани дил.

  2. Тапидани дил агар аз ғалабаи сардӣ ва рехта шудани ягон хилти рутубатнок бошад, истеъмоли кучала нафъ дорад.

  3. Ҳар рӯз як кирот (донаи нахӯд барин) мумиёи тозаро бо обе, ки дар он зира ҷӯшонида шуда бошад, ҳал карда биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  4. Ҳар сабоҳ як каф кӯфтаи наъноро бо як пиёла оби ҷӯшомада биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  5. Мағзи сари мурғобиро бо орди боқило даромехта, аз рӯ бар дил банданд ва биёшоманд, тапидани дилро ислоҳ мекунад.

пешина
аз 69
навбатӣ