Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
-
Даҳони фарангро (дар бозор мефурӯшанд) куфта, бо сирко омезиш дода, ба шукуфа банданд, шифо меёбанд.
-
Олтингӯргирдро бо шилми бодоми талх ва чургот омезиш дода, ба шукуфаҳои пӯст банданд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.
-
Сабӯси гандумиро дар об ҷӯшонида, бо сирко ва асал сиришта, ба шукуфаҳои пӯст банданд, шифо ёбанд.
-
Оби турбро бардавом бар шукуфаи пӯст бимоланд, шифо ёбанд.
-
Оби даҳони инсонро ҳангоми дили наҳор бо саргини гунҷишк даромехта, ба шукуфаи пӯст бардавом бимоланд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.
-
Наботро кӯфта, бо олтингӯргирд даромехта, ба шукуфаҳои пӯст банданд, шифо меёбанд.
-
Гули сангро кӯфта, гузошта банданд, ҳар гуна шукуфаро шифо мебахшад.
-
Давои озмудаи беҳтарин: талҳои гов, асал, навшотир, замч, даҳони фаранг, сиркои ангуриро кӯфта малҳам карда, рӯзе 2 бор дар ҳаммом даромада молад. Баъди 30-40 дақиқа шуста, равғани зайтун ё равғани зарди кӯҳнаи говӣ молад, иншоаллоҳ дар давоми 20-30 рӯз шифо меёбад.
ШАРО (АЛЛЕРГИЯ)
1). 15 гр бобунаро бо 200 мг об 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд рӯзе 3-4 маротиба 1 қошукӣ менӯшанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё