Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

2). 3-5 гр пӯсти хушк ё 6-8 гр барги сафеддорро дар оби ҷӯшомада 15-20 дақиқа меҷӯшонанд, баъд аз як соат соф карда, рӯзе 3-4 маротиба 100 гр менӯшанд.

3). 10 гр наъноро бо 100 мл об 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд рӯзе 3 маротиба як қошуқӣ менӯшанд.

4). Як қошуқча талхакҷӯрубро дар 100 гр оби ҷӯшомада дам карда, 2-3 соат, 3 маротиба 50 мг ним соат пеш аз хӯрок менӯшанд.

5). 20 гр чилбугумро бо 200 мл оби ҷӯшомада дам карда, 20 дақиқа дам дода, дар як рӯз 3 маротиба аз 50 то 100 мг менӯшанд.

6). Барги кот 5 гр, барги қоқ ё 10-15 гр барги тарро бо 200 мл оби ҷӯшомада то 30 дақиқа дам дода, 2-3 маротиба чун чой менӯшанд.

7). Як қошуқ ғурраи испандро бо 300 мл оби ҷӯшомада як соат дам дода, ҳар рӯз 100 мг 3 маротиба менӯшанд.

8). Як қошуқ шарбати сабр (алоэ)-ро бо як қошуқ оби гашнизи сабз якҷоя карда менӯшанд.

9). Агар аллергия дар пӯст бошад, оби алоэро бо оби гашниз ва сиркои ангурӣ омехта карда дар пӯст моланд.

10). Барг ва решаи зифро кӯфта ба шаро (аллергия) бандед.

11). Мағзи бодоми талхро кӯфта ба сирко ё шароб ба шаро бандед.

12). Хокистари навдаҳои борики бедро бо сирко хамир карда, ба шаро бандед.

пешина
аз 69
навбатӣ