Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Сирпиёзро бо сирко ва асал марҳам сохта, сипас бо матои пашмин болои пӯсти сафедшударо маҳин-маҳин молиш диҳед, то рафтани пӯсти тунуку пайдо шудани об ва ё зардоб, марҳами тайёршударо дар болои он сафедӣ бандед ва ё гузоред, иншоаллоҳ, баъди чанде беҳ мешавад.
Тавсияҳои дигар:
-
Бемор аз ташхис гузарад. Баъди муайян шудани сабаби беморӣ бо санои маккӣ ҷилоб кунад, агар лозим шавад аз раги «борслик» ва ё «кифол» бо тавсияи табиб хуни савдовию сафровӣ ва балғамиро гирад, то ки ҷисм аз ин ифлосиҳо пок шавад, пас даво кунад.
-
Парҳез: Бемор аз маҳсулоти ширӣ, тухм, моҳӣ, харбуза парҳез кунад. Чунончӣ табибон мегӯянд: нахӯред ширро бо моҳӣ, харбузаро бо асал, ки шахси солимро кунад пескасал.
-
Баъди он ки намуди беморӣ муайян шуд, сирпиёзро бо навшодир кӯфта, омехта карда, дар болои доғи сафед мебандед. Ҳамин ки обила кард, онро кафонда обашро хориҷ мекунед ва сиёҳии таги дегро бо равғани тухм ва каме навшодир мемолед, (аз 15 то 20 дақиқа дар офтоб медоред).
-
Сирпиёзро сӯхта, хокистари онро бо асал малҳам карда мебандед.
Баҳак низ як навъи сафедпӯстӣ мебошад. Иншоаллоҳ ин беморӣ тез шифоёбанда аст.
- Заҳраи модагови сиёҳро бо бодоми талх, пилки гӯсфанд ва бо сирко (сиркои дастӣ) ҳал намуда, борҳо бар барас молад, иншоаллоҳ беҳ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё