Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Агар касе шошаи гӯсфандро ба миқдори як пиёла гирад ва ҷӯшонад, то ба се қошук боқӣ монад, баъд бар бархак бандад, шифо меёбад (пеш аз бастани ин давоҳо каме пӯстро молиш додан лозим аст, то ки даво дар таркиби пӯст нишаста таъсири худро гузорад).

  2. Каҷдукми сиёҳи калонро хушк карда, орд карда, бо сиёҳии таги дег ва сирко саришта, бар доги песи нав моланд, иншоаллоҳ беҳ мешавад.

  3. Сиёҳдонаро кӯфта бо сирко саришта, бар пӯсти сафед банданд, агар дард куҳна набошад, шифо меёбад.

  4. Устухони сӯхтаи моҳиро кӯфта, бо асал ба доги сафед моланд, агар куҳна нашуда бошад, беҳ мешавад.

  5. Пӯсти решаи сафедорро кӯфта, бо сирко даромехта, ба доги сафед банданд, то ба як сол доғро нест мекунад, иншоаллоҳ шифо меёбад.

  6. Равғани зардии тухмро бо навшотир омехта карда, рӯзе 3 бор ба доғҳои сафед молед, тоза карда равғани зайтун молед.

  7. Ҳар саҳар бо матои пашмин доғҳои сафедро молед, сурх, ки шуд, оби даҳони наҳангро бо навшотир омехта карда, молед.

  8. Ҳинаро бо ҷилмангуштак ва пӯсти чормағз кӯфта, 30 шаб бар доғҳои сафед бандед, иншоаллоҳ шифо меёбед.

  9. Тухми пиёзи анзурро кӯфта бо сиркои ангурӣ дар ҳаммом молида дар гармӣ дорад, беҳтарин давои дармони шумо мешавад.

  10. Агар сафедӣ нав пайдо шуда бошад, шираи барги анҷирро молида дар офтоб доред 20 дақиқа.

пешина
аз 69
навбатӣ