Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Қаламфули гарданро бихояд, дарди дандонро нест карда, бӯйи бади даҳонро нест карда, ҷогарро мехӯрад, ба бемориҳои васваса, саръ (припадка), кулли асаб фоидаи ниҳоят хуб дорад. Агар онро кӯфта шаб дар пеши сар банданд, кулли бемориҳои майнаро шифо мебахшад. Агар онро кӯфта орд карда, бо асал омехта карда, пеш аз ҳамхобагӣ бо зан дар олоти мардона молида бо зан ҷимо кунанд, зан тез ба ҳаяҷон омада, мардро оғӯш карда, иншоаллоҳ ҳомила мешавад.
Қаламфули гарданро бо ҳалилои ҳиндӣ дар 200 мл оби ҷӯшомада як шаб тар карда, оби онро рӯзе 3 бор як ё ду қошуқи ошӣ гаргара карда бихӯрад, сулфа, балғам, аллергия, тапиш задани дил ва бавосир, қабзияти шикам, каҷ шудани рӯй, саръ (припадка), фалаҷ, гулӯзиндонак ва ғайраҳоро шифо мебахшад.
Ҳаминро ёдрас менамоям, ки давоми 25 соли фаъолияти табибиам исбот кардам, ки ҳар касе рӯзе 1 ё 2 маротиба 4 ё 5 дона қаламфули гарданро дар болои забон монда, макида обашро фурӯ барад, аз кулли бемориҳои вобаста ба асаб буда, иншоаллоҳ дар давоми зиёда аз як моҳ шифои комилу очил меёбад, ки онро дар таҷрибаи корӣ санҷидаам.
Равғани қаламфули ҳиндӣ низ қавитар мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё