Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ҲАЛИЛАИ ҲИНДӢ
Ҳалила – меваи дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошанд, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Ба монандӣ ҳалилаи кобулӣ, ҳалилаи зард ва ҳалилаи сиёҳ мебошад. Мо танҳо дар бораи ҳалилаи ҳиндӣ истода мегузарем, зеро ки беҳтарин ҳалила ба ҳисоб меравад.
Мизоҷаш сард ва хушк мебошад.
ХИСЛАТИ ШИФОБАХШИИ ОН: хӯрдани он ҳамаи узвҳои бадан, зеҳн ва майнаро қувват мебахшад, хунро аз моддаҳои савдо пок ва соф мекунад. Онро хоида обашро фурӯ барад, иллатҳои лоқва, яъне каҷ шудани рӯй, асаб, аз ҳад зиёд задани дил, ҷогар, гулӯзиндонак, бавосир, хориши бадан, бемориҳои пӯст, саглес, пес, экзема, рисориаз ва аллергияро даво мебошад.
ТАРЗИ ТАЙЁР КАРДАН
15 ё 20 дона ҳалилаи ҳиндиро бо як ё ду қошуқча қаламфури гардан дар 200 г оби ҷӯшомада як шаб тар карда, оби онро рӯзе 2 ё 3 бор як ё ду қошуқи ошӣ гаргара карда мехӯрад. Инчунин орд карда бо асал омехта карда мехӯрад, балғамро аз даҳону гулӯ нест мекунад. Агар як донаашро макида хӯред рӯйи каҷро рост карда, дандонҳои гӯшткамкардаро дар 3 рӯз пур аз гӯшт мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё