Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

СаломатӣТиб
Аз аввал хондан

АЗ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР

27 сол боз ман ба бемории захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта мубтало будам. Зиёда аз 15 маротиба хунрав шудам, фишорам ниҳоят паст шуд, қуввати рафтор надоштам, сарам чарх ва чашмонам сиёҳӣ мезад. Борҳо дар беморхона бистарӣ шудам, ҳеҷ шифо намеёфтам. Бо шарофати истифода аз дастхатҳои тиббии бобои табибу авлиёям Муҳаммадсолеҳи Сурхиёнӣ, машҳур бо ҳамчун “Домуллои Сурхиёнӣ”, дар охир табобат гирифтам. Дар ниҳояти кор шифо ёфтам ва ин усули муолиҷаро ба корафтодагон тавсия медиҳам.

Як қабза баргу пояи зуфро бо каме алпамодиён кӯфта чун усма чабида, шарбат, яъне оби онро дар ҳаҷми як пиёла ё 200 мл бо як қошуқча асал омехта карда саҳар дар дили наҳор менӯшидам ва то соати 12 ё 13 ҳеҷ таоме истеъмол намекардам. Баъди соати 12 ё 13, сафедии 1 ё 2 дона тухми солимро бо ним қошуқи асал ва як қошуқи ошӣ равғани зайтун омехта карда мехӯрдам, баъди як соат хомшӯрбо, қаймоқ ва маскаи говиро бо нони мулоим тановул мекардам. Ҳазорон шукр Худованди шифобахшро, ки шифои комил ёфтам. Вазнам, ки дар давоми беморӣ ба 51 кг расида буд, ба 80 кг боло рафт.

Ин тарзи оқилона истифода бурдани гулу гиёҳҳои шифобахши диёр мебошад.

пешина
аз 69
навбатӣ