Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Табиби арманитабор, ки дини Исломро қабул карда буд аз Амирдавлат Манасӣ ривоятеро овардааст: «Бобои Одам фармудааст, ки агар одам аз рӯзи аввали баҳор, то рӯзи аввали тобистон як мискол (4,5 гр.) тухми бодиён ва як мискол қандро бо ҳам омехта, ҳамарӯза истеъмол намояд, муддати як сол аз ҳамаи бемориҳо эмин хоҳад монд».

Ӯ боз менависад: Вақте ки зимистон мерасад, морҳо ба қаъри замин мераванд ва он ҷо хоб рафта, варам мекунанд, чашмонашон кӯр мешавад. Аммо баҳорон морҳои кӯршуда ба берун мебароянд ва бӯи бодиёнро аз масофаҳои дур эҳсос мекунанд.

Ҳангоми бодиёнро пайдо кардан онро мехӯранд ва ҷисмҳошонро ба он мемоланд ва чашмҳои кӯршудаи онҳо дубора бино мешавад. Ин аст, ки Худованди таъоло ин рустаниҳоро чун дору барои морҳо низ офаридааст. «Ҳамду сано ба Офаридагор».

Доир ба табобати рустании бодиён садҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки маризони зиёде баъди истеъмоли он шифои комил ёфтаанд.

пешина
аз 69
навбатӣ