Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

СаломатӣТиб
Аз аввал хондан

Дардмандон гуфтаниям, ки асло ноумед нашаванд, зеро Худованд ба ҳар дард давое низ офаридааст.

Г. Саъдуллоева, сокини шаҳраки Шаҳристони шаҳри Ваҳдат

ДАР МАҒЗИ САРАМ ОМОС БУД

Ман аз дарди шадиди сар зуд-зуд беҳуш шуда, боиси ташвишу изтироби наздиконам мегаштам. Духтурон баъди ташхис дар мағзи сарам омосро муайян карданд.

Пас аз муроҷиат ба Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода он кас барои истеъмол ва ба сар бастан аз якчанд гиёҳу равғанҳои табиӣ даво тайёр кард. Баъди бо фармудаҳои он кас амал намудан ҳоло худро сабук ҳис мекунам. Шкр, ки дар диёри мо чунин табибони ҳозиқ — ворисони тибби ниёгон ҳастанд.

Н. Нозимзода, сокини 18-солаи ш. Турсунзода

АЗ ТАРБОД ХАЛОС ШУДАМ

Шаш сол гирифтори тарбод будаму дари беморхонаҳоро ба қавле «охурча» кардам. Баъди аз беморхона рухсат шудан таъсири доруҳо мерафту дард маро нороҳат мекард. Шукри Худо, ки бо шарофати роҳбарони дилсӯзи ду кишвари ҳамсоя робитаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёфта, сарҳадҳо боз шуданд. Ман аз ин имконияти мусоид истифода бурда, ба шаҳри Ваҳдат омада, бо Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода вохӯрдам. Давоҳое, ки ин табиби

пешина
аз 69
навбатӣ