Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

«БАРОИ ЧИ?»

— Муфаттиш имрӯз барои чӣ ба ҷои велосипед бо мошини боркаш савор шуда омадааст? — пурсид як колхозчӣ аз рафиқаш.

— Барои он ки харбузаву тарбуз ва бузу гӯсфанд ба велосипед намеғунҷад, — ҷавоб дод рафиқаш.

«РАНГАШ ДИГАР МЕШАВАД»

— Ранги шоҳиатон ба ман маъқул не, — гуфт харидор.

— Парво накарда гирифтан гиред, — гуфт шоҳифурӯш. — Як бор ба тағора дарояд рангаш дигар мешавад.

НОН АЗ ХАМИР МЕШАВАД

— Нонатон хамир-ку? — пурсид соҳибдиле аз нонвой.

— Ҳа, нон аз хамир нашуда, аз чӣ мешуд? — ҷавоб дод нонвой.

«АЗ ЗАЛ БАРОМАДА НАРАВАНД»

Дар як ҷамъомад қариб ҳамаи иштирокчиёни маҷлисро ба раёсати маҷлис интихоб намуданд.

— Аз чӣ сабаб ғайр аз мову ту дигар ҳама ба раёсат интихоб шуд? — гуфт як иштирокчии маҷлис.

— То ки дар нисфи маърӯза ҳама аз зал баромада нараванд, — гуфт шарикаш.

С. Ғанӣ. Гули хандон

пешина
аз 144
навбатӣ