Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

ИХТИРОИ НАВ

Директори завод, ки рӯзнома мехонд, ба тобеони худ мағрурона гуфт:
— Шарифови моро табрик кунед, ки ихтирои нав кардааст.
— Рафиқ директор, аз куҷо донистед?
— Аз рӯзномаи марказӣ.

«ХУДАТОН НАВИШТА ДИҲЕД»

Духтари сертаманное бо карру фар ба як идора омада, илтимос кард:
— Маро ба котибӣ қабул мекардед?
— Ариза нависед, — таклиф карданд ба ӯ.
— Навишта наметавонам, барака ёбед, худатон навишта диҳед.

«ҚУРБОНИ КАРДАМ»

— Ҳой мардак, — пурсид зани лектор аз шавҳараш, — пули барои лексияи «Зарари иди қурбон» гирифтаатонро чӣ кор кардед?
— Азизам, дар рӯзи ид қурбонӣ кардам.

«НА ДАР БОРАИ СИНФҲО»

— Дар бораи шикасту рехти мактаб маълумоти расмӣ додеду ҳанӯз синфҳо нотайёр ку? — пурсид намояндаи шӯъбаи маориф аз мудири мактаб.
— Бале, — ҷавоб дод ӯ, — ман дар бораи тамоми шудани шикасту рехти мактаб маълумот додам, на дар бораи тайёр шудани синфҳо.

пешина
аз 144
навбатӣ