Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

«ҚАНДАТА ХӮР»

Рӯбоҳе хурӯсеро дуздида мерафт. Аз сари роҳ гург баромада иддао кард:
— Ҳой муттаҳам, хурӯсро аз куҷо дуздидӣ?
— Надуздидаам, ба шумо, шоҳи ҷангал, тӯҳфа бурда истодаам.
— Ин тавр бошад, қандата хӯр!

«БА ХОНА ЭЛЕКТР ГУЗАРОНИДАМ»

Соҳибдиле аз бозор ба хонааш керосин, чароғ, шамъ, примус, шишаи чароғ мебурд. — Дар роҳ ошнояш дучор омада гуфт:
— Ташвишатон зӯр-ку?
— Ҳа, ошно, илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ бояд кард, гуфтаанд: ба хона электр гузаронидам.

«БЕ ТУ ЯК ҚАДАМ ҲАМ МОНДА НАМЕТАВОНАМ»

Мӯйсафеди фарсудае зани ҷавон гирифта, дар кӯчаву бозор доимо ба занаш такя карда мегашт. Рӯзе занаш бокарда ба ӯ гуфт:
— Тоза ҳам ба ҷонам расид-ку! Чаро ба ман ин қадар овезон мешавед?
— Азизам, бе ту як қадам ҳам монда наметавонам.

ХОР ЧИСТ?

Аз Хорпуштак пурсиданд:
— Хор чист?
— Дастаи ҳофизоне, ки якҷоя мехонанд.
— Барои чӣ якка-якка намехонанд?
— Чунки якка-якка овозашон намебарояд.

пешина
аз 144
навбатӣ