Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ҲАҚҚИ АЪЗОӢ
— Аз афти кор, ба курорт меравед? — хандида гуфт раиси комитети маҳаллии иттифоқи касаба ба сардори идора.
— Аз куҷо фаҳмидед? — ҳайрон шуд сардор.
— Аз он ки ҳаққи аъзогии сесоларо супурда истодаед.
ХОБИ ХУШ-ХУШ ХУҶА
Хӯшхӯҷа аз хоб тарсида хест.
— Ба шумо чӣ шуд, дадеш? — пурсид занаш.
— Худоё, дар паноҳат нигоҳ дор: дар хобам сардори идораамонро танқид кардаам!
«ПАХТА САФЕД»
Аз раиси холабеғами як колхози пахтакор, ки машғули маишат буд, пурсиданд:
— Аз чӣ сабаб ӯҳдадории пахтасупориро алҳол иҷро накардаед?
— Пахта сафед, — гуфт ӯ.
— Ин чӣ гапатон: пахта сафед нашуда, сиёҳ мешуд?
— Эй ошно, дигар баҳона наёбам, чӣ гӯям?
БИБИЧАИ НАВ
Пирамарде духтари хурдсолеро, ки зӯран ба занӣ гирифта буд, ба хона овард. Духтарчааш шодикунон гуфт:
— Дадоҷон, ба ман дугонаи нав овардед?
— Не, духтарам, ба ту бибичаи нав овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё