Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«СОАТ 12 ШУД»
Ду духтар дар саҳрои пахта кор мекарданд. Дар ҳамин вақт марди тануманде рӯймол дар китф аз дур намоён шуд. Яке аз духтарон гуфт:
— Соат расо дувоздаҳ шуд.
— Аз куҷо донистӣ? — пурсид бо тааҷҷуб дигарӣ.
— Ана бин: сардори бригада аз хоб хест.
ШИКОЯТЧӢ
Марде ба таваллудхона омада аҳволи занашро пурсид:
— Писар муборак, — гуфт ҳамшираи шафқат.
— Ташаккур. Хӯш, вазнаш чӣ қадар?
— Расо се килограмм.
— Нодуруст. Нодуруст бар кашидаед! Ман шикоят мекунам!
«СОЛАШРО НАГУФТААМ»
Ба сардори идораи бинокорӣ иморати нотамомеро нишон дода, пурсиданд:
— Қачон гуфта будед, ки то якуми май ин иморат тамом мешавад.
— Гапатон ҳақ. Вале ман якуми майи кадом сол буданашро нагуфтаам.
ДАР ОИЛАИ ФУТБОЛБОЗ
— Дадош, чӣ шуд, ки имрӯз аз хоб ин қадар хушҳол хестед? — пурсид зани футболбози ӯҳданобаро.
— Хоб дидаам, ки командаи мо ба дарвозаи ҳариф як тӯб задааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё