Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Дар ин асно вай ба кӯпруки шикастае фурӯ рафт у ҳамсӯҳбаташ аз дасти ӯ дошт. Раис дар ин асно бо ангушт каллаашро ишора карда гуфт:
— Эй сабил! Ёфтам, ёфтам, дар бораи ба таври таъҷилӣ таъмир кардани ҳамин кӯпруки зормонда!
«ТАНҲО НЕ»
— Аз барои чӣ занатонро дар хона партофта, худатон ҳамеша кӯча ба кӯча тамошо карда мегардед? — пурсид шахсе аз марди оилабезор.
— Ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед, — ҷавоб дод вай, — занам танҳо не, ҳафт нафар бачааш ҳам ҳаст!
МОҶАРОИ ХУШОМАДГӮЙ ВА БОДБЕЗАК
Хушомадгӯй ба назди вентилятор (бодбезак) омада, ба вай мушт бардошта аррос зад:
— Ту аз кадом гӯр баромади, ки нони маро нимто ва бозори маро касод кардӣ!
«МАРДҲО БА КУҶО КӮЧИДА РАФТАНД?»
Дар саҳро танҳо занҳо пахта мечиданд. Касе аз ноҳия омада, аз онҳо пурсид:
— Ҳой хоҳарон! Мардҳо дар куҷо? Магар ба ягон ҷой кӯчида рафтанд?
— Онҳо дар чойхона.
— Чӣ кор мекунанд?
Занон бо ханда ҷавоб доданд:
— Масъалаи ба пахтачинӣ ҷалб намудани занонро муҳокима мекунанд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё