Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
РУБИН
Дар як донишкада имтиҳон мерафт. Аз як ҷигити олуфта имтиҳон гирифтанд, ки вай ба саволҳо чала-чулпа ҷавоб дод.
— Чӣ баҳо монем? — пурсид як муаллим аз дигаре, ки одати рӯйбинӣ дошт.
— Донишаш маълум шуд, акнун пурсед, ки писари кист? — ҷавоб дод вай.
НОЭҲТИЁТ
Як фурӯшандаи ноэҳтиёт моҳӣ ва нонро дар як тарозу бармекашид. Харидорон эътироз карданд:
— Аз барои чӣ нону моҳиро дар тарозу якҷоя бармекашед?
— Чӣ фарқ дорад? Ҳар дуяш ҳам чизи хӯрданигӣ.
— Охир, бӯяш мешинад.
— Магар шумо моҳиро бе нон мехӯред?
«АҚАЛЛАН ПУЛИ ПАХТАРО ДИҲЕД?»
Сартарош мӯйсари касеро гирифта, сару рӯи ӯро хуншор кард ва пахтаи бисёре часпонид. Он шахс ба шукронаи аз дами теғ сиҳат ва саломат халос хӯрданаш як сӯм дода, аз дасти ӯ бадар рафтанӣ шуд.
Сартарош фарёд зад:
— Ин чӣ беинсофӣ! Ақаллан пули пахтаро диҳед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё