Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ХУРУС ДАР РОҲ ҲАМ ЧЕҒ МЕЗАНАД

Мушфиқӣ шабе ба хонаи як ошнои хасисаш меҳмон шуд. Вақти хоб расиду вале соҳиби хона дастурхон накушод. Бинобар он ӯ ба оғил даромада, харашро палон заду ду-се хурӯси ошнояшро дастгир карда, ба хӯрчин андохт.

— Мушфиқӣ, имшаб хоб кунед, субҳидам хурӯсҳо чеғ зананд, баъд меравед-дия, — гуфт ошнояш.

— Субҳ, ки шуд, хурӯсҳо дар роҳ ҳам чеғ задан мегиранд, — ҷавоб дод Мушфиқӣ.

РОСТ ГУФТ

Дурӯғгӯе аз дурӯғгӯе пурсид:

— Дар умрат ягон бор рост гуфтай?

Гуфт:

— «Ҳа» гӯям, дурӯғгӯ мешавам, «не» гӯям бовар намекунӣ, пас чӣ гӯям?

АРЗАШ ЧИ ҚАДАР?

Мушфиқиро занаш ба бозор фиристода, таъкид кард, ки арғамчине харад, то тӯлаш (дарозиаш) ба чуқурии чоҳи рӯи ҳавлӣ баробар бошад.

Мушфиқӣ бозор рафта, пас аз чанд муддат бе арғамчин баргашт.

— Арғамчинатон куҷост? — пурсид занаш.

— Тӯлашро гуфтию аммо арзашро нагуфтӣ, бинобар ин нахаридам.

пешина
аз 144
навбатӣ