Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ДАРДИ ҲАРИНА

— Сардоратон чӣ тавр, одами нағз аст? — пурсид шахсе аз дӯсташ.
— Бад гуфта наметавонам.
— Набошад нағз будааст-дия?
— Нағз ҳам гуфта наметавонам.
— Дарди ҳарина будааст-дия!

ТАҚЛИД

Писарчае ба ҷӯрааш гуфтааст:
— Биё, директор-директор бозӣ мекунем.
— Ман ин хел бозиро намедонам, — ҷавоб додааст ҷӯрааш.
— Ин бозии мушкил нест. Мана ин идора, мана ин столи корӣ. Атса занам ту «лаббай» гӯён дарро кушода даромадан мегирӣ, ман бошам, бо кибру ғурур нишаста, «пагоҳ биё, фардо биё!» гуфтан мегирам.

АЗ КУҶО МЕДОНЕД?

Ҷавоне ба як духтар гарм-гарм нигоҳ кардааст.
— Чаро ба ман ин қадар зеҳн монда, нигоҳ мекунед? — пурсидааст духтар бо тааҷҷуб.
— Чаро худатон нигоҳ мекунед?
— Ман ба шумо нигоҳ накардаам.
— Пас аз куҷо донистед, ки ман ба шумо нигоҳ кардам?

пешина
аз 144
навбатӣ