Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Меҳмонҳои дигар, ки аз суханҳои магнитофон завқ мебурданд, илтимос намуданд, ки онро то охир шунаванд. Магнитофон сухани худро давом дод:
«— Қобилҷон дар ҳақиқат ҷони одам. Ба гапи шумо даромада, якчанд рӯз якравӣ карда бечораро азоб додам, аммо худам ба азоби виҷдон дучор шудам. Монед, тинҷ зиндагӣ кунем.
— Кори ту... Лекин ман ин гапҳоро аз дилсӯзӣ ба ту мегӯям. Ин гапҳо аз қадим мондагӣ. Дар шаби тӯй худи ман зӯр зада будам, ки пои дадотро пештар зер кунам. Зер ҳам кардам. Ту бошӣ аз донистаи худ намемонӣ. Ҳамаи инро ба ман зани Орифраммол раҳматӣ Санавбар бихалифа ёд дода буд. Манфиаташро напаҳмида бошам, ба ту маслиҳат медодам?... Хоҳӣ як дуохони зӯр ҳаст, рафта дам андозонда, ӯро ба ту гарм кунонам?
— Аз ин зиёдтар боз чӣ хел гарм кардан мумкин. Ба ман ҳамин гармиаш ҳам кифоя.
— Ту ба худат ҷабр мекунӣ, тирронча! Маълум мешавад, ки шавҳарат туро ба худ гарм карда, ба изнаш даровардааст. Духтар, ҳушёр бош, аз ин қорат чунон пушаймон мехӯрӣ, ки суде намебахшад.
— Дигар наметавонам... майлаш...
— Агар ба гапам надарой, ба шири додагиам розӣ нестам!»
Ҳангоме ки сухан ба ин ҷо расид, Бибиҷон «Бас!.. Бас!» гӯён фарёд зад ва ҷаста аз ҷой хест. Дигарон ҳам аз ҷой хестанд. Ҳама аз Бибиҷон чашм намеканданд. Вале вай аз шарм маҷоли сар бардоштан надошт. Аз ҳиҷолат ба рӯи касе нигоҳ намекард ва дар дил ёфта баровардаи радиои гапчинро дуои бад мекард, кирдори худро ба ёд оварда, замин намекафид, ки дарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё