Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Кани, писарам, — гуфт Бибиҷон, радиои таърифиатонро як шунавем.
Дигарҳо низ ин таклифро қувват доданд. Қобилҷон аз ҷон хуштар аз ҷой хесту гӯшаки магнитофонро тоб дод. Лентаҳо ба ҳаракат даромаданд. Бар хилофи чашмдошти дигарон ин аппарати «навбаромад» корро аз ашӯла не, балки аз суханҳои обнорасидаи дар байни Бибиҷон ва Мунаввара ҳозиракак шуда гузаштагӣ сар кард:
«— Ҳа Мунаввара, аҳволат нағз-мӣ?
— Шукр, худатон чӣ тавр?
— Чӣ тавр мешуд? — Нағз-дия. Ту аз гапҳои ман набарой, доимо нағз мешавад. Шавҳарат аз гуфтаҳои ту берун намебаромадагӣ шуд ё не?».
Сухан ба ин ҷо омада буд, ки ҳама, махсусан Бибиҷон якқад париданд ва бо ҳайрат ба якдигар нигоҳ карда монданд. Бибиҷон истода натавониста: «Ин машина-ғазалатон чиҳо гуфта истодааст?» гуфт ва ранги рӯяш яки якбора парид. Қобилҷон гӯё ки аз ҳеҷ чиз хабар надорад, худро ба нодонӣ зад. Вале магнитофон сухани худро давом додан гирифт.
«— Бибиҷон, бечора шавҳарам маро азоб надиҳад, доимо меҳрубонӣ кунад, боз ба гиребони он кас часпам? Ба ҳолашон раҳми кас меояд.
— Ана ҳамин хел раҳмдилӣ карда, корро расво мекунӣ! Макри мардҳо аз мӯи сар ҳам зиёд. Агар илоҷе карда ба ҳуқмат надорорӣ, рӯз дида наметавонӣ... Раҳматӣ дадоят аз хати кашидаи ман як қадам ҳам берун намебаромад».
Гап ки ба ин ҷо расид, Бибиҷон фарёд зад:
— Қобилҷон, радиётон хушк шавад, ин қадар гапро аз куҷо бофта мебарорад. Астағфируллоҳ, ҳозир манаҳашро бандед, ки зада мешиканам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё