Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«БА ДИЛИ МАРДУМ НАМЕЗАНАД-МӢ?»
Ба нонвой гуфтанд:
— Сабаб чист, ки дирӯз нонатон хом буду имрӯз сӯхтагӣ?
— Барои он ки ҳар рӯз як хел пазем, ба дили хӯрандаҳо мезанад.
ОДАМИ НОЁФТ
— Сардори идораамон одами хеле ноёфт-куя.
— Нағз, гӯед?
— Не, он касро ҳеҷ вақт аз идора кофта намеёбед.
ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
— Сарлавҳаи шеъратон порсол «Кишти тирамоҳӣ» буду имсол «Кишти баҳорӣ» гуфтед?
— Чӣ фарқ дорад? Ҳар дуяш ҳам кишт-ку?
БОЗ МЕОЯД
— Ҳай-ҳай! Аз барои чӣ бо дастуруламалҳои оид ба тайёрии зимистон печкаро метафсонед?
— Ғам нахӯред, худи ҳамин рӯз боз як аробаи дигар меояд.
«МАН БАРИН «АНИФ» НАГӮЯНД-ДИЯ»
Муллои манқае дар мактаби кӯҳна дарс медодааст ва «алиф»-ро «аниф» талаффуз мекардааст. Вай аз талабае пурсидааст:
— Алиф гӯй?
— Аниф, — ҷавоб додааст талаба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё