Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Мактабдор аз ин ба ғазаб омада, ӯро бо адабчӯб задааст. Падари бача аз воқеа бохабар шуда, сабаби онро фаҳмиданӣ шудааст.
— Писари шумо «аниф» гуфта наметавонад, — шикоят кардааст муллои мактабдор.
— Канӣ, писарам, алиф гӯй-чӣ? — гуфтааст падари бача.
— Алиф! — ҷавоб додааст ӯ.
— Домулло, дуруст талаффуз мекунад-ку? — ба мактабдор муроҷиат намудааст падари бача.
— Ҳа... акнун гап дигар, — гуфтааст мулло, — минбаъд «аниф» нагӯяд-дия, «аниф» гӯяд.
ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ
Шахсе дар хоб бо шайтон мулоқот карда, як тарсакӣ ба рӯи ӯ зад ва ришашро канда гирифта гуфт:
— Эй малъун! Ту душмани мо ҳастӣ ва барои фириб додани мо, одамон, риши дароз мондай!
Чун тарсакии дигар ба рӯи ӯ зад, бедор шуд ва риши худро дар дасти худ дид.
ХУДАТОН ПУРХӮР
Подшоҳ бо Мушфиқӣ хурмо мехӯрд ва донаки он назди Мушфиқӣ мепартофт. Баъди хӯрда тамом кардани хурмо ба Мушфиқӣ гуфт:
— Пурхӯр ҳастӣ, ки дар пеши ту донакҳои хурмо бисёр ҷамъ шудаанд.
Мушфиқӣ ҷавоб дод:
— На, худи ҷаҳонпаноҳ пурхӯр ҳастанд, ки аз иштиҳошон на худи хурмо боқӣ монду на донакаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё