Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Гов мурад ҳам ологии чашмаш каноравад, Хушомадгӯй шал шавад ба сар медавад!
Гул хор дорад, занбӯр асал, Зани раис доим касал.
Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, Завхоз ака арақ нӯшад.
Дар пеши бача ҳалво магӯй, ки ҳалво металабад, Дар пеши ришвахӯр пору магӯй, ки пора металабад.
Ба хонаи норӯфта меҳмон меояд, Ба хонаи тарсончак дузд медарояд.
Беша бе шер нест, дарё бе моҳӣ, Аз таги пештахта ҷӯй, гар донаи хуб мехоҳӣ.
-- Духтар чӣ гуна?
— Модар намуна.
— Шоир чӣ гуна?
— Асар намуна.
Ёрӣ-ёрист, ҳисоб-ҳисоб, Моли ферма надорад ҳисобу китоб.
Ҳама — ҳама дар амал, Мудири колхоз доим беамал.
Он чӣ дар дил аст, ба забон меояд, На ҳар он чӣ дар анбор аст, ба дӯкон меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё