Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҳамширааш Руқия ғамхору ғамгузори бошад, аз ҳасту несташ хабар гирад, то ки арвоҳи ӯ тинҷ бошад».

Дар рӯзи ҳафтуми бо обрӯю иззати том ба хок супурдани Махдум Неъмат Қонтор ба назди Руқия хола омада, бори дигар ҳолпурсӣ кард:

— Хоҳарам, бандагӣ-дия. Дилатонро ин қадар хун накунед. Мурдан қарзи парвардигор аст. Имрӯз не, фардо ин савдо ба сари ҳар кадоми мо меояд. Акнун ба тақдир тан дода, коре кардан даркор, ки арвоҳи Махдум шод шавад.

— Бо гирьяю нола, охир, аламамро паст мекунам-дия. Аз дасти банда дигар чӣ меояд?

— Аз ин зиёдаш фоида надорад, — тасаллӣ дод Неъмат Қонтор.

— Аз мо, дӯстони марҳум, ба гӯши ӯ доду фарёд не, балки дуову фотиҳа мерасад. Ман ҳар субҳу шом ба арвоҳи бародарам Махдум фотиҳа мехонам.

— Худо ба даргоҳаш қабул кунад. Хайрият ҳам шумо будаед.

— Ин қарзи дӯстӣ, хоҳарам, қарзи дӯстӣ.

— Раҳмат ба шумо, — гуфт Руқия хола ва андаке мулоҳиза намуда илова кард: — Ҳозир сарам сих мондагӣ: камтар нақдина доштем, намедонам онро чӣ кор кунам?

— Чӣ қадар?

— Намедонам. Махдум ҷӯраатон дар вақти ҳаёт буданашон аз бистари зиёд гуфта буданд.

— Аз бистари зиёд? — бо ҳаяҷон пурсид Неъмат Қонтор ва худро даст гирифта илова кард: — Канӣ биёред, шумурда бинем.

Руқия хола аз ҷой хеста, аз болои сандуқи дар тахтмон истодагӣ ду-се кӯрпаро гирифту аз мағзи кӯрпаи

пешина
аз 144
навбатӣ