Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Калоне як рӯймоли мисли бӯғча печондашударо бароварда ба пеши Қонтор овард.

— Ана, ҳамааш ҳамин. Як қисмаш ба обу такфин ва омаду рафт сарф шуд.

Қонтор рӯймолро ҳарисона кушода, саросемавор ба шумурдан даромад. Вай аввал садию панҷоҳӣ, баъд биступанҷию даҳсӯмиҳоро тез-тез шумурда, боз гашта ба рӯймол печонд ва нафасаш гашта-гашта:

— Бисту ду ҳазору чорсад! — гуфту хомӯш шуд. Ӯ дигар чизе гуфта натавонист, гӯё ки гиреҳи рӯмолча ба гулӯяш дармонд.

— Мондагиаш ана ҳамин, — такрор намуд Руқия хола. — Акнун маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

— Маслиҳати дӯстона ҳамин, ки — гуфт Қонтор риши тор-тори худро бо ангуштонаш ба як ҷо ғундошта ва бо лабони худ газида, — ин пулро эҳтиёт кардан лозим. Пул чизи даркорист. Бист ҳазор сӯмашро бурда ба амонаткасса монеду боқимондаашро ба рӯзгор сарф кунед.

— Илоҳӣ барака ёбед, ба ман роҳашро нишон диҳед. Охир ман як зани муштипари чашмбаста бошам... Ҳамин рӯзҳо сари калобаамро тамоман гум карда мондаам.

Рӯзи дигар Неъмат Қонтор ва Руқия хола ба амонаткасса рафта, бист ҳазор сӯмро ба номи худи Руқия хола гузоштанд. Кампир нафаси сабук кашида, дар ҳаққи Қонтор дуокунон ба хона баргашт ва дафтарчаи амонаткассаро бо маслиҳати Қонтор пинҳон кард.

Аз байн ду рӯз гузашт. Бевазан бегоҳии ҷумъа барвақттар чароғҳоро даргиронда, хеле вақт машғули кори хона шуд. Соат аз даҳ гузашта буд, ки дар берун ша-

пешина
аз 144
навбатӣ